Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст…

№112 (3749) 21.09.2017

Давлати ҳуқуқбунёд будани Тоҷикис­тон меъёри конститутсионӣ аст. Аз ин рӯ, вақте шаҳрвандон ба мушкиле дучор мешаванд, ки ҳалли он бе дахолати мақомоти  марбута номумкин ва ё боиси нофаҳмиҳои дигар мешавад, ҳатман ба суд муроҷиат менамоянд. Мутаассифона, на ҳама вақт ба қарори баровардаи судяҳо розӣ шудан мумкин аст. Хушбахтона, дар давлати демокративу ҳуқуқбунёди Тоҷикистон марҳилаҳои болоии судӣ мавҷуд аст, ки дар сурати розӣ набудан ба онҳо бояд муроҷиат кард. Вагарна бо ҳалномае, ки баъзе судяҳо мебароранд, адолат­ро барқароршуда ҳисобидан аз рӯи инсоф нест. Мо, як гурӯҳ сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, чанде пеш ба мушкиле дучор гардидем, ки баҳси он то додгоҳ кашида шуд.

Дар асоси қарори маҷлиси умумии намояндагони собиқ колхози ба номи Ленини ноҳияи Москва (ҳозира Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ)-и вилояти Хатлон аз 16 феврали соли 1994, таҳти №01 ва қарори Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи деҳоти «Даштигуло»-и ноҳияи Москва аз 18 феврали соли 1994, таҳти № 8 дар ҳудуди колхози мазкур дар масоҳати 1980 метри мураббаъ бозори колхозӣ кушоданд. Чун мо колхозчиёни пешқадами ноҳия ба ҳисоб мерафтем, роҳбарияти хоҷагӣ ва деҳоти «Даштигуло»-и ноҳияи Москва (Ҳамадонӣ) меҳнатамонро қадрдонӣ  ва дар масоҳати гуногун қитъаи замин ҷудо кард. Худи ҳамон сол бинобар вазнин будани шароити зиндагӣ,  ба мо дастур дода шуд, ки дар қитъаҳои замини  мазкур дӯконҳои хусусӣ сохта, ба савдои маҳсулоти ниёзи мардум машғул шавем. Ҳамин тариқ, солҳои 1994-1995 мо аз ҳисоби худамон дӯконҳои хусусии тиҷоратӣ бунёд намудем ва аз ҳамон вақт инҷониб ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошем. Андозҳо ва дигар пардохтҳоро сари вақт ба давлат супорида истодаем.

Мутаассифона, аввалҳои соли 2007 роҳбарияти вақти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Кумитаи идораи замини ноҳия моро огоҳ накарда,  пинҳонӣ қитъаҳои замини зери дӯконҳои тиҷоратиамонро ғайриқонунӣ ба номи шаҳрванд Султоншо Ҳоҷатов ҳуҷҷатгузорӣ намудаанд. Аз  шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия низ лоиҳаи бозорро тарҳрезӣ карда, насанҷида, онро ба мақомот бо далелҳои беасос пешниҳод кардаанд. Бинобар ғайриқонунӣ будани амали мазкур мо ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон муроҷиат намудем ва ҳама далелҳоро зимни мурофиаи судӣ баён кардем. Аз суд хоҳиш намудем, ки масъалаи мазкурро аз тариқи суди сайёр ҷиҳати аниқу дақиқ намудани ҳолати кор дар ҷояш мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Аммо судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон А.Машрабзода дидаву дониста, бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» амал намуда, ғайриқонунӣ бо ҳалномаи судӣ даъвои моро рад кард.

Чун маҷбур будем, аз  болои ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон бо шикояти кассатсионӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем. Хушбахтона, шикояти кассатсионии мо дар Коллегияи марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳайати раисикунанда  З. Аминзода, судяҳо П. Раҷабзода ва Н. Нуриддинӣ, бо котибии А. Қаландаров дар  ҳузури намояндаи ваколатдори мо Рустам Қурбонов мавриди баррасӣ қарор гирифт ва бо сабаби ихтилоф ва норасоии зиёд доштан ҳалномаи  Суди иқтисодии вилояти Хатлон бекор карда, парванда барои баррасӣ дар дигар ҳайат ба ҳамин суд ирсол гардид. Бинобар ин, аз раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода  миннатдорем, ки муроҷиати моро ба инобат гирифта, ба поймол шудани ҳуқуқҳоямон роҳ надод. Боиси дастгирии ҳамаҷониба аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин занони болаёқатро ба вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ таъин намудаанд. Мавлуда Қаландарзода аз зумраи мансабдорони баландпояи мақомоти судие мебошад, ки дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, нисбат ба ҳеҷ як муроҷиат бепарвоӣ зоҳир намекунад. Аз ҷумла, дар як ҳафта ду бор рӯзи қабули шаҳрвандонро ба роҳ мондааст, ки корафтодагонро шахсан қабул карда, дарди дилашонро мешунавад ва барои бартараф кардани мушкилоти онҳо дар доираи қонун амал менамояд. Бо истифода аз рӯзномаи бонуфузи «Садои мадум» ба бонуи адолатпеша Мавлуда Қаландарзода арзи сипос менамоем. Бошад, ки сафи чунин занони болаёқату дилсӯзи халқу Ватан зиёд шавад, то сиёсати инсонпарваронаи Роҳбари давлат беш аз ҳарвақта татбиқ гардад.

 Бо эҳтиром: Мирзоалӣ Дӯстов, Аҳрор Муродов, Соҳибназар Одинаев, Саидшо Муминов, Ҷумъа Носиров, Нурулло Асроров, Абдулмаҷид Сафаров, Мумин Қурбонов — сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ