Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№20 (4126) 13.02.2020

Дар Озарбойҷон интихоботи пеш аз муҳлат баргузор шуд

озорбойДар Ҷумҳурии Озарбойҷон 9 феврали соли ҷорӣ интихоботи пеш аз муҳлати парламентӣ баргузор шуд. Ёдовар мешавем, ки 2 декабри соли 2019 Маҷлиси миллии Озарбойҷон ба Президенти кишвар Илҳом Алиев роҷеъ ба қатъи ваколати парламент ва баргузории интихоботи пеш аз муҳлат муроҷиат карда буд.

Раиси Комиссияи марказии интихоботи Озарбойҷон Мазоҳир Панахов 10-уми феврали соли ҷорӣ натиҷаҳои пешакии интихоботро эълон намуд. Тибқи хабарҳои расида, аъзои ҳизби ҳокими «Озарбойҷони нав» аксари овозҳоро ба даст овард ва аз 125 курсии парламент беш аз 80 ҷойро соҳиб гардид.

- Интихоботи парламентӣ дар Озарбойҷон шаффоф, боварибахш ва демократӣ гузашт, — иброз дошт сарвари ҳайати намояндагони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), муовини котиби генералии СҲШ Шералӣ Ҷононов.

Агентии «Новости»

Пешниҳод барои тағйирот даровардан ба Конститутсия давом дорад

ЖирикРаиси Ҳизби либерал-демократии Федератсияи Россия Владимир Жириновский пешниҳод кард, ки минбаъд Думаи давлатӣ аъзои ҳукуматро на танҳо тасдиқ намояд, балки ҳуқуқи қатъи ваколати онҳоро низ дошта бошад. Ҳамчунин, аъзои ин ҳизб мехоҳанд дар Конститутсия ба ҷои «Мо, халқи сермиллати Федератсияи Россия» навишта шавад: «Мо, русҳо ва дигар халқҳои Россия».

Дар Думаи давлатӣ пешниҳодоти марбут ба Конститутсия якчанд маротиба баррасӣ гардид. Қабули пешниҳодҳо аз ҷониби гурӯҳи корӣ то 14 феврали соли ҷорӣ идома ёфт.

 Маркази матбуоти «Думаи давлатӣ»

Дар Украина мехоҳанд Конститутсияро дигар кунанд

КраинВобаста ба ин масъала ба Рада лоиҳаи қонун пешниҳод гардидааст. Агар ин санад қабул шавад, интихоботи оянда дар мамлакат ба тарзи нав баргузор мешавад. Дар ин робита, пешниҳоди ба ҷойи 450 то ба 300 нафар расонидани вакилон дар хониши аввал қабул шуд. Ба тарафдории ин пешниҳод 236 вакил овоз дод, 40 нафар зид баромад ва 86 вакил бетарафиро ихтиёр кард. Тибқи пешниҳодҳои нав номзад ба вакилии парламент бояд ҳатман забони украиниро донад ва на камтар аз панҷ сол дар мамлакат зиндагӣ карда бошад. Муҳлати фаъолияти вакилон дар Рада бетағйир боқӣ мемонад, яъне панҷ сол. Агар пешниҳоди тағйирот ба Конститутсия қабул шавад, вакилон то анҷоми муҳлати фаъолияти парламенти ҳозира, яъне, то соли 2024 ва интихоботи навбатӣ, дар Рада фаъолияташонро идома медиҳанд.

Ахбори «Mail.ru»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»