Ваҳдати миллӣ ҷузъи андешаи миллист

№ 17.11.2015

 13 ноябри соли 2015 бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ҳамчун ҷузъи андешаи миллӣ» баргузор гардид.

Ҷамъомадро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ифтитоҳ карда, зикр намуд, ки баргузории чунин ҳамоиш дар шароити мураккаб шудани фазои сиёсии минтақа ва ҷаҳон, қувват гирифтани неруҳои «ваҳдаткуш», ки ба муҳити дохилии кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон бетаъсир нестанд, муҳим ва саривақтӣ мебошад. Вазъи мавҷуда дар кишварҳои рӯ ба рушд масъалаи ташаккули андешаи миллиро хусусияти ҳатмӣ мебахшад. Таъкид шуд, ки Ваҳдати миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ аст ва таҳкими он вазифаи ҷонии ҳар як аҳли ҷомеа мебошад.

Бо дарназардошти арзиши хоси масъала ва тақдирсоз ба шумор рафтани Ваҳдати миллӣ Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирдро созмон доданд, ки дар он аз ҷониби иштирокчиён масъалаҳои сулҳу субот, андешаи миллӣ, Ваҳдати миллӣ чун ҷузъи андешаи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, ҷойгоҳи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими андешаи миллӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба таҳкими Ваҳдати миллӣ мавриди муҳокима ва арзёбӣ қарор гирифтанд.

Нахуст дар назди ҳозирин директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ- гарави пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистон» ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муҳими рушди андешаи миллӣ дар замони муосир» ба таври муфассал андешаҳояшонро баён доштанд. Дар мизи гирд  раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба одоби вакилон Муродулло Давлатзода иштирок дошт ва дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ва андешаи миллӣ: баъзе масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ» ибрози назар кард.

Суханрониҳои муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар мавзӯи «Ташаккули андешаи миллӣ ва роҳҳои густариши он дар ҷомеаи имрӯза» ва коршиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов дар мавзӯи «Ҷойгоҳи ниҳодҳои шаҳрвандӣ дар таҳкими андешаи миллӣ» низ ҷолиб буданд.

Дар ҷамъомад олимони ҷомеашиноси кишвар, таҳлилгарони варзида, собиқадорони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ ширкат доштанд. Аз ҷониби бархе аз онҳо низ роҷеъ ба Ваҳдати миллӣ ва андешаи миллӣ фикрҳои ҷолибу судманд  баён гардиданд. Байни иштирокчиёни мизи гирд  роҷеъ ба масъалаи мавриди назар муколамаи созанда доир шуд.

Б. КАРИМЗОДА,  «Садои мардум»