Ҳамадонӣ. Иштирокчиёни ҶБВ қадршиносӣ гардиданд

№ 06.05.2020

Дар арафаи 75 — солагии Рӯзи Ғалаба 4 нафар иштирокчии ҶБВ, ки дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ иқомат мекунанд, аз номи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон бо кумакпулӣ ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ, ба ҳар кадом, қадршиносӣ гардиданд.  

Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, туҳфаи Президент­ро ба Саъдулло Ғафуров, Давлат Туронов, Шафеъ Гадоев ва Қаюмшоҳ Ҳалимов  раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода ва намояндаи раиси вилояти Хатлон Мирзохон Гулмаҳмадзода супориданд. Илова бар ин, ба ҳар иштирокчӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 2500 сомонӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ 500 сомонӣ кумак расонида шуд.

Исломи РАҶАБАЛӢ, «Садои мардум»