Аз фаъолияти парлумонҳои ҷаҳон

№104 (4054) 29.08.2019

Вакилони Думаи давлатӣ нахоҳанд гузошт, ки хориҷиён ба корҳои дохилии Россия дахолат кунанд

1Дар Думаи давлатӣ Комиссия оид ба таҳқиқи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии Россия таъсис дода шуд.  Онро, ки аз 12 вакил иборат аст, раиси Кумита оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия, намояндаи «Единая Россия» Василий Пес­карёв роҳбарӣ мекунад. Инчунин, аз ҳар фраксия якнафарӣ (чор нафар) муовини раис интихоб гардидаанд.

- Бисёр мушоҳида менамоем, ки дар шабакаҳои иттилоотии давлатии кишварҳои хориҷӣ туҳмату буҳтон мезананд, мардумро ба нооромӣ даъват мекунанд. Бинобар ин, ҳамчун намояндаи мардум наметавонем, ки дар чунин ҳолат ором бошем, — иброз доштааст раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин.

Аъзои комиссия дар ҷаласаҳо на танҳо журналистон, балки дипломатҳои хориҷиро низ даъват ва ноҳақ будани кишварҳояшонро бо далелҳои қотеъ исбот хоҳанд кард.

«Аргументы и факты»

Мошинҳои куҳна «ба нафақа»

3Вакилони Кумита оид ба саноати Думаи давлатии Федератсияи Россия пешниҳод намудаанд, ки истифодаи мошинҳои куҳна дар кишвар манъ карда шавад. Ин тадбир ба хотири беҳбуд бахшидани вазъи экологӣ андешида шудааст. Дар ин бора ба вазоратҳои нақлиёт ва савдою саноат тавсия пешниҳод гардида, истеҳсолкунандагони ширкатҳои автомобилӣ онро якдилона дастгирӣ кардаанд.

- Аммо хуб мебуд, ки истифодаи  мошинҳои куҳнаро манъ накарда, барои ҳавасмандгардонии фурӯши мошинҳои нав тадбирҳо меандешиданд, — гуфтаанд дар Вазорати саноат ва савдо.

Тибқи маълумоти Бозрасии давлатии нақлиёти автомобилӣ, айни ҳол дар Россия аз 60,5 миллион воситаи нақлиёт 20,9 миллиони он беш аз 15 сол аст, ки дар истифода қарор доранд.

«Коммерсант»

 Теъдоди кумитаҳои Радаи Олиро кам карданианд

4Дар парламенти нави Украина (Радаи Олӣ) нақша доранд, ки теъдоди кумитаҳоро кам кунанд. Чунин пешниҳод аз ҷониби намояндаи ҳизби «Хизматгори халқ» («Слуга народа») ироа гардидааст.

Алҳол дар Радаи Олӣ 27 кумита амал мекунад ва мехоҳанд шумораи онҳоро ба 22 адад расонанд.

 «РБК-Украина»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»