Аз нишастҳои матбуотӣ

№83 (3229) 30.07.2014

Боркашонӣ нисбат ба соли гузашта зиёд аст

Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» нишасти матбуотӣ доир гардид.

Нишастро муовини сардори корхонаи фавқуззикр Усмон  Қаландаров оғоз намуд. Аз гузориш маълум шуд, ки боркашонӣ 2 млн. 498 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 122 ҳазор тонна  зиёд мебошад.

Содироти молҳои хоҷагии халқ 259 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,6 ҳазор тонна кам мебошад. Дар ҳамин радиф воридоти маҳсулот 2 млн. 157 ҳазор тоннаро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 159 ҳазор тонна зиёд аст. Давоми давраи ҳисоботӣ воридоти молҳо нисбат ба содирот 1 млн. 898 ҳазор тонна ё 8,3 маротиба зиёд мебошад.

Ба тоҷирон, соҳибкорон ва кишоварзони ватанӣ барои кашонидани маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи якуми соли 2014 бо вагонҳои рефрижератории КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 50 фоиз, Ӯзбекистон 40 фоиз ва Туркманистон 40 фоиз сабукӣ дода шуд.

Давоми нимсолаи аввал ба 211,4 ҳазор мусофир хизматрасонӣ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 14,3 ҳазор мусофир кам мебошад.

Айни замон, дар хатсайрҳои «Душанбе- Москва» (ҳафтае се маротиба) ва «Хуҷанд- Москва» (ҳафтае як маротиба) қатораҳо ҳаракат мекунанд. Бо сабаби кам будани мусофирон хатсайри «Душанбе- Конибодом» муваққатан боздошта шуд.

Дар ин муддат 33 вагони боркаш ва чор вагони мусофирбар аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.

Ҳоло парки КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз 2269 вагони боркаш, 441 вагони мусофирбар  ва 56 тепловоз иборат аст. Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати қатораҳо ба маблағи 4 млн. 750 ҳазор сомонӣ таъмири асосии хатти роҳ гузаронида, корҳои сохтмони асосӣ ба маблағи 33 млн. 427 ҳазор сомонӣ амалӣ шудааст. Барои идомаи сохтмони роҳи оҳани «Душанбе- Қӯрғонтеппа» дар нимсолаи якуми  соли 2014-ум 14 млн. 792 ҳазор сомонӣ харҷ шуда, аз оғози сохтмон то имрӯз корхона барои иншооти мазкур 209,7 млн. сомонӣ сарф намудааст.

Т. НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»

Таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи қонунҳо

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 24 лоиҳаки қонун ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Ҳамзамон ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, дар ин самт идома дорад, — гуфт дар нишасти матбуотӣ вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод.

Воридшавии ҳуҷҷатҳои иҷро ба истеҳсолоти иҷрочиёни суд сол то сол зиёд гардида истодааст. Агар дар соли 2008 ба истеҳсолоти иҷрочиёни суд 23 ҳазору 177 адад ҳуҷҷатҳои иҷро ворид гардида бошад, ин шумора дар соли 2013 қариб ба 40 000 адад расидааст. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ бошад, ба истеҳсолоти иҷрочиёни суд 23 286 ҳуҷҷати иҷро ворид гардид. Яке аз омилҳои зиёд гаштани сарбории иҷрочиёни суд татбиқи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ мебошад, ки дар натиҷаи он ваколатҳои суд дар баррасии парвандаҳо, алалхусус парвандаҳои маъмурӣ зиёд гаштаанд. Теъдоди судяҳои судҳои ҷумҳурӣ бо татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили соҳаи ҳуқуқи маъмурӣ ва оилавӣ зиёд гардида, бе дарназардошти Суди конститутсионӣ ва Суди Олии Тоҷикистон ба 394 нафар расидааст.

Сарбории иҷрочиёни суд нисбат ба соли 2008 –ум 58,5 фоиз зиёд гардидааст, ки сабабаш гузаронидани муҳлати амалҳои иҷро ва таври дахлдор иҷро нагардидани ҳуҷҷатҳои иҷро аз ҷониби иҷрочиёни суд мебошад.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

Бунёди манора барои идоракунии парвозҳо

Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Анвар Махсудов  зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки давоми шаш моҳи соли равон ба 190 ширкати ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ хизматрасонӣ сурат гирифт. Аз ин теъдод 21 ширкати иҷрокунандаи парвозҳои доимӣ ва 169 ширкати иҷрокунандаи парвозҳои номунтазам мебошанд.

Аз рӯйи таҳлилҳо ширкатҳои авиатсионӣ барои иҷрои парвозҳо ба фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ аз 130 навъ ҳавопаймоҳо истифода мебаранд.

Дар нимсолаи аввали соли 2014 пардохтҳои корхона ба Буҷети давлатӣ 8 006 512 сомониро ташкил  додааст.

Қарзҳои дебиторӣ то 24 июли соли равон беш аз 4,3 миллион сомонӣ буда, асосан ба ҶСК «Тоҷик Эйр» — 3 279 962 сомонӣ, ҶДММ «Сомон Эйр» -360 480 сомонӣ ва ҶСП «Ист Эйр» -708 693 сомонӣ тааллуқ дорад.

Дар ин давра барои сабук намудани кори халабонҳо оид ба пешгӯйии вазъи обу ҳаво аз давлати Финландия таҷҳизоти муосири метеорологӣ ворид карда шудааст. Ин таҷҳизоти муосир имкони сари вақт расонидани маълумот оид ба вазъи ҳаворо ба халабонҳо дорад.

- Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи бехатарии парвозҳо шурӯъ аз моҳи октябри соли равон, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Франсия дар қисмати шарқии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бунёди манора барои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ба нақша гирифта шудааст. Баландии он 36 метрро ташкил дода, дар назар аст то охири соли 2015 мавриди истифода қарор ёбад,- гуфт Анвар Махсудов.

Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»

Содироти барқ афзудааст

- Дар нимсолаи аввали соли 2014 истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 8 миллиарду 182,33 миллион кВт.соатро ташкил дода, ШСХК «Барқи Тоҷик» аз НБО-и «Сангтӯда-1» ва НБО-и «Сангтӯда-2» мутаносибан 999,6 млн. ва 281,8 млн. кВт.соат неруи барқ харидорӣ намуда, ба фурӯш баровард- иттилоъ дод зимни нишасти матбуотӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода

Зикр гардид, ки дар ин давра 496,9 млн.кВт.соат неруи барқ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон содирот карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 135,2 млн.кВт. соат зиёд аст.

Номбурда гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2014 аз ҷониби сохторҳои дахлдори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба бунёди неругоҳҳои барқи обии «Санобод», «Нуробод-1», «Нуробод-2», «Сангвор», «Себзор» ва «Айнӣ» корҳои омодагӣ ба анҷом расиданд. Дар ин давра бо ҷалби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва сармоягузорони ватанӣ корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони даҳ НБО-и хурд бо иқтидорҳои аз 15 то 10000 кВт.соат ба роҳ монда шудааст. Шумораи неругоҳҳои барқи обии хурд дар ҷумҳурӣ 310 адад буда, аз он 169 ададаш тамоми фасли сол ва боқимонда дар мавсими маҳдудияти қувваи барқ истифода бурда мешавад.

Ш. АТОБУЛЛО, «Садои мардум»

Ба тарбияи кадрҳо диққати махсус зоҳир мегардад

26 июли соли 2014 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти муассиса дар нимсолаи аввали соли равон нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Ректори донишкадаи мазкур  Абдулҳаким Розиқзода зимни баромадаш зикр кард, ки фаъолияти  Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи давлатии таълимӣ ба тайёр кардани кадрҳо, такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ  равона гардидааст.

Дар нимсолаи аввали соли равон бо мақсади ба вуҷуд овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолият Оиннома, Низомнома оид ба низоми кредитии таҳсил ва бештар аз 15 низомномаву санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари фаъолияти донишкада таҳия, тасдиқ ва мавриди амал  қарор  дода шуданд.  Айни ҳол аз рӯйи ихтисоси идоракунии ҳайат 33 нафар таҳсил менамоянд, ки 11 нафарашон духтарон мебошанд.

Дар маҷмӯъ, давоми шаш моҳ дар донишкада як курси азнавтайёркунӣ, шаш курси такмили ихтисос ва нуҳ курси сайёрро муҳассилин хатм намуданд. Дар 16 курси такмили ихтисос  730 нафар соҳиби «Шаҳодатнома» ва «Гувоҳнома» гардиданд, ки 171  нафарашон занон мебошанд. Курсҳои азнавтайёркунии касбӣ ва такмили ихтисос  дар сатҳи зарурӣ гузаронида шуданд. Сифати машғулиятҳо низ  ба талабот ҷавобгӯ буд.

Р. ҲАБИБОВ, «Садои мардум»

Ҷамъоварии ғайриқаноатбахши  шаш намуди андоз буҷетро аз 91, 4 миллион сомонӣ маҳрум кард

Муовини якуми вазири молияи мамлакат Ҷамолиддин Нуралиев зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки  дар нимсолаи аввали соли 2014 ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ 17,9 млрд. сомониро ташкил дода, афзоиши реалии он ба 6,7 фоиз баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Меъёри таваррум дар давраи  фавқуззикр 4,5 фоизро ташкил дода, дар сатҳи муқарраргардида нигоҳ дошта шудааст. Дар ҳамин радиф, музди миёнаи меҳнат нисбат ба соли гузашта 21,7 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра идоракунии молияи давлатӣ зери назорати доимӣ қарор гирифта, иҷрои Буҷети давлатӣ ба андозаи 102,4 фоиз таъмин ва ба он зиёда аз 6,0 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки он нисбат ба нақша 141,5 млн. сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 806,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҷамолиддин Нуралиев аз он изҳори  нигаронӣ намуд, ки Буҷети давлатӣ аз рӯи шаш намуди андоз, аз ҷумла андоз аз фоида ба маблағи 3,6 млн. сомонӣ, андоз аз фурӯш- 35,1 млн. сомонӣ, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард-  5,7 млн. сомонӣ, андоз аз арзиши иловашуда (дохилӣ)- 8,3 млн. сомонӣ, боҷи гумрукӣ -31,6 млн. сомонӣ ва андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ- 7,1 млн. сомонӣ таъмин нагардидааст. Ин падидаи манфӣ боиси он шуд, ки буҷет аз 91,4 млн. сомонӣ маҳрум гардад.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»

78 намуд маҳсулот содирот мешавад

Зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи соли ҷорӣ вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода иттилоъ дод, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишвар дар ин давра 4 млрд. 554,6 миллион сомониро ташкил дода, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 102,9 фоиз баробар шуд.

Номбурда зикр кард, ки рушди саноат, ғайр аз ноҳияҳои тобеи марказ, дар дигар минтақаҳо барзиёд таъмин гардид. Ҳаҷми маҳсулоти содиротшуда  ба 521 миллион доллари ИМА баробар шудааст. Зикр гардид, ки айни ҳол аз ҷумҳурӣ 78 намуди маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот шуда, қисмати асосии содиротро пахта ва алюминий ташкил медиҳад.  Давоми шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 163 корхонаву коргоҳҳои нав бо 2875 ҷойи корӣ таъсис ёфтаанд.

 Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

Ба нархномаи хизматрасониҳо тағйирот ворид гардид

Сардори  Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусамад Раҷабзода дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори молу мавод ва хизматрасониҳои муайян мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд,  63 ададро ташкил медиҳанд.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гандум ба ҷумҳурӣ асосан аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шудааст. Соли 2013-ум 640, 2 ҳазор тонна гандум бо нархи  326 доллари ИМА барои як тонна ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2012-ум 106,9 ҳазор тонна кам мебошад. Дар ҳамин давра  232,4 ҳазор тонна орд бо нархи 425 доллари ИМА барои як тонна ворид карда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2012-ум 113,0 ҳазор тонна кам мебошад.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 таҳти №376 «Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ»  нархи истифодаи неруи барқ барои ҳамаи гурӯҳҳои истифодабарандагон аз 1 июли соли равон  15 фоиз баланд бардошта шуд. Тибқи пешниҳоди КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба нархномаҳои хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи партовобҳои корхонаву ташкилотҳои зертобеи он тағйирот ворид карда шуд.

-Дар ин муддат 17 аризаи шаҳрвандон оид ба вайрон намудани ҳуқуқи истеъмолиашон ворид шудааст, ки дар натиҷаи баррасӣ ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ҳимоя  гардида, маблағи барзиёд ситонидашуда ба истеъмолкунандагон бозпас гардонида шуд, — гуфт дар хотима  Абдусамад Раҷабзода.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»