Мушоҳида ва пешниҳод

Агар дарёи Душанбе таҷдид мешуд…

№53 (4159) 30.04.2020

DSC_0064Душанбеи азиз зебову дилработар гаштааст. Кас аз дидани биноҳои баландошёнаи хуштарҳу замонавӣ, гулгашту хиёбонҳои рангорангу озода болидарӯҳ гардида, ба онҳое, ки дар ин корҳо саҳмгузоранд, аҳсан мегӯяд.

Боғҳои фарҳангию фароғатӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаҳду талоши роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе обод гардида, ҷойи дӯстдошта ва сайру фароғати мардум гардид. Дар ин маконҳои фарҳангию фароғатӣ садҳо намуд гулҳои рангоранг ва дарахтон нашъунамо дошта, ба бинанда ҳаловат мебахшанд.

Ҳар субҳидам аз дидани манзараҳои диловезу зебоиҳои шаҳр хушҳол гардида, сӯи коргоҳ меоям. Аммо аз назди дарёи Душанбе мегузараму аз дидани манзараҳои ҳузнангез табъам хира мешавад. Дохили он пур аз партовҳои гуногун аст. Борҳо матлаб ба нашр расида, муаллифони мақолаҳо аз амалҳои нораво изҳори нигаронӣ карда буданд.

Сабаби навиштани ин матлаб низ мушоҳида аз соҳили рӯдхона аст, ки нагузошт бетараф бошам. Дар пайроҳаи соҳили дарё, ки  ҳамвору мумфарш гардидаю ду тарафи роҳ гулкорӣ шудааст, одамони зиёд гаштугузор мекарданд ва мушоҳида намудем, ки онҳо пасмондаи сигор, қуттичаҳои офтобпараст, бақлашкаҳои оби истеъмолмекардаашонро ба дарё ҳаво медоданд. Ин қабил ба қадри заҳмати шаҳрдорӣ ва кормандоне, ки мавзеъҳоро ободу зебо кардаанд, намерасанд. Дар роҳи пиёдагарди байни шоҳроҳу дарё ягон қуттии партовро надидем. Агар қуттиҳо мавҷуд бошанд, шояд одамон партовҳоро ба дарё напартоянд. Бинобар ин хуб мебуд, дар ҳар як 100-200 метр қуттии партов мегузоштанд.

Воқеан, дарёи Душанбе  метавонад ба ҳусни пойтахт ҳусни тоза зам ва таваҷҷуҳи сокинону меҳмононро бештар ҷалб намояд. Маҷрои дарё як маром надорад. Хуб мебуд, он аз сангу хок ва дарахтон тоза карда мешуду дар ҳар 500 – 600 метр саддҳои бетонӣ месохтанд, то об каме ҷамъ шуда, сипас роҳашро идома медод. Дар ин сурат дарё ҳама вақт сероб  ва манзараи ҷолиб пайдо мешуд.

Фасли гармо ҳам фаро расид. Теъдоди онҳое, ки мехоҳанд дар соҳили дарё сайр кунанд ва ё субҳидам ба варзиш машғул шаванд, меафзояд. Агар дар ин масир дӯконҳои фурӯши обҳои ташнагишикан, яхмос ва шириниҳо ҳам ташкил мегардид, ба манфиати кор мебуд. Ҳатто дар якчанд ҷойи соҳили дарё чойхонаҳои миллии замонавӣ бунёд кардан мумкин аст. Дар он сурат дарё озодаю тамошобоб ва соҳилҳои он серодам мегардиданд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»