32160 сомонӣ ҷарима барои истифодаи ғайриқонунии замин

№9 (3803) 23.01.2018

Зимни гузаронидани санҷиш нозирони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рашт 53 ҳолати қонуншикании марбут ба истифодаи ғайримақсадноки заминро ошкор намуданд.

Бино ба иттилои Неъмат Ҳусейнов — раиси Кумитаи идораи замини ноҳия, нисбат ба шаҳрвандоне, ки дар истифодаи ғайриқонунии замин даст доштанд, санаду протокол тартиб дода шуд ва онҳо ба маблағи 32160 сомонӣ ҷарима гардиданд.
Ин дар ҳолест, ки ба қавли масъулон, дар ноҳия оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин, холӣ намондани заминҳои киштбоб, зиёд намудани майдони кишт, пешгирии ҳолатҳои ғасби худсарона тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардидааст. Аз ҷумла, бо мақсади ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, барқарор намудани заминҳои корам, ки солҳои зиёд бо сабаби сар задани офатҳои табиӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд, ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт нақшаи чорабиниҳо пешниҳод шудааст.

- Ба назар мерасад, ки қисмати зиёди мардум аз қонунҳои амалкунандаи кишвар хуб огоҳӣ надоранд. Аз ин хотир, ба нақша гирифта шудааст, ки кормандони Кумитаи идораи замин бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилоту муассисаҳо бо мақсади пешгирии ҳолатҳои қонуншикании марбут ба истифодаи замин дар чойхона — фароғатгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намоянд, — гуфт Неъмат Ҳусейнов.

 Диловари МИРЗО, «Садои мардум»