Қадами устувор дар таҳкими муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон

№52 (3689) 13.05.2017

DSC_006110 майи соли ҷорӣ дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов онро боз як қадами устувор дар самти таҳкими робитаҳои дуҷониба ва дӯстии бисёрсолаи халқҳои ҳар ду давлат арзёбӣ карданд. Шамсиддин Орумбекзода, аз ҷумла, гуфт, ки баргузор шудани чунин чорабиниҳо аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Дар хотима аз ҷониби ҳунармандони шинохта, аз ҷумла Ғуломҷон Ёқубов, Севинч Муъминова ва гулдухтарони Ансамбли давлатии тарона ва рақси кишвари ҳамсоя барномаи ҷолиби консертӣ пешкаш гардид.

Дар сурат; (аз чап ба рост) Муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов ва вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода. 

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Тоҳирҷон САИДОВ