Нигаронӣ

Биноҳо таъмирталабу компютерҳо корношояманд

№72 (4022) 22.06.2019

КомпТавре мудири шуъбаи маориф дар минтақаи Кӯлоб Ҷамолиддин Шукурзода иттилоъ дод, айни замон дар минтақа 590 муассисаи таълимӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 261 ҳазору 922 хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, 126 ҳазору 499 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. Илова бар ин, 44 муассисаи томактабӣ ва 378 маркази инкишофи кӯдак амал мекунад, ки дар онҳо14 ҳазору 871 кӯдак таълиму тарбия мегирад. Ин дар ҳолест ки баъзе аз биноҳои муассисоти томактабӣ дар минтақа дар ҳолати на чандон хуб қарор доранд.

Масъалаи дигаре, ки боиси нигаронӣ аст, норасоии кадрҳои ихтисос­манд дар мактабҳои  дурдасти минтақа мебошад. Ба гуфти Ҷ. Шукурзода, бештари донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баъди хатми донишгоҳ ба деҳоти дурдаст намеоянд. Бинобар ин, мактабҳо, аз ҷумла, дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Ховалинг, Балҷувон, Муъминобод аз норасоии омӯзгорони фанҳои риёзӣ, физика, англисӣ, русӣ танқисӣ мекашанд.

Тибқи иттилои манбаъ, феълан дар минтақаи Кӯлоб 140 муассисаи таълимӣ ба таъмир ниёз дорад.

- Масъалаи дигаре, ки омӯзгоронро нигарон кардааст, норасоии компютерҳо мебошад. Дар бештари мактабҳо компютер умуман дида намешавад. Хонандагон ба одитарин саволҳои технологияи информатсионӣ ҷавоб гуфта наметавонанд. Айни замон дар минтақаи Кӯлоб 3 ҳазор компютер корношоям буда, ба таъмир ниёз дорад, — афзуд мудири шуъбаи маориф.

Масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳиро лозим аст, ки якҷо бо кормандони шуъбаҳои маориф ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Исломи РАҶАБАЛӢрӯзноманигор