Ҷаласаи XVII Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай

№119 (4381) 23.09.2021

IMG_0095Дар ҷаласаи XVII Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай, ки чанде пеш дар доираи 20 — умин нишасти ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба ва бисёр­ҷонибаи бонкӣ баррасӣ шуда, нақши Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ дар таҳкими ҳамкории байнибонкӣ муассир арзёбӣ гардид.

Дар ифтитоҳ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид суханронӣ намуда, иштирокчиён ва меҳмононро аз номи роҳбарияти кишвар хайра мақдам гуфт.

- Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхайро ҳамчун имконияти таҳлили натиҷаи ҳамкории якҷоя дар 17 соли фаъолият, баррасии имкониятҳои рушд дар оянда ва такмил додани ҳамкориҳои минбаъда баҳогузорӣ менамояд, — иброз намуд Давлаталӣ Саид.

Аз таваҷҷуҳи хос ва доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои маблағгузории рушди стратегии кишвар дар ҳошияи татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор низ таъкид гардид.

- Таъсиси Иттиҳоди байнибонкӣ дар сох­тори СҲШ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои самараноки иқтисодӣ миёни давлатҳои аъзо аз муҳимтарин ҷанбаи фаъолияти он аст, ки метавонад дар оянда барои рушди устувори кишварҳо мусоидат намояд, — афзуд Давлаталӣ Саид.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз роҳандозӣ шудани тадбирҳои назаррас дар доираи ­фаъолияти СҲШ, аз ҷумла, дар самти таъмини амният, сулҳу субот дар минтақа, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, тавсеа ёфтани ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, муҳайё шудани имкониятҳои нав барои фароҳам овардани тиҷорат ва маблағгузории он ёдовар шуд. Зикр гардид, ки иттиҳоди мазкур алҳол маркази ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ маҳсуб ёфта, гардишу вуруди сармоягузориҳоро барои татбиқи лоиҳаҳои бузург ва тақдирсоз таъмин менамояд.

- Бо итминони комил метавон гуфт, ки қабули «Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии СҲШ барои давраи миёнамуҳлати солҳои 2022 — 2026» ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи он мусоидат хоҳад кард, — иброз дошт Ҳоким Холиқзода.

Котиби генералии СҲШ Владимир Норов ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имсол роҳбарии Созмони ҳамкории Шанхайро ба зимма дорад, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» барои роҳбарии арзанда дар раёсати Иттиҳоди байнибонкӣ, ташаббусҳои муфид, таҳияи «Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии СҲШ барои давраи миёнамуҳлати солҳои 2022 — 2026» ва ташкили сазовори кори ҷаласаи XVII Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ дар шаҳри Душанбе изҳори сипос намуд.

Баъдан, раиси Раёсати БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ҳамчун мизбони ҷаласа мухтасар аз фаъолияти иттиҳоди мазкур дар замони раёсати БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» маълумот дод.

Зикр гардид, ки соли сипаригардида Иттиҳоди байнибонкии СҲШ, новобаста ба мушкилии зиёди бо пандемияи коронавирус алоқаманд, устуворона ба пеш ҳаракат дошт, зеро ҳадафи аслии аъзои он рушди устувор ва расидан ба мақсадҳои гузошташуда буд.

Дар доираи раёсат дар Иттиҳоди байнибонкии СҲШ бо ташаббуси «Амонатбонк» якҷо бо бонкҳои аъзо «Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии СҲШ барои давраи миёнамуҳлати солҳои 2022 – 2026» таҳия гардида, барои баррасӣ ва қабул пешниҳод мешавад. Таъкид шуд, ки Иттиҳоди байнибонкии СҲШ аз оғози таъсис ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои расидан ба ҳадафҳои бузург захираву имконият ва заминаи ҳуқуқии мусоидро соҳиб аст. Яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи бонкҳои аъзои иттиҳод ҳамкорӣ дар бахши маб­лағгузорӣ мебошад, ки дар такя ба ин роҳандозии фаъолияти маблағгузории қарзӣ дар доираи лоиҳаҳои амалишавандаи кишварҳои аъзои СҲШ мувофиқи мақсад мебошад.

Ҳамчунин, Сироҷиддин Икромӣ роҳандозӣ намудани табодули донишу таҷриба ва малакаи кормандони бонкҳои аъзоро самти дигари афзалиятнок дар доираи иттиҳод хонд. Ва афзуд, ки ташкили барномаҳои тахассусии таҷрибаомӯзӣ, семинар, форум ва конференсияҳо дар платформаи Иттиҳоди байнибонкии СҲШ басо муҳим мебошанд, зеро рушди сармояи инсонӣ барои ташаккули ҳамаҷонибаи фаъолияти бонкҳо, аз ҷумла, дар самти пешбурди лоиҳаҳои муштарак, хусусан, лоиҳаҳое, ки бо технологияи иттилоотӣ, воридсозии хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, табодули маълумот, таъмини амнияти кибернетикӣ, муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм рабт доранд.

Дар ҷаласа роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳод, аз ҷумла, Ширкати молиявию инфрасох­тории Ҷумҳурии Ҳиндустон, Бонки давлатии рушди Хитой, «Ҳабиб Бонк Лимитед» -и Ҷумҳурии Исломии Покистон, Корпоратсияи давлатии рушд «ВЭБ.РФ», Бонки рушди Қазоқистон, ҶСК «РСК Банк»-и Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҶС «Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар шакли ҳузурӣ ва аз тариқи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин, 6 масъалаи муҳим ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла, васеъ намудани ҳамкориҳо бо институтҳои молиявии давлатҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ, тавсеа бахшидани ҳамкориҳо бо институтҳои молиявие, ки дар минтақаи кишварҳои аъзои СҲШ ва Осиё фаъолият менамоянд, қабули «Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии СҲШ барои давраи миёнамуҳлати солҳои 2022 — 2026», ҳамкории сармоягузории бонкҳои аъзои ИББ СҲШ, ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар фаровард бо дастгирии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ дар давраи раисии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» «Стратегияи рушди минбаъдаи ИББ СҲШ барои давраи миёнамуҳлати солҳои 2022 – 2026» аз ҷониби роҳбарони бонкҳои аъзои иттиҳод ба имзо расида, барои чор соли минбаъда қабул гардид. Иштирокчиён, ҳамчунин, аз тариқи овоздиҳӣ бонки раисикунандаро дар ИББ СҲШ барои солҳои 2021-2022 интихоб намуданд.

Маълумотнома: Иттиҳодияи байнибонкӣ (ИББ) соли 2005 ҳамчун воситаи кумакрасонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои ҳамкории иқтисодӣ, ки давлатҳои СҲШ онҳоро тасдиқ кардаанд, таъсис ёфтааст. Ба ҳайати ИББ Бонки рушди Қазоқистон, Бонки давлатии рушди Чин, Бонки иқтисодии хориҷии Россия, Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон шомил мебошанд. Аз соли 2020 БИХ ФР раёсати Иттиҳодияи байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхайро ба уҳда дорад.

Дар ин бобат аз шуъбаи матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

«Садои мардум»