Қатли рӯзноманигор

№18 (3812) 10.02.2018

Ҳанӯз аз айёми мактабхонӣ ба кори матбуот ва ҳамкорӣ бо нашрияҳои даврӣ дар дил ҳавас доштам. Он замон шогирдона рӯи коғаз қалам мерондам. Дар ин ҷода рӯзноманигори таҷрибадор шодравон Шералии Нуралӣ, ки солҳои ҳаштодуми асри гузашта ҷоизаи Созмони рӯзноманигорони умумииттифоқро (яке аз ду нафаре, ки аз Тоҷикистон ин ҷоизаро ба даст овардааст) сазовор гашта буд, ба қавле, дастамро рост мекард. Маҳз бо дастгирӣ ва маслиҳатҳои ин марди шариф ҳавасам ба касби рӯзноманигорӣ торафт меафзуд онро барои худ интихоб намудам.

Пас аз хатми донишгоҳ дар шуъбаи мактубҳои рӯзномаи вилоятӣ таҳти роҳбарии мудири шуъба, шодравон апаи Шарифамоҳи Кишвар навиштаҳоям боз ҳам пурмазмун ва хонданбоб ранг мегирифтанд.

Аз ин хотир, ин ду нафарро дар ҷодаи рӯзноманигорӣ устоди худ мешуморам. Зеро ба ҳар мақоме, ки дар касби хеш расидаам, маҳз ба туфайли дастгирию маслиҳатҳои беғаразонаи онҳо аст.

Шарифамоҳи Кишвар инсоне буд басо нексиришт ва ба пешаи интихобнамуда содиқ. Маҳз садоқат ба кор боис гардид, ки муқоваи аввали яке аз шумораҳои охири солҳои ҳафтодуми асри гузаштаи маҷаллаи умумииттифоқии «Журналист»-ро акси ӯ зеб дода, дар борааш мақолаи калонҳаҷм ба табъ расид.

Шарифамоҳ танҳо буд ва ду писарчаи хурдсолро ба воя мерасонд. Нимаи аввали солҳои ҳаштодум писарчаи калонияш бар асари беморӣ оламро тарк гуфт. Баъдан, то аввали солҳои навадум зиндагии осуда доштанд. Ҳамоно дар рӯзномаи вилоятӣ фаъолияти меҳнатии худро пеш мебурд. Баъд аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ низ ҳамроҳи писараш дар манзили худ, дар шаҳри Қӯрғонтеппа мезист. Шаҳрро қувваҳои мухолифин муддати тӯлонӣ зери назорати худ нигоҳ медоштанд. Як бегоҳ, пас аз фаромадани торикӣ гурӯҳе аз дастаҳои мухолифини наҳзатӣ ба манзили Шарифамоҳи Кишвар омаданд. Гуфтанд, ки роҳбарони ҲНИТ ӯро дидан мехоҳанд ва ӯ бояд ҳамроҳи писараш назди роҳбарашон ҳозир шавад. Писараш акнун 15-16-сола шуда буд.

Шарифамоҳ онҳоро бо табассум пешвоз гирифт ва ҳеҷ андеша надошт, ки ба ӯ ва писараш зиёне расонанд. Ҳарчанд фарзанди мулки Хутал буд, дар водии Вахш ба воя расида, барои мардуми кишвар одами худӣ маҳсуб меёфт. Дар дил заррае ҳисси маҳалгароӣ надошт. Ҳангоми даргириҳо ин ё он тарафро дастгирӣ намекард. Чун аҳли зиё андеша дошт, ки ин амалҳо теша ба решаи миллат задан аст.

Ӯро ҳамроҳи писари наврасаш бурданд, вале на ба назди роҳбарашон, балки ба хилватгоҳе барои қатл. На танҳо риштаи умри худи ӯ, балки наслашро низ буриданд. Гӯё бо ҷурми атеист будан, яъне бехудоӣ.

Ҳарчанд бо тақозои замон Шарифамоҳ мудири шуъбаи рӯзномаи вилоятӣ ва корманди нашрияи Ҳизби коммунист буд, вале ӯро ҳаргиз худобехабар номидан мумкин набуд. Аммо ӯро гунаҳкор донистанд ва ҳамин тавр, яке аз рӯзноманигорони шинохта — Шарифамоҳи Кишвар аз дасти наҳзатиёни ҷаҳолатпеша номардона ва бераҳмона ба қатл расонда шуд.

Гулнигори Шафеъ