Эй забон, эй ганҷи бепоёни мо

Забондонӣ ҳам ҳунар аст

№65 (3859) 26.05.2018

Дар дунё ҳама касбу ҳунар муҳимтар аз якдигаранд. Аслан, касбу ҳунарҳои нодаркор вуҷуд надоранд. Муҳим интихоби дурусти касб дар зиндагист. Касбу ҳунарро на аз рӯи ҳавою ҳавас, балки шавқу завқ, меҳру муҳаббат интихоб намудан лозим аст. Одам дар кадом касбу ҳунаре, ки бошад, агар онро дӯст надорад, маҳсули заҳматаш ҳеҷ аст.

Дар ин миён забондонӣ замони густариши равобит миёни давлатҳои дунё нақши бориз дорад. Дуруст аст, ки дар ҷаҳон забонҳо ниҳоят зиёданд ва омӯзиши ҳамаи он аз доираи имконот берун аст. Шахсони се – чор забонро медониста ангуштшумор ҳастанд. Зеро дар омӯзиши забон  шавқу завқ ва зеҳни қавӣ нақши муҳим мебозад. Забонеро, ки ба он мароқ надошта бошӣ, омӯхтан мушкил аст.

Як нуктаро бояд қайд намуд, ки муқаддамтарин забоне, ки бояд шахс омӯзаду хуб донад, забони модарии ӯст. Бе донистани забони модарӣ, донистани забони дигаре мантиқан дуруст нест. Шахс бо кадом забони хориҷие, ки гап занад, ҳатман андешаю афкораш бо забони модарӣ шакл мегирад. Бо вуҷуди омӯзгори фанни англисӣ будан ҳамчун тоҷик тарғибгари забони тоҷикӣ ҳастам. Ҷонибдори он ҳастам, ки ҷавонон, ки имрӯзҳо қисме дар мамлакатҳои хориҷ ба таҳсилу кор машғуланд, бояд камаш як забони муоширати байналмилалиро донанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон ҳамеша омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва амсоли онҳоро таъкид менамоянд. Омӯхтани забони мардуми дигар маънои паст задани шаъни забони модариро надорад. Баръакс, дар симои шахси фозилу забондон обрӯи миллати тоҷик ва Тоҷикистон боло меравад. Вале ба таври бояду шояд надонистани забони модарӣ беэҳтиромӣ нисбат ба Модар –  Ватан аст. Эҳтиром ба хориҷиёни дар ин ё он мамлакат қарордошта ва забони он давлатро медониста бамаротиб бештар аст. Аз он ки мегӯянд, фалонӣ солҳои зиёд дар Тоҷикистон кору зиндагӣ карда, забони тоҷикиро наомӯхт ва дар Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ гап заданро ба худ эб намебинад.

Донандаи забони хориҷӣ қодир аст, ки таъриху фарҳанги миллиро ба дигарон муаррифӣ намояд. Агар истеъдоди хуби тарҷумониву суханварӣ дошта бошад, метавонад дар таблиғи омӯзиши забони тоҷикӣ барои хориҷиён саҳмгузор бошад.

Омӯзгори фанни забони англисиро пеша қарор додан аз муҳаббати беандоза нисбат ба забони бузурги модарӣ маншаъ мегирад. Бе донистани забони модарӣ гумон буд, ки англисиро балад мешудам. Акнун мақсад гузоштаам, ки ҳар чӣ бештару хубтар ба ҷавонон забони англисиро, ки чун забони муоширати байналмилалӣ дар ҷаҳон пазируфта шудааст, омӯзонам. Бо мақсади сайқали дониши касбӣ худомӯзиро идома дода, аз хазинаи бойи маънавие, ки аз гузаштагон ба мо мерос мондааст, истифода менамоям. Худро хушбахт меҳисобам, агар дар ин ҷода ба миллату Ватанам хизмате карда бошам.

Санавбар ДАВЛАТОВА,

омӯзгори фанни забони

англисии МТМУ № 32, ноҳияи                                                                                         

Синои шаҳри Душанбе