Ҷамъомади идона бахшида ба гусели наваскарон

№44 (3838) 10.04.2018

1 (1)Ҳафтаи гузашта дар назди Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо шукӯҳу шаҳомати хос «Рӯзи даъватшаванда» баргузор гардид.

Нахуст ҳамчун рамзи эҳтиром ва хештаншиносию ватандӯстии наваскарон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни  ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони  солҳои таваллуди  1991-2000  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз тарафи муовини комиссари ҳарбии вилоят оид ба корҳои сиёсӣ ва тарбиявӣ Муҳиддин Шарифзода қироат гардид.

Баъдан, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ба сухан баромада, наваскарон ва падару модарони онҳоро табрику муборакбод намуд.

Волидайни наваскарон ба фарзандон дуои хайр дода, ҳамроҳи онҳо хурсандӣ карданд.

Ҳамчунин, он рӯз аз тарафи модарони сарбозон маросими нонгазонӣ ва аз тарафи гулдухтарон маросими туҳфасупорӣ баргузор гардид, ки хеле хотирмон буд. Аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ ба наваскарон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»