Ғамхориҳои Пешвои миллат сокинони Раштро дилгармтар кард

№69 (4175) 11.06.2020

Ҳоло ҷаҳон дар бораи паҳншавии COVID — 19 сухан мекунад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизонии мамолики гуногун бештар дар ин мавзӯъ ҳарф мезананд. 

Ҳангоми сафар ба навоҳии Рашт ҳолатеро мушоҳида кардам, ки сокинон дар бораи бемории COVID-19 маълумоти кофӣ доранд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо баҳри иҷрои дастури Пешвои миллат нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, тадобири зарурӣ меандешанд. Гурӯҳҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, тавонистанд, ки маълумоти саҳеҳро ба хотири пешгирӣ намудани беморӣ ба мардум расонанд.

Вақте ба деҳоти «Ҳоит» омадам, марду зан машғули киштукор буданд. Дар деҳаи Ҳоит картошка гул кардааст. Бо собиқадори меҳнат, деҳқони асил Раҳимҷон Маҳмадҷонови 68-сола ҳамсуҳбат шудам. Ӯ ният дорад, ки масоҳати картошказорро дар хоҷагии деҳқониаш ба се гектар расонад.

- Чанд рӯз пеш бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади дастгирии табибон ва беморони мубталои COVID-19 ба беморхонаҳои марказии шаҳри Роғун, ноҳияи Файзобод ва навоҳии Рашт ёрии хайриявӣ расонда шуд. Ин гувоҳ аст, ки Пешвои миллат мардуми ягон минтақаро фаромӯш намекунанд ва мунтазам ёрӣ мерасонанд, — гуфт Р. Маҳмадҷонов.

Ҳарфҳои марди асилу ватандӯст маро водор сохт, ки бори дигар дар ин мавзӯъ андеша намоям. Ба онҳое, ки аз дур истода ба иғвогарӣ машғуланд, нафрин хонам.

Ба ёд овардам, ки бо мақсади пешгирӣ ва муолиҷаи  бемории зикршуда дар доираи лоиҳаи «Беҳсозии ҳамҷояи ҳифзулсиҳат ва макони зист» бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария, дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ лавозимоти зарурӣ, аз қабили 1050 хилъати муҳофизатии тиббӣ, 8050 ниқоби тиббӣ, 7000 дастпӯшаки тиббӣ, 3500 кило хокаи хлор, 700 литр спирти тиббӣ, 14 ҳароратсанҷи фосилавӣ, 350    ҳароратсанҷи симобӣ, 210 ҷуфт мӯзаи резинӣ, 210 айнаки муҳофизатӣ, 70 либоси муҳофизатии махсуси тиббӣ, 70 дорупошак ва 350 бастаи рахти хобро ба маблағи 614 ҳазор сомонӣ ба муассисаҳои тандурустии  шаҳри Роғун, ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ҳадя кард.

Бегуфтугӯ, ғамхориҳои Пешвои миллатро мардум хуб медонанду пайи ободии кишвар дастҷамъона талош доранд. Бовар доранд, ки боз рӯзҳои хуш фаро мерасанду кишвар аз лиҳози иқтисодӣ ба яке аз мамолики пешрафта табдил хоҳад ёфт.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»