Ҳабибулло Раҷабов: «Нахустин рӯзномаи форсӣ асри XIX бо номи «Ҷоми ҷаҳоннамо» дар Ҳиндустон нашр шудааст»

№126 (3920) 18.10.2018

U19A9935Чанде пеш Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд зимни сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар Маркази фарҳангии Ҳиндустон бо намояндагони илму фарҳанги кишвар мулоқот карда, саҳми олими шинохтаи тоҷик, дорандаи ҷоизаи «Падма Шри», («Ордени нилуфар») профессор Ҳабибулло Раҷабовро дар соҳаи маориф ва адабиёт махсус қайд намуд. Ин бесабаб нест. Зеро доктори илмҳои филология Ҳабибулло Раҷабов дар радифи 30 нафар ҳиндушиносони шинохтаи ҷаҳон қарор дорад.  Хабарнигорамон бо ӯ, ки солҳои зиёд сарварии Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустонро низ ба уҳда дорад, мусоҳиб шуд.

- Шумо аз Осиёи Марказӣ нахустин шахсе ҳастед, ки бо мукофоти давлатии Ҳиндустон «Падма Шри» мушарраф гардидед. Мехостем суҳбатро аз ҳамин оғоз намоем…

- Ҷоизаи «Падма Шри» яке аз чор мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ҳиндустон буда, соли 1954 таъсис ёфтааст. Он ҳар сол ба шахсиятҳои  намоёни  соҳаҳои илму санъат, иҷтимоӣ, тиб, адабиёт, маориф, тиҷорату саноат ва варзиш супорида мешавад. Масалан, ситораҳои синамои Ҳиндустон Амитабҳ Баччан, Шоҳрух Хон, Шри Деви ва Шаҳбону Азмӣ дар бахши санъат сазовори ин ҷоиза гаштаанд. Аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ то ин дам 5 нафар — М. Бондаревский, Т.Елизаренкова, Р.Рибаков, М. Салганик ва Г.Печников онро ноил гашта буданд.

Моҳи январи соли равон бо фармони Президенти Ҳиндустон чанд нафар сазовори ҷоизаи мазкур гардиданд, ки  миёни онҳо ман низ (дар бахши маориф ва адабиёт) будам.

Моҳи март ба номи ман аз Ҳиндустон даъватнома омад. Дар Қасри Президенти Ҳиндустон Сарвазир, вазирон, арбобони намоёни давлатӣ ва олимони маъруфи Японияву Индонезия ва дигар кишварҳо ширкат доштанд. Рам Натҳ Ковинд ҷоизаро ба мо тақдим карду ба забони ҳиндӣ барои қадрдонӣ арзи сипос намуда, гуфтам: «Ман аз кишваре ба ин сарзамини  паҳновар омадам, ки мардумаш ба Ҳиндустону халқи он меҳру  муҳаббати хоса доранд».

- Дар замони шӯравӣ аксар довталабоне, ки майли шарқшинос шуданро доштанд, забони форсӣ ё арабиро интихоб мекарданд. Сабаб чӣ буд, ки шумо забони ҳиндиро интихоб кардед?

- Моҳи августи соли 1962 ман чор  имтиҳонро ба шуъбаи арабии собиқ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) бомуваффақият супорида, интизори натиҷаи озмун будам. Вақте маро ба комиссияи имтиҳонот даъват карданд, раиси он бе ягон  пешгуфтор маро табрик намуда гуфт: «Шуморо барои таҳсил ба шуъбаи забони ҳиндии Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳоло Санкт – Петербург) мефиристем. Пагоҳ соати 10 дар қабулгоҳи ректори донишгоҳ ҳозир шавед».

Аз ин хабар ҳам хушҳол шудаму ҳам ғамгин. Зеро ҳангоми дар мактаби миёна хонданам орзу доштам, ки дар яке аз донишгоҳҳои Москва ё Ленинград таҳсил  намоям, вале дар  оила касе  набуд, ки зимни таҳсил дар ин шаҳрҳои дурдаст ба ман ёрӣ расонад. Дар якмоҳагиам падарам фавтида буданд. Яке аз бародарони калониам соли 1960 ба таври фоҷиавӣ аз олам чашм пӯшид. Ягона бародари боқимондаам бояд  ғами худу фарзандон, ману модарам ва аҳли оилаи бародари  раҳматиамро мехӯрд…

Аз ин рӯ, фардои он рӯз ба ректори донишгоҳ Солеҳ Раҷабов гуфтам, ки бинобар надоштани сарпараст ба Ленинград рафта наметавонам. Он кас меҳрубонона гуфтанд: — «Солҳои наздик мо дар ДДТ кушодани шуъбаи забони ҳиндиро ба нақша гирифтем. Биноан, қарор додем, ки мутахассисони ин соҳаро аз намояндагони Тоҷикистон тайёр намоем. Ба шумо  донишгоҳи мо, Вазорати маорифи Тоҷикис­тон ва намояндагии доимии Тоҷикистон дар Москва ҳатман ёрӣ мерасонанд».

Баъди се рӯз чор нафар бо хатсайри Душанбе- Москва ба пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ рафтем. Моро Бобоҷон Ғафуров, ки он вақт директори Институти  шарқшиносии Академияи фанҳои ИҶШС буданд, истиқбол намуда, ба хонаи худ бурданд. Баъди аз наздик шинос шудан шояд бо сабаби аз ҳама хурдсол ва аз деҳа будану сарпараст надоштан ба ман  бештар таваҷҷуҳ намуданд. Сипас, меҳмондорӣ ва моро дар меҳмонхонаи «Будапешт» ҷои дода, маблағро пардохт карданд. Ҳангоми ба хонаашон баргаштан ба ман  падарона насиҳат карданд, ки  агар ягон мушкилӣ пеш ояд, ҳатман ба он кас муроҷиат намоям. Муаррифномаашонро, ки дар он унвон, вазифа, ҷой истиқомат ва шумораи телефонҳои ҷои кору истиқоматиаш бо забонҳои русию англисӣ буд, ба ман дода гуфтанд: «Писарам, мебинам, ки  аз роҳи дур  омадаӣ. Дар пеш мушкилиҳо зиёданд, вале бояд тоқат намуда, бисёр меҳнат кунӣ, то ки мисли баъзеҳо пас аз як ё ду сол аз хондан даст накашӣ… Боварӣ дорам, ки агар  шумо ҷиддӣ ба омӯхтани забону адабиёт, маданият ва таърихи Ҳиндустон машғул шавед, баъди якчанд сол ин сарзамини афсонавӣ якумра бароятон чун ватани дуюм хоҳад шуд…».

- Нахустин сафаратон ба Ҳиндустон кай сурат гирифт?

- Бори аввал, ҳангоми дар  аспирантура таҳсил карданам, соли 1970 ба Ҳиндустон рафта будам. Дар замони шӯравӣ берун аз мамлакат сафар кардан бахти бузург буду на ба ҳама муяссар мешуд. Он давра тамошои филмҳои  ҳиндӣ шавқи маро ба дидани Ҳиндустон бештар мекард.

Моҳи ноябр дар Москва аллакай барф борида, зимистон ҳукмфармо буд, вале дар шаҳри Деҳлӣ гулҳои рангоранг  шукуфтаву гиёҳу дарахтон сарсабз буданд. Тайи 6 моҳи таҷрибаомӯзӣ ҳар як чизи бароям ҷолибро дар дафтари ёддоштҳо қайд мекардам. Он солҳо дастгоҳҳои наворбардорӣ дастрас набуд. Баъди бозгашт ҳама аз ман мепурсиданд, ки «Дар Ҳиндустон чӣ дидӣ?»

Пеш аз ҳама, ба ман чунин намуд, ки гӯё дохили осорхонаи боҳашамати бе ҳадду каноре шудам. Дар Ҳиндустон ёдгориҳои қадима зиёд ба чашм мерасанд. Танҳо дар шаҳри Бҳубанешвари куҳна, пойтахти музофоти  Орисса, беш аз 7000 ибодатхона сохта буданд, ки 500 адади он то замони мо беосеб расидаанд. Кас аз  тамошои Қалъаи Сурх, Масҷиди Ҷомеъ, Қутби Минор, Бирла Мандир, Қалъаи Туғлақ, Қалъаи Қадима, Тоҷмаҳал, Қалъаи Агра, ёдгориҳои шаҳри Фотеҳпур Сикри, Ҳавомаҳали Ҷайпур, Чорминори Ҳайдаробод, Маъбади тиллоии Амритсар, ибодатхонаҳои Тирупатӣ, Мукешвар, Ҷамбунатасвамӣ ва ғайра дар ҳайрат мемонад.

Дар ҳама ҷо теъдоди зиёди бачагонро медидам, ки ба ягон бозӣ ё кори фоидаоваре машғул буданд, вале дар дасти ягонтои онҳо  кашкашак  («рогатка»)- ро надидам. Зеро мардуми Ҳинд нобуд кардани ҷонварони безарарро муносиб намедонанд.

Дар маркази шаҳрҳои калон, ки пур аз иморатҳои замонавӣ, мағозаҳои олидараҷа, одамону нақлиётанд, баҳузур гаштугузор кардан ё хобидани говҳоро мушоҳида кардан мумкин аст. Гов дар дини ҳиндуия ҳайвони муқаддас аст. Бинобар арзи эҳтиром ба гов ҳиндуён фарзандонашонро Говинда, Гопал, Гопатӣ, Гопӣ ва монанди инҳо мемонанд. Ин номҳо дар таркибашон калимаи «го» (гов) дошта, маънояшон говбон, чӯпон мебошад.

Дар музофоти Орисса  меҳмони хонаводае шудам, ки  дар як тарафи ҳуҷраашон гов бо гӯсолааш ҷой гирифта буду дар тарафи дигараш  аҳли оила мезистанд. Истеъмоли гӯшти гов барои пайравони дини ҳиндуия қатъиян манъ буда, куштани гов гуноҳи азим ба шумор меравад.

- Таоми ҳиндуҳо чӣ гуна аст?

- Ҳиндуҳо хӯрдани ғизои тезро меписанданд. Аз ин рӯ, дар Ҳиндустон хирманҳои қаламфурхушккунӣ хеле зиёд аст. «Кишвари афсонаҳо» аз ҷиҳати бо  мурчу қаламфур таъмин намудани бозори дохилию хориҷӣ дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад.

Дар Ҳиндустон тамоми сол меваю сабзавоту кабудӣ дастрасу арзон аст. Аз сабзавоту  кабудӣ ва лӯбиёгиҳо чунон хӯрокҳои болаззат тайёр мекунанд, ки мислашро мардуми дигар  намедонанд. Боре дар хонаи яке аз  дӯстонам маро ба хӯроке зиёфат доданд, ки бе гӯшт бошад ҳам, ниҳоят бомазза буд. Ман аз соҳиби хона пурсидам, ки таом аз чӣ тайёр шудааст? Ӯ хандида гуфт: «аз каду».

Ҳиндуҳо ниҳоят меҳмондӯст буда, дар ба ҷо овардани шартҳои меҳмондорӣ ягон хел сохтакорию дурӯягиро раво намебинанд.

- Ҳиндустон баъд аз Хитой кишвари сераҳолитарини дунё ба ҳисоб меравад. Таъминоти аҳолӣ бо об чӣ гуна аст?

- Дар ин кишвар Вазорати захираҳои об фаъолият мекунад, ки масъалаҳои марбут ба обро баррасӣ ва амалӣ месозад.

Рӯди Ганга дар қадимтарин эҷодиёти мардуми Ҳиндустон чун дарёи муқаддас ёд шудааст. Ҳар сол миллионҳо ҳинду аз тамоми гӯшаю канори Ҳиндустон ба Ганга меоянд. Онҳо орзуи аз оби дарё чашидан ва ғусл карда, аз гуноҳ пок шуданро доранд. Ҳамчунин, орзу  мекунанд, ки дар соҳилҳои Ганга аз олам чашм пӯшида, дар оташ сӯзонда шаванду хокистарашонро ба Ганга  партоянд.

Ганга аз дарёҳои ниҳоят ифлосшуда мебошад. Ҳанӯз аз соли 1986 бо пешниҳоди Сарвазири онвақтаи Ҳиндустон Раҷив Гандӣ тозакунии дарёи Ганга аз партову нопокиҳо оғоз ёфта буд, ки то ҳол идома дорад. Ҳоло Ҳиндустон  лоиҳаи зиёдро дар самти обу тозагӣ амалӣ карда истодааст.

- Рост аст, ки дар Ҳиндустон ҳар рӯз як идро таҷлил мекунанд?

- Шумораи идҳо дар Ҳиндустон аз 400- то  ҳам зиёдтар аст. Дар ягон кишвари дигар чунин гуногунрангии дину  мазҳаб ва забону расму  оинро дида наметавонед. Машҳуртарин идҳо «Ҳолӣ», «Дивали», «Рамлила», «Ракшабандҳан», Рамазон, Қурбон, Наврӯз, Рӯзи ҷумҳурӣ (26 январ) ва Ҷашни истиқлол (15 август) мебошанд. Дар бораи таърихи иду ҷашнҳо ва тарзи таҷлили онҳо соатҳо гап задан мумкин аст. Ман хотираи сафарҳоямро дар китоби «Ин аст Ҳиндустон» дарҷ кардаам, ки соли 2007 дар нашриёти «Хирад» ба табъ расидааст.

- Омӯзиши мероси адабиёти форсии Ҳиндустон чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Ҳиндустон хазинаи бойтарини адабиёти форсу тоҷик ба шумор меравад. Дар ягон мамлакат ба андозаи Ҳиндус­тон дастхатҳои форсӣ зиёд ҷамъоварӣ нашудааст. Нахустин рӯзномаи форсӣ асри XIX бо номи «Ҷоми ҷаҳоннамо» дар Ҳиндустон нашр шудааст. Дар он ҷо осори шоирону олимони зиёди форсизабон ҳастанд, ки то ҳол омӯхта нашудаанд. Моро зарур аст, ки онҳоро  омӯзем ва осори гаронбаҳояшонро ба табъ расонем.

Ҳангоми дар Ҳиндустон будан дар  мағозаи китоби шаҳри Деҳлӣ асарҳои Садриддин Айниро дидам, ки ба забони ҳиндӣ чоп шудаанд. Тарҷумаи осори Айнӣ ба  қалами тарҷумони шинохта Раҳул Санкритяян тааллуқ дорад. Номбурда миёнаҳои солҳои 50- ум ба ИҶШС омада буд ва 36 забон, аз ҷумла форсию русиро ба хубӣ медонист. Боиси ифтихор аст, ки ӯ  «Марги судхӯр» «Дохунда», «Ғуломон», «Одина», «Ятим» барин асарҳои устод Айниро ба ҳиндӣ тарҷума кардааст.

Забони форсӣ- тоҷикӣ дар Ҳиндустон ба ҳайси забони расмӣ истифода мешуд. Ҳазорон нобиғаи илму адиби тоҷик ба ин сарзамин рафта, дар ташаккули фарҳанг ва тамаддуни миллат  саҳми бориз гузош­таанд. Бинобар ин, густариши робитаҳои фарҳангию иқтисодӣ бо Ҳиндустон тақозои давру замон буда, ба нафъи халқҳои ҳар ду кишвари ба ҳам дӯст мебошад.

Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум»