Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Асрори бакортаъминкунӣ дар Муъминобод»

№155 (4261) 26.12.2020

Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Муъминобод мақолаи хабарнигори рӯзнома Исломи Раҷабалиро таҳти сарлавҳаи «Асрори бакортаъминкунӣ дар Муъминобод» («Садои мардум», №131 (4237) аз 24 октябри соли 2020), ки ба камбудӣ ва омори норавшан дар самти бакортаъминкунии бекорон дар корхонаю ташкилотҳои ноҳия рабт дошт, зимни маҷлиси умумӣ бо иштироки кормандони шуъба мавриди баррасӣ қарор дод.

Зикр гардид, ки мутаассифона, баъзан кормандони масъули шуъба ҳангоми бақайдгирӣ ва ҳуҷҷатгузории шахсони бо кор таъминшаванда беаҳамиятӣ зоҳир намуда, бидуни мувофиқа ба онҳо роҳхат пешниҳод менамоянд.

Ҳамин ҳолат бо айби мутахассисони шуъба дар додани роҳхат ба омӯзгорони ҷавон — Ш. Каримова, М. Шарифова ва як нафари дигар, ки барои кор ба шуъбаи маорифи ноҳия фиристода шуда буданд, рух додааст. Воқеан, нозири кадрҳои шуъбаи зикршуда Эмомалӣ Каримов дар ярмаркаҳои ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод ширкат намудааст. Вале бояд қайд кард, ки давоми нуҳ моҳи соли равон, дар ҳақиқат, 8 ярмаркаи ҷойҳои холии кор бо ҷалби кордиҳандагон баргузор шуда, 85 нафар тавассути онҳо ба ҷои кор роҳхат гирифтаанд. Аз ҷумла, шаҳрвандон Хуршеди Холмурод ба ҳайси мутахассиси бахши ҷавонон, Мадихон Назаров — корманди бахши кишоварзии ноҳия (аз тариқи шартнома) ва Ҷамила Шарифова ҳамчун фаррош дар беморхонаи марказии ноҳия айни замон кор мекунанд.

Вобаста ба масъалаи ба кор таъмин намудани 15 нафар зану духтарони хонашин дар корхонаи дӯзандагии «Санг боқӣ» қайд менамоем, ки дар ҳақиқат, ин нафарон тибқи роҳхати шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ курсҳои дӯзандагиро хатм намуда, дар корхона асосан ба корҳои муваққатӣ ва мавсимӣ сафарбар карда шуданд.

Роҳбарияти шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Муъминобод аз камбудиҳои дар фаъолияти кормандони шуъба ҷойдошта хулосаи зарурӣ бароварда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки минбаъд ба бемасъулиятӣ хотима бахшида шавад.

А. ИСУФОВ,

сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Муъминобод