Таҳқиқоти журналистӣ

«Асрор»-и бакортаъминкунӣ дар Шаҳринав

№53 (4159) 30.04.2020

94786530_829286420925791_3855816794178584576_nБино ба иттилои масъули шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Шаҳринав Абдурасул Худойбердиев, тибқи нақшаи пешниҳоднамудаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019 шуъба бояд ба 915 нафар барои кор дар идораю муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мусоидат мекард. Вале нақша барзиёд — 101, 3 фоиз иҷро ва 931 нафар соҳиби ҷои кор гардиданд. Аммо суол ба миён меояд, ки дар куҷо ва бо чӣ васила?

Акнун ба «асрор»-и иҷрои нақшаи кортаъминкунии ниҳод диққат кунед. Гӯё 28-уми ноябри соли 2019 мутасаддиён дар як рӯз 297 нафарро дар «Бозори Терминал»-и ноҳия ба кор «таъмин» кардаанд. Аммо дар шафати номи 162 нафари онҳо «ба корҳои хонагӣ машғул аст», навишта шудааст.

Гузашта аз ин, масъулон номи 110 шахси дигарро дар ҳисобот ҷой додаанд ва гӯё онҳоро дар бозори деҳоти «Чуст» соҳибкор кардаанд. Ҳамчунин, 82 нафар 7-уми июни соли 2019 дар бозори шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзода ва 35 нафари дигар дар бозори «Сабо» соҳиби ҷойи кор шудаанд.

- Дар ноҳия соли 2019 «Бозори терминал» ташкил шуд. Тавассути радио эълон додем, ки сокинон дар он фаъолият кунанд. Бозори шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзода ҳам навташкил буд, ки аз ҷониби як нафар соҳибкор бунёд гардидааст. Ҳама соҳибкорон (дар ҳисобот савдогарон дарҷ шудааст) тавассути шуъба дар бозорҳо ба кор таъмин шудаанд ва тавсиянома доранд, — зикр кард А. Худойбердиев.

Аммо мудири бахши иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав Ҷамолиддин Ғиёсов зимни суҳбати телефонӣ гуфт, ки «Бозори терминал» чаҳор сол боз фаъолият мекунад ва 100 — 120 соҳибкор дорад. Бозори «Чуст» бошад, доимӣ набуда, ҳафтае як маротиба — рӯзи ҷумъа ташкил мешавад. Он ҳам нав нест. Дар шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзода бозор нест, балки чанд зан дар як гӯша ба фурӯши картошкаю пиёз машғуланд».

Кормандони шуъбаи агентии меҳнат хуб медонанд, ки ҳеҷ масъул суроғи 524 нафарро дар бозорҳои ноҳия намеҷӯяд. Биноан, бо ин усул, нақшаро «иҷро» мекунанд. Вале бо чунин «бори каҷ» то ба куҷо мерафта бошанд?

Соли гузашта гӯё Муҳаммаддовуд Ҳаитов (08.08.2019, фармоиши №73/18), Умедҷон Ҳаитов (26.08.2019, фармоиши №84), Парвина Султонова (26.08.2019, фармоиши №84/9), Рамазон Юсупов (08.08.2019, фармоиши №80/8), Гулҷаҳон Бердиева (19.08.2019, фармоиши №82/4), Сабоҳат Ҳасанова (01.08.2019, фармоиши №72/9) дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ширкат карда, бо «тавсиянома»-и шуъбаи агентӣ дар муассисаҳои таълимии шуъбаи маорифи ноҳия соҳиби ҷои кор гардидаанд. Гузашта аз ин, дар рӯйхати умумии бо мусоидати шуъбаи агентӣ дар самти маориф корёфта, номи Мақсуда Давлатова, Нодирбек Мавлонқулов, Тоҷиддин Баротов, Маҳмадризо Воҳидов, Таманно Шамсӣ, Фараҳноз Ҳасанова, Парвиноз Назарова, Мавзуна Зубайдуллоева, Меликой Муҳаммадиева, Ширин Негматова, Тахмина Меликова, Шукрона Нозимова, Абубакр Раҳмонов ва чанд нафари дигар низ қайд шудаанд. Бо мақсади санҷиши саҳеҳияти маълумот ба шуъбаи маорифи ноҳия муроҷиат кардем.

Бино ба маълумоти мутахассис оид ба кадри шуъбаи маориф Султонова Гулнисо, соли гузашта 45 мутахассиси ҷавон, ки донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳуриро ба таври буҷетӣ хатм кардаанд, бо роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо кор таъмин шудаанд.

Баъди дастрас кардани рӯйхати пурраи онҳо онро мавриди таҳлил қарор додем. Маълум гардид, ки 29 нафари онҳоро масъулони шуъбаи агентӣ ҳамчун ашхоси тавассути ин ниҳод бакортаъминшуда дар ҳисобот зикр кардаанд. Гӯё 6 нафар дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва 23 каси дигар аз тариқи муроҷиат ба шуъбаи агентӣ соҳиби тавсиянома гардида, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба кор қабул шудаанд. Саволи матраҳ он аст, ки 29 хатмкарда бо ташаббуси кадом ниҳод — роҳхати Вазорати маориф ва илм ё шуъбаи Агентии меҳнати ноҳияи Шаҳринав бо кор таъмин шудаанд?

Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси ВМИ ҶТ Раҳмонов Абубакр Зиёдуллоевичро пас аз хатми ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, тибқи роҳхати №247 ба мактаби №9-и ноҳияи Шаҳринав ба кор фиристодааст ва санаи ҳозир шудан ба макони корро дар роҳхат 1-уми августи соли 2019 муайян кардааст. Мудири маорифи ноҳия А. Раҳмоновро 8-уми августи ҳамон сол бо фармоиши №73/3 дар МТМУ-и №9 ба ҳайси омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ ба кор қабул кардааст. Дар фармоиш навишта шудааст: «Асос: …роҳхати ВМИ ҶТ №242». Ҳайратовар ин аст, ки боз А. Раҳмоновро масъулони шуъбаи агентии меҳнат дар ҳисоботашон дар соли 2019 ҷой кардаанд.

Аҷиб он аст, ки дар парвандаи шахсии Раҳмонов А. ғайри роҳхати вазорат, тавсияномаи шуъбаи Агентии шуғли аҳолӣ аз 5-уми августи соли 2019, таҳти №281 ҳам мавҷуд аст. Масъули кадри шуъбаи маориф гуфт, ки: «Мо ба масъулони шуъбаи Агентии меҳнат чандин бор таъкид кардем, ки нафарони бо роҳхати Вазорати мао­риф ва илм ба кор омадаро дар ҳисоботашон нанависанд, зеро онҳоро дар асоси роҳхати вазорат ба кор мегирем. Қабл аз фиристодани мутахассисони ҷавон, ҳар сол маълумотномаи ҷойҳои кории холиро ба вазорат пешниҳод мекунем ва дар асоси он вазорат мактаб­ҳои ноҳияро бо омӯзгорони ҷавон таъмин мекунад. Прокуратураи ноҳия низ дар ин робита тафтиш гузаронда буд».

Модом ки Вазорати маориф ва илм ҷойи кори мутахассисро пурра аниқ карда, бо санади расмӣ ба он ҷо мефиристад, пас ӯро чӣ зарур аст, ки дари шуъбаи Агентии меҳнатро бикӯбад!? Ё бо тавсияномаи шуъбаи агентӣ ба кор қабул шуда бошад, чаро маҳз дар мактаби тибқи роҳхати ВМИ ҶТ муайяншуда ӯро ба кор таъин мекунанд? «Офтобро бо доман пӯшонида намешавад»-у найрангро бо дурӯғ!

Ҳамчунин, дастандаркорони шуъбаи агентӣ соли 2019 гӯё 68 нафарро барои кор ёфтан дар Шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия «мадад» кардаанд. Тавре собит шуд, миёни онҳо нафароне ҳастанд, ки баробари хатми шакли таҳсили буҷетии коллеҷу муассисаҳои таълимии тиббӣ бо роҳхат ба кор таъмин шудаанд. Масалан, Олтиной Саидқулова (роҳхати №116 аз 22.08.2019), Нигора Ҳоҷиева (роҳхати №107 аз 19.08.2019), Шоира Рустамова (роҳхати №110 аз 15.07.2019), Меҳрангез Холбоева (роҳхати №45 аз 23.07.2019), Камола Шербуттаева (роҳхати №100 аз 24.07.2019) ва боз чанд нафари дигар бо роҳхати коллеҷҳои тиббӣ ба КАТС ба кор қабул гардидаанд. Дар парвандаҳои шахсии онҳо тавсияномаҳои шуъбаи агентӣ набуд. Вале мудири шуъбаи кадрҳои муассиса Замира Юлдошева, гуфт, ки онҳо тавсиянома доранд, аммо дар парвандаҳояшон гузошта нашудааст.

Мутасаддиёни шуъба мегӯянд, ки 15-уми январ ва 21-уми феврали соли 2020 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро ташкил карданд ва рӯйхати афродеро, ки дар ҳардуи он «кор» ёфтаанд, ба тариқи зайл пешниҳод намуданд:

1 Ному насаб Номи ташкилот Санаи қабул
2 Шоҳида Мусоева  КАТС 02.01. 2020
3 Парвина Неъматуллоева  КАТС 02.01.2020
4 Зӯҳро Холиқова  КАТС 06.01.2020
5 Руқия Хоҷаева  КАТС 13.01.2020
6 Давлатой Бобораҳимова  КАТС 13.01.2020
7 Манижа Ашӯрова  Шуъбаи маориф 02.01.2020
8 Азиза Нормаҳмадова  Шуъбаи маориф 10.01.2020
9 Фарангис Боева  Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи Қаратоғ  10.01.2020

Оё бо хокпошӣ ба чашми миллату давлат метавон сатҳи бекориро паст кард? Қазоват аз хонандаи закӣ ва чораандешӣ аз сохторҳои дахлдор аст. Вале таҳқиқи журналистӣ идома дорад…

Ёқуби СОДИҚ, «Садои мардум»