Ба мо муроҷиат мекунанд

Боғ мехушкад, мактаб бунёд нашуд

№27 (4133) 29.02.2020

Мардуми Тоҷикистон ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинад. Ба истиқболи ин санаи бошукӯҳ аксар ба ободонӣ, созандагӣ, тозаю обод ва гулзор кардани кӯча ва маҳалҳои зист машғуланд. Мо раисони маҳаллаҳо низ, ки дар фаъолияти рӯзмарра бо мардум сарукор дорем, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати созанда ва ободкоронаи Пешвои миллат талош меварзем.

Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Яъне, ба вуҷуд овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як инсонро давлат кафолат медиҳад. Пас, барои ба вуҷуд овардани чунин шароит шахсони мансабдори давлатӣ бояд софдилона вазифа иҷро намоянд. Дар акси ҳол ин меъёрҳо дар рӯйи коғаз мемонанд.

Ман ҳамчун раиси маҳаллаи Инқилоби деҳоти «Унҷӣ»-и ноҳияи Б. Ғафуров, бо вуҷуди он ки синну солам ба ҷое расидааст, ҳамеша  паи ободӣ мекӯшам. Мехоҳам, ҳар як сокини он шароити арзандаи зиндагӣ дошта бошад.

Натиҷаи ҳамин кӯшишҳо буд, ки қариб 9 км роҳи кӯчаҳои маҳалла мумфарш ва сокинон бо оби нӯшокӣ пурра таъмин карда шуданд. Трансформаторҳои барқии пуршиддат насб шуда, кӯчаҳо чароғон гардиданд.

То ҳол дар деҳоти «Унҷӣ», ки зиёда аз 30000 нафар истиқомат доранд, минтақаи истироҳатӣ мавҷуд набуд. Дар натиҷаи муроҷиат ва талошҳои фаъолони маҳалла барои кушодани боғи истироҳатӣ дар маркази деҳот, дар шафати мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 14, ки онро муҳтарам Пешвои миллат ба истифода дода буданд, 0,38 га замин ҷудо намуданд.

Боғи истироҳатӣ 7 сентябри соли 2018 бо иштироки раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мавриди истифода қарор гирифт. Вале хурсандии мардум дер давом накард. Баъди қариб як соли кушода шудани боғи истироҳатӣ он ба харобазор табдил ёфт. Алафҳои боғ ва қисме аз ниҳолҳо хушкиданд. Ягона чизе, ки бегоҳ мардум ба тамошои он мебароянд, фаввора аст, ки хушбахтона, нахушкид.

Бо сабаби набудани ҷои истироҳат ҳар бегоҳ ба боғ 500-600 нафар  меоянд.

Овозаҳо мавҷуданд, ки гурӯҳе замини боғро бо дигар мақсадҳо истифода бурдан мехоҳад. Нисбат ба тақдири боғ мақомоти маҳаллӣ ва Ҷамъияти саҳомии ба номи С. Ӯрунхӯҷаев бетарафӣ зоҳир мекунанд. Ҳол он ки ҳисси ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ аз иҷрои ҳамин гуна корҳо сарчашма мегирад. Вале суханони баъзе аз мансабдорон, ки дар минбар мегӯянд, бо рафторашон мувофиқат  намекунад. Ман оид ба тавозуни шуъбаи маданияти ноҳияи Б. Ғафуров гузаронидани боғи истироҳатии деҳоти «Унҷӣ» се маротиба ба раиси ноҳия Зариф Нозирӣ муроҷиат намудам. Номбурда шахсони масъулро даъват карда, супориш дод, ки масъаларо пайгирӣ ва дар муддати кӯтоҳтарин ҳал намоянд. Мутаассифона, пешравӣ дида нашуд. Яъне, аз тарафи раиси ноҳия супориш дода шуда бошад ҳам, механизми назорат аз болои иҷрои он мавҷуд набуд. Дар натиҷа, супориш дар ҳаво муаллақ монд.

Пас аз он ки аз тарафи раиси ноҳия масъала роҳи ҳал пайдо накард, ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиат кардем. Ӯ изҳор дошт, ки дар ин масъала кумак мерасонад. Р. Аҳмадзода низ ба шахсони масъул супориш дод, вале иҷрои онро зери назорат нагирифт. Дар натиҷа, масъала боз роҳи ҳал пайдо нанамуд.

Ҳоло ягона талабу хоҳиш ин аст, ки боғи истироҳатӣ ба тавозуни ягон корхона ё муассиса дода, барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он чораҳои мушаххас андешида шавад.

Соли 2017 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 бо иштироки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта, дар он зиёда аз 2000 хонанда ба таҳсил ҷалб шуданд. Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки бо сабаби зиёд будани теъдоди хонандагон рӯзҳои наздик боз як мактаб, ҳамчунин, боғчаи бачагона бунёд мешавад. Барои бунёди ин иншооти ҳаётан муҳим мақомоти маҳаллӣ супориш гирифтанд, аммо, афсӯс… Аз байн ду сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то ҳол на мактаб ва на боғчаи бачагона бунёд нагардид. Ин гуна муносибати шахсони мансабдори мақомоти маҳаллиро нисбат ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна  метавон маънидод кард?

Абдураҳмон ҲАЛИМОВ, раиси маҳаллаи Инқилоби Ҷамоати деҳоти «Унҷӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров