Таассуроти сафар

Хумори васл дорад ҳар кӣ аз хоки ватан дур аст…

№151 (4101) 17.12.2019

Ё чанд андешаю пешниҳод оид ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия

ИНТИХОБ — «ТОҶИК ЭЙР»

 d37651cf788e14dd5b0a0608242485f4Ҳар сол қисме аз ҳамватанон бо мақсади дарёфти ризқу рӯзӣ ба Федератсияи Россия мераванд (Тибқи маълумоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар нуҳ моҳи соли равон 401460 нафар шаҳрванди мамлакат ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд). Бо мақсади огаҳии бештар пайдо кардан аз вазъи кор ва шароити зисти онҳо хостем тавассути ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик-эйр» ба ин кишвари паҳновар сафар намоем.

Вақте ки дохили тайёраи «Боинг 767-300» гардидем, тозагии толори он, муносибати хуби кормандон, кушодии роҳраву бароҳат будани курсиҳоро дида, хурсанд шудем, ки дар интихоб хато накардаем. Муовини директори генералии Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» Азизмамад Қурбонов изҳор намуд, ки роҳбарияти муассиса баҳри ворид кардани тайёраҳои нав кӯшиши зиёд ба харҷ дода, мушкилиҳо оҳиста — оҳиста паси сар шуда, вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Он рӯз дур нест, ки хатсайрҳои наву серталабот кушода шуда, сафи муштариён меафзояд.

 АЗ МОСТ, КИ БАР МОСТ

 Аксар мусофиронро дар тайёра ҷавонон ташкил медоданд ва бештари онҳо риши расида ва либоси варзишӣ ба тан доштанд. Аз рафтору гуфтори бисёре аз онҳо ба хулоса омадем, ки бинобар аҳамият надодан ба зоҳир хоҳу нохоҳ ба дасти нозирони тартибот меафтанд. Чунки либоси номувофиқ, надонистани одобу фарҳанги шаҳрдорӣ таваҷҷуҳи кормандони пулисро зуд ҷалб мекунад. Бе ин ҳам баъзан дар расонаҳои хабарӣ мехонем, ки пулиси ин ё он шаҳри Федератсияи Россия ҳамватанони моро бештар боздошт мекунанд.

Яке аз шартҳо барои ҳар як мусофир он аст, ки бояд забони мардуми он ҷоеро, ки меравад, бидонад. Аммо як қисми ҳамсафарон ба саволҳои одии кормандони назорати сарҳадии Фурудгоҳи байналмилалии «Домодедово»-и шаҳри Москва ҷавоб дода наметавонистанд. Ҳол он ки дар ноомади кор ба пурсиши кормандони мақомоти сарҳадӣ дуруст ҷавоб надодан метавонад боиси «мамнуъулвуруд» («депортатсия») шудан гардад.

Рафтору гуфтор ва ноогоҳии бархе аз ҷавононро дида, мақоли машҳури «аз мост, ки бар мост» ба ёдамон омад ва боварӣ ҳосил кардем, ки баъзе аз мушкилиҳое, ки ҳамватанон бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, дар бисёр ҳолат бо айби худи онҳо ба миён меоянд.

 «ГАРМИИ ТОҶИКИСТОНРО ОВАРДЕД»

 Баробари расидан ба шаҳри Москва моро муовини роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Саид Боев бо чеҳраи боз пешвоз гирифт ва баъди ҳолпурсӣ лутфомез гуфт, ки «Гармии Тоҷикистонро бо худ овардед». Ба гуфтаи ӯ, ҳар сол моҳи октябр дар шаҳри Москва бе либоси ғафс гаштан имкон надорад. Аммо, бинобар гарм омадани тирамоҳи соли равон, бо костюм ҳам дар пойтахти Россия гаштан мумкин будааст.

Саид Боев мутахассиси ботаҷриба буда, аз мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ огоҳ аст. Инро тӯли чанд рӯзе, ки бо ӯ ҳамкорӣ кардем, пай бурдем. Муҳоҷирони меҳнатӣ низ аз дигарон дида, бештар ба ӯ занг зада, дар бобати мушкилии ба сарашон омада маслиҳат мепурсанд. Ӯ нисфи шаб аст ё рӯз, илоҷе карда, чораи раҳоӣ аз душвориҳоро ба онҳо баён мекунад.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба меҳнат дар кӯчаи Тверская — Ямскаяи шаҳри Москва, хонаи 40/3 воқеъ гардидаст. Ҳар рӯз ба он ҷо бештар онҳое, ки ба мушкилӣ дучор мешаванд, муроҷиат мекунанд. Дар нуҳ моҳи соли равон ба дафтари кории он дар шаҳри Москва ва ҳавзаҳои Федаратсияи Россия 32875 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1418 адад зиёд мебошад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки эътимоди муҳоҷирони меҳнатӣ афзудааст.

- Ҳамватанон бештар бо кадом масъалаҳо ба шумо муроҷиат мекунанд? — мепурсем аз Саид Боев.

- Аксар вақт барои гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ, ёрӣ расонидан барои рӯёнидани музди меҳнати пардохтнашудаашон, ҷус­туҷӯи бедаракшудагон ва кумак баҳри ба Ватан интиқол додани фавтидагон, — ҷавоб медиҳад ӯ.

Ҳангоме ки мо дар он ҷо будем, шоҳиди ҳол гаштем, ки муҳоҷирони меҳнатӣ Далер Назаров аз ноҳияи Ҳамадонӣ, Рустам Шоҳмуродзода аз шаҳри Душанбе ва Исмоил Иброҳимов аз ноҳияи Рашт барои кумаки ҳуқуқӣ ва ёрӣ расондан дар пардохти музди меҳнаташон муроҷиат намуданд. Масъулон арзу шикояти онҳоро бо гирифтани нусхаи шиносномаҳояшон дар китоби қайдҳо сабт намуда, аз пайи чораандешӣ шуданд.

 ҲАМРОҲИ ҶАМОАТ БОШ!

 Ба қавле, сокинону меҳмонони шаҳри Москва одоби шаҳрнишиниро бад риоя намекунанд. Масалан, ҳангоми вуруд ба даромадгоҳи хонаю коргоҳ ва ё фурӯшгоҳҳо аввал салом дода, баъд мақсад баён менамоянд ва ё чизе мепурсанд. Ё ин ки ҳангоми гаштугузор дар кӯчаву хиёбон ором суҳбат менамоянд, ки ба атрофиён халал нарасонанд. Мутаассифона, баъзе аз ҳамватанон одоби шаҳрнишиниро риоя накарда, бефарҳангиашонро ошкор месозанд. Рӯзе аз дур ҷавонеро дидем, ки дастакзанон бо телефон баланд-баланд гап зада, меомад. Шӯхиомез гуфтем, ки «ӯ ҳамватани мост». Мутаассифона, дар тахмин хато накардем.

Дар ҳама ҷо роиҷ аст, ки бояд қоидаи будубоши кишвари мизбонро риоя намуд, аммо бархе аз ҳамватанонро мушоҳида кардем, ки ба сабзшавии чароғаки роҳнамо интизор нашуда, роҳро убур карданӣ мешаванду баъзеҳо саросема аз миёни роҳи мошингард (на аз ҷои муайяншуда) мегузаранд. Ва баҳои ин бефарҳангии онҳоро мардуми таҳҷоӣ ва дигарон ба миллат медиҳанд. Гузашта аз ин, бо ин рафторашон ҳаёти худу дигаронро низ зери хатар мегузоранд.

Хушбахтона, ҳолатҳое ҳам буданд, ки боиси ифтихорамон гардид. Бахусус, дар шаҳри Москва якчанд ошхонаи номҳояшон тоҷикӣ, ба монанди «Роҳат», «Дидор» ва «Зарафшон»-ро дучор омадем, ки бо сифати аълои таом ва хизматрасонии хуб мизоҷи зиёд доранд. Махсусан, силсилаи чойхонаҳои «Айва» (биҳӣ), ки муассисаш тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистону кормандонаш аз Тоҷикистонанд, хеле шуҳрат пайдо кардааст. Мо низ чанд маротиба аз хизматрасонии онҳо истифода бурда, ҳамчунин, аз дидани намояндагони миллатҳои гуногун, ки шефтаи ғизоҳои лазизи тоҷикӣ гаштаанд, шод шудем.

Сокини шаҳри Санкт-Петербург, номзади илмҳои этнолингвистикӣ Саркор Саркоров иброз дошт, ки шумораи тоҷикони муваффақ аз ҳисоби олимону табибон, тарҷумонҳои забони арабӣ, муҳандисон ва тоҷирон низ сол то сол дар Федератсияи Россия зиёд мегардад.

- Масалан, дар Маркази тиҷоратии «Мандарин» нуқтаи тиббие мавҷуд аст, ки сарварии онро Моҳистон Баҳодурова аз ноҳияи Рӯдакӣ ба уҳда дорад. Дар он ҷо ба корафтодагон хизмати аввалияи тиббӣ расонида мешавад. Муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин нуқтаи тиббӣ бо нархи нисбатан арзон муолиҷа мегиранд, — афзуд ӯ.

Ҳамватани дигарамон, номзади илмҳои тиб, духтури дараҷаи олӣ Ҳасан Раҳмонов дар шаҳри Москва сарвари ду клиникаи шахсӣ мебошад. Дар шаҳри Уфа Моҳлиқо Қодироваю Раҳматулло Маҳмадов ва дар шаҳри Санкт-Петербург Ҷамшед Аминов барин табибон обрӯю эътибори баланд доранд. Умуман, дар Федератсияи Россия талабот ба мутахассисони соҳаи тиб зиёд аст. Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустии Федератсияи Россия соли 2018 дар 54 минтақаи кишвар, аз ҷумла, дар Бурятия 59 дарсад, вилоятҳои Новосибирск — 58, Томск — 18, Кемерово — 17,3 ва Ёқутистон 17,2 фоиз теъдоди табибон кам гардидааст.

 «ШАҒОЛ»-ҲО МАНФИАТИ МИЛЛАТРО ЗЕРИ ПО МЕКУНАНД

 Ҳангоми суҳбат бо муҳоҷирони меҳнатӣ, вақте ки дар бораи проблемаҳои кору ҳаёташон пурсон мешудем, аксарият гуфтанд, ки мушкили асосиро барояшон «шағол»-ҳо эҷод мекунанд. Онҳо «шағол» гуфта, ҳамватанони хиёнаткорро дар назар доштанд, ки соҳибкорони муваффақи тоҷикро ғорат карда, аробакашу борфароронро «андоз» мебанданд ва бо дуздӣ тоҷирони бозорҳоро муфлис месозанд. Дар маҷмӯъ, манфиати миллатро зери по мекунанд. Онҳо на динро риоя мекунанду на манфиати миллиро ҳимоя. Ҳарчанд дар ислом зарар расонидан ба ҷон, мол ва обрӯи муъмин гуноҳи кабира шумурда шавад ҳам, аммо зиндагии «шағол»-ҳо аз ҳисоби ҳар гуна амалҳои баду нопок аст.

Дар шаҳри Уфа нақл карданд, ки се сол пеш шахсияти яке аз «шағол»-ҳо фош шудааст. Ӯ соли зиёд суроғаи тоҷирони муваффақи тоҷикро ба гурӯҳи ҷинояткорони қафқозитабор муайян карда, аз ҳисоби ғорати ҳамватанон кайфу сафо мекардааст. «Офтобро бо доман пӯшида намешавад» гуфтагӣ барин як гурӯҳ ҷавонмардон аз ҳама минтақаи кишвар муттаҳид шуда, хиёнати «шағол»-ро ошкор кардаанду ӯ роҳи фирорро пеш гирифтааст. Мутаассифона, дар натиҷаи хиёнати ӯ 18 ҷавони тоҷик қурбон ва чанд тани дигар маҷруҳ гардиданд.

Қисми дигари «шағол»-ҳо ба мақомоти пулиси маҳаллӣ дар бораи тоҷирону муҳоҷирони меҳнатии фаъол маълумот дода, онҳоро дар ҳолати ногувор мемонанд ва баъди муддате худро «ғамхор» вонамуд карда, тавассути миёнаравӣ ва боз бо гирифтани музд мушкили онҳоро гӯё ҳал мекунанд.

Амали нангини дигари «шағол»-ҳо зарбу лат намудан ва ҳатто ба қатл расонидани ҳамватанон аст. То кунун ҷинояткороне ба даст афтодаанд, ки бар ивази 20000 рубли русӣ ҳамватанонро куштаанд. Барои мисол, соли равон дар натиҷаи муноқишаи ҳамдигарӣ Садриддин Қутбиддинови 27-сола дар шаҳри Қазон ба ҳалокат расид. Бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федаратсияи Россия оид ба муҳоҷират, дар ҳамкорӣ бо раиси диаспораи «Автономияи миллии тоҷикони Тотористон» Ҳикматулло Гадоев ҷасади ӯ ба ватан фиристода шуд.

Алиҷон Саидзодаи 27-сола низ бар асари латукӯби «шағол»-ҳо ба ҳалокат расида, ҷасадаш бо кумаки роҳбари Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Рязан Ҳасан Шамсиев ба ватан интиқол ёфт…

Ин рӯйхатро метавон ба дарозо кашид, вале бо ҳамин иктифо мекунем. Аммо набояд хиёнаткориву ғорату куштор ва дигар ҳодисаҳои нохуше, ки дар ҳаёти ҳамватанон рух медиҳанд, мақомоти қудратии кишварро бетараф гузорад.

 ИСТИФОДАИ КОРТ ФАРСУДАШАВИИ ПУЛРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАД

 Тӯли се ҳафтае, ки дар Федаратсияи Россия қарор доштем, мушоҳида гардид, ки дар ҳама шаҳру вилоят ва ноҳияҳои он муомилоти ғайринақдӣ роиҷ аст. Чунки таҷрибаҳо собит намудаанд, ки истифодаи корт фарсудашавии пулро пешгирӣ менамояд. Баъзе аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик низ ҳатто даҳҳо намуд корти электронӣ доранд. Зеро гирифтани онҳо ҳангоми харид ба истифодабарандагон имтиёз медиҳад. Масалан, агар касе корти шабакаи мағозаи «Перекрёсток»-ро дошта бошад, ҳангоми харид тавассути он баъзе аз маҳсулотро то 30 дарсад арзон гирифта метавонад. Барои касоне, ки фурсати кӯтоҳ доранду шитоб, истифодаи «кэшбэк» (cash back) қулай аст, аз ин рӯ, баҳри баҳравар шудан аз хизматрасонии арзон корти махсуси онро харида, маблағи муайян мегузаронанд ва аз истифодаи ҳардафъаина то 10 дарсад маблағ дубора ба хазинаашон бармегардад.

Инчунин, касоне, ки пулро сарфа карданианд, метавонанд аз таксиҳои беронанда, ки дар истгоҳҳо монда шудаанд, истифода баранд. Яъне, кортро ба он гузошта, ба мавзеи дилхоҳ метавонанд раванду боз кортро гирифта, мошинро дар канори роҳ гузоранд. Боре Хуршед Саидаҳмадов ном дӯстамон моро бо чунин таксӣ дар муддати кӯтоҳ аз маркази шаҳри Москва ба ҷониби метрои «Жулебино» бурд.

Чизи дигаре, ки дар Федератсияи Россия арзону дастрас аст, истифодаи телефону интернет мебошад. Ҳангоми ба пойтахти ин кишвар рафтан дар фурудгоҳ ба ҳар кадоме аз мо се симкорти ройгон аз ширкатҳои гуногуни мобилӣ доданд, ки бо интиқол додани 200 рубл метавон аз онҳо истифода бурд. Интернеташ арзон, суръаташ баланд ва дар ҳама ҷо дастрас.

 БАЪД АЗ БАСТАНИ NGN  МАБЛАҒАМОН БА ШИРКАТҲОИ  ХОРИҶӢ МЕРАВАД

 Аммо бисёре аз ҳамватанон, ки бо онҳо суҳбат доштем, аз Хадамоти алоқаи кишвар дар бораи бастани NGN шикоят карда, гуфтанд, ки аз ин сабаб акнун маблағи зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ на ба ширкатҳои мобилии ватанӣ, балки ба ширкатҳои мобилии дигар кишварҳо рафта истодааст. Яъне, аз ин «иқдом» ширкатҳои мобилии ватанӣ зиён диданду воридшавии андоз ҳам ба буҷет кам гардид.Чунки онҳо акнун аз шабакаҳои телефонию интернетии хориҷӣ истифода мебаранд.

Аз рӯи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон низ дар нуҳ моҳи соли равон даромади операторони соҳаи алоқаи мамлакат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 миллион сомонӣ (муодили 3,6 миллион доллари амрикоӣ) кам шудааст. Ва соли чорум аст, ки ин нишондиҳанда рӯ ба камшавӣ дорад. Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ бошад, соҳаи алоқаи кишвар аз лиҳози рейтинги рақобатпазирӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои охирро ишғол менамояд.

Дарвоқеъ, тибқи қонуни бозор, агар мизоҷро аз ноуҳдабароӣ аз даст диҳӣ, дигарбора онро ҷалб кардан мушкил мешавад.

 БА ҶОИ ОХИРСУХАН

 Ба қавли шоир:

Хумори васл дорад ҳар кӣ аз хоки Ватан дур аст,

Зи дуриҳои дури дур Ватан рахшанда чун нур аст.

Воқеан ҳам, аснои суҳбату вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ба хулоса омадем, ки мусофират дар бисёр маврид меҳри Ватанро дар дили инсон бештар мекунад. Зеро ҳарчанд кишварамон аз лиҳози иқтисодӣ ба дараҷаи давлатҳои пешрафта нарасида бошад ҳам, аз лиҳози тинҷию оромӣ, иқлими муътадилу начандон сард, арзонии маҳсулот ва меҳру муҳаббату қавмдорӣ нисбат ба бисёр мамлакатҳо бартарӣ дорад. Бо андаке кӯшишу ғайрат ва меҳнати ҳалол метавон аробаи зиндагиро кашид. Ободиҳое, ки рӯз то рӯз дар шаҳру навоҳӣ анҷом меёбанд, моро ба ояндаи нек дилгармтар мекунанд. Танҳо лозим аст, ки баҳри баланд бардоштани донишу малака ва соҳибҳунар гаштани нас­ли наврас кӯшиши бештар намоем. Зеро соҳибҳунар дар ҳеҷ куҷо хор намешавад.

Дар хотима, барои фаъолияти пурсамари муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия чанд пешниҳод дорем:

1. Хуб мешуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар маҳали зист ба омӯзишгоҳу литсейҳои касбӣ-техникӣ ва ё курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунаромӯзӣ ҷалб шаванд. Зеро касбҳои челонгарию барқчӣ, харротӣ, устои таъмири таҷҳизоти барқӣ, ошпаз, нонвой дар Федератсияи Россия талабгори зиёд доранд.

2. Курсҳои омӯзиши забони русиро, дар баробари муассисаҳои таълимӣ, дар ҷамоату маҳаллаҳо ба роҳ бояд монд.

3. Ба муҳоҷирони меҳнатӣ қоидаҳои будубош, одоби муошират ва тарзи бастани шартномаи меҳнатиро дар марказҳои шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо дуруст фаҳмонидан лозим аст.

4. Барои эҳёи деҳаҳои холишудаи Федератсияи Россия бо мақомоти ин кишвар созишнома имзо намуда, муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба кор ҷалб бояд кард. Дар ин сурат ҳам истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Федератсияи Россия меафзояду ҳам интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Ватан бештар мешавад.

Самариддин АСОЗОДА, Сайфиддин СУННАТӢ, Душанбе — Москва — Брянск - Уфа — Душанбе,

«Садои мардум»