120 сокини маҳаллаи Рашт бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд

№91 (4196) 28.07.2020

ОБББББДар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар маҳаллаи Рашти шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт боз як иншооти ҳаётан муҳим ба истифода дода шуд.

Сокинони маҳалла бо дастгирии молиявии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода Ҳамро чоҳи амудиро дар муддати кӯтоҳ сохта, ба истифода доданд. Тавре дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома раиси маҳаллаи Рашт Зикрулло Ҳайдаров гуфт, солиёни зиёд сокинони мавзеъ аз норасоии оби нӯшокӣ ва полезӣ ба мушкилот гирифтор буданд. Дар ин қисмати шаҳрак беш аз 120 оила сукунат доранд. Чуқурии чоҳи амудӣ 86 метр буда, барои сохтмони он 220 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Мардуми маҳаллӣ низ дар доираи имконот, дар баробари иштирок, дар корҳои сохтмонӣ маб­лағгузорӣ намуданд.

Дар баробари ба истифода додани чоҳи амудӣ, бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ роҳҳои мошингарди дохили маҳалла тахту ҳамвор ва сангфарш карда шуд. Соли гузашта роҳе, ки маҳалларо ба шоҳроҳ мепайвандад, бо кумаки вазорат дар масофаи зиёдтар аз ду километр мумфарш гардид.

Рӯзи ифтитоҳи иншоот деҳа симои идона дошт. Сокинон аз хурд то калон ҷамъ омада, бо шодиву хурсандӣ омадани меҳмононро мунтазир буданд. Баробари аз мошин фаромадани раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимҷон Муқимӣ ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал — майори милитсия Сафиалло Азизуллозода сокинони маҳалла атрофи онҳоро печонданд. Баъди буридани лентаи рамзӣ раиси ноҳия ба шукронаи корҳои созандагиву ободонӣ дар ҳузури мардум суханронӣ кард.

- Мо бояд, пеш аз ҳама, шук­рона кунем, ки Худованд Пешвои бузургу хирадмандро барои мардуми кишвар насиб гардондааст, — гуфт Раҳимҷон Муқимӣ. — Ҳама ободкорие, ки дар мамлакат сурат мегиранд, маҳз ба туфайли дурандешӣ ва ҳидоятҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат амалӣ мешаванд. Шук­рона кунем, ки дар фазои Тоҷикистони биҳиштосо сулҳу амонӣ ҳукмрон аст ва мардум метавонанд пайи ободии мамлакат ва таъмини зиндагии шоиста софдилона заҳмат кашанд. Дар ноҳия бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муҳими таърихӣ — сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёди 315 иншоот ба нақша гирифта шуд, ки то ҳол 188 адади он ба истифода дода шуд. Дар дигар сохтмонҳо кор бонизом идома дорад ва итминон дорам, ки то рӯзи ҷашн ҳамаи онҳоро ба истифода хоҳем дод. Дар корҳои ободонӣ саҳми соҳибкорони маҳаллӣ хеле назаррас аст. Беш аз 90 фоизи иншоот аз ҷониби онҳо бунёд мегарданд. Дар дараи овозадори Камаров соҳибкоре ба бунёди бинои муассисаи таълимӣ шурӯъ намудааст, ки тибқи лоиҳа чунин бино то ҳанӯз дар минтақа сохта нашудааст. Барои сохтмони он, ки аз ду ошёна иборат хоҳад шуд, шаш миллион сомонӣ масраф мегардад. Ҳамаи ин гувоҳ аст, ки мардум мазмуну мақсади дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро хеле хуб дарк намудаанд ва дар атрофашон муттаҳид гардида, барои амалӣ шудани корҳои хайр дастҷамъона кору зиндагӣ мекунанд.

- Мо ҳамеша дар хизмати халқи азизи кишварамон ҳас­тем, — гуфт генерал — майори милитсия Сафиалло Азизуллозода. — Вазир мехостанд дар ин маърака ширкат варзанд, аммо, бо сабаби банд будан ба корҳои муҳими давлатӣ, омада натавонистанд ва маро вазифадор намуданд, ки саломи ӯро ба шумо расонам ва гӯям, ки кормандони мақомоти милитсия ҳамеша дар паҳлуи шумо хоҳанд буд ва барои амалӣ намудани ҳидоятҳои Пешвои миллат бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби зиндагии ҳар хонаводаи Тоҷикис­тон саҳм хоҳанд гузошт.

- Мо сокинони маҳаллаи Рашт ғамхории Рамазон Раҳимзодаро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард, — гуфт раиси маҳалла Зикрулло Ҳайдаров. — Ҳикмати халқ аст, ки «Ташнаро об додан он қадар савоби бузург дорад, ки баробари сад гушнаро нон додан аст». Ногуфта намонад, ки ин марди бузург, ки дар мактаби Пешвои миллат обутоб ёфтааст, байни сокинони ноҳияи мо обрӯ ва эътибори зиёд­ро соҳиб аст. Ӯ аз ҷумлаи онҳоест, ки дар бадали ҷонбозиҳо соли 2010 барои оромии вазъи минтақа хизмати арзанда кардааст.

Дар охир чанд нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии маҳалла доир ба мавзӯи об ва Даҳсолаи байналмилалии «Об-барои ҳаёт» шеърхонӣ карданд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»