Паём - дар маркази диққат

Ба ояндаи нек бовар доранд

№20 (4126) 13.02.2020

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми сарбаланди вилояти Суғд, ки бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат баҳри ободониву бунёдкориҳо, хусусан, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии ҳаматарафа мебинанд, рӯҳу илҳоми тоза бахшидааст. Одамони касбу кори гуногун зимни суҳбат Паёми Пешвои миллатро дастури созанда барои фардои нек арзёбӣ карданд.

Мирзомуъмин Бобоев, меъмор:

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба мо, меъморон низ, дастурҳои созанда доданд. Аз ҷумла, муваззаф сохтанд, ки дар вақти таҳияи нақшаҳои шаҳраку деҳот, банақшагирии бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва иншооти дигар риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ ва сифати масолеҳи сохтмониро таъмин намоем.

Татбиқи ин дастури созандаро мо аллакай оғоз бахшидаем ва боиси хурсандӣ аст, ки соли гузашта якчанд иншооти ҳаётан муҳими мо — лоиҳакашҳо тарҳрезикарда, аз ҷумла, боғчаи бачагона барои 320 кӯдак ва майдони Қаҳрамони халқи тоҷик Деваштич дар ноҳияи Деваштич, тарабхонаи «Темурмалик» ва роҳи ҳавоии болои дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд, дар маҷмӯъ, нуҳ иншоот, аз тарафи Пешвои миллат баҳои баланд гирифт.

Имрӯзҳо бунёди боғи ситорашиноси маъруфи тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар соҳили рости дарё бо расадхонаи муосир, навсозиҳо дар шаҳраки Саразм, бо дарназардошти тарҳи қадимаи он, босуръат идома доранд, ки лоиҳаи онҳоро баъд аз омӯзиши амиқи замонҳои қадим тарҳрезӣ кардем. Умед дорем, ки соли ҷорӣ ин лоиҳаҳо низ аз ҷониби меҳмонони олиқадр, бахусус, Пешвои миллат, ки иштирокашон дар расми кушодани онҳо мадди назар аст, баҳои баланд хоҳанд гирифт.

Қосимҷон Юлдошев, кишоварз:

- Якчанд сол муқаддам Сарвари давлат зимни ташрифашон ба деҳаи Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба самаранок истифода бурдани замин, дар як мавсим аз як қитъа гирифтани ду — се ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироати асосӣ — пахта, дастурҳои мушаххас дода буданд. Охири соли гузашта дар Паём таъкид карданд, ки «Баланд бардош­тани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими фаъолияти олимон ва кишоварзон дар ин самт ба ҳисоб меравад».

Маҳз татбиқи чунин дастурҳои созандаи Пешвои миллат боис гардид, ки соли гузашта кишоварзони вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахтаро барзиёд иҷро карданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бори нахуст дар вилоят истеҳсоли пахта ба 129 ҳазору 500 тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 2018 — ум 18 ҳазор тонна зиёд аст. Аксар мегӯянд, ки ин аз ҳисоби афзун кардани майдони кишт (назар ба соли пешин 1260 гектар зиёд) муяссар шудааст. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ба ин гуна муваффақият танҳо бо васеъ кардани майдони кишт ноил гардидан маҳол аст. Замин меҳнатро дӯст медорад. Ба қавле, ба замин медиҳеду мегиред.

Соли рафта дар натиҷаи инҷиқиҳои табиат, деҳқонони вилоятро зарур омад, ки дар майдони 8000 гектар кишти дубора гузаронанд. Вале, боиси хушнудист, ки новобаста ба ин дар натиҷаи меҳнати софдилонаи деҳқонон ҳосилнокии ҳар гектар ба 22,8 сентнер пахта расонида шуд, ки назар ба як соли пеш 2,8 сентнерӣ зиёд аст.

Шоира Бузрукова, табиби амрози занона:

- Баъди ошноӣ бо муҳтавои Паёми Пешвои миллат мо, табибон, бори дигар боварии комил ҳосил кардем, ки соҳаи ҳаётан муҳим-тандурустӣ ҳамеша дар мадди назари Роҳбари давлат қарор дорад. Ба ҳамин хотир аст, ки ба соҳаи тандурустӣ тибқи дастури Пешвои миллат нисбат ба соли 2019-ум 6 фоиз бештар маблағ пешбинӣ гардид.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат мо аҳд кардем, ки бо садоқат ба қасами ёдкардаи хеш ба халқу Ватан хизмат кунем. Баҳри рушду нумӯи соҳа, ба воя расонидани насли солиму нави ҷомеа кӯшишу ғайрат намоем.

Соли гузашта дар таваллудхонаи вилоятӣ зиёда аз 6000 кӯдак ба дунё омад. Ба мо муяссар шуд, ки фавти модару кӯдак­ро нисбат ба солҳои пешин паст гардонем.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба таваллудхонаи вилоятӣ ташриф оварда, ба масъулони соҳа дастур доданд, ки бо дарназардошти таҷрибаи бойи корӣ дар заминаи таваллудхонаи вилоятӣ Маркази перенатиалӣ, яъне, Маркази модару кӯдаки муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири соҳа таъсис дода шавад. Ҳоло лоиҳакашии сохтмони бинои нав оғоз шудааст. Умед дорем, ки сохтмони он ҳар чӣ зудтар ба итмом мерасад ва маркази номбурда боиси беш аз пеш солиму бардам ба дунё омадани тифлон мегардад.

Абдуҷаббор Шоев, масъули Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон:

- Таҷрибаи зиндагӣ борҳо собит намудааст, ки барои хушбахтии инсон аз тинҷиву амонӣ, аз сулҳу ваҳдат дида, омили муҳимтаре вуҷуд надорад.

Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид шуд. Ҳамчунин, бобати дар сатҳи баланди сиёсӣ гузарониднаи маъракаи муҳим-интихобот изҳор доштанд, ки «ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандонро даъват менамоям, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда талош кунанд, то ки ин чорабинӣ ба таҳкими боз ҳам бештари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия дар кишвари соҳибистиқлоламон мусоидат намояд».

Албатта, қарзи шаҳрвандиву инсонии ҳар сокини кишвар аст, ки баҳри татбиқи ин дастури созандаву ваҳдатофари Пешвои миллат кӯшиш намояд. Охир, маҳз ба шарофати суботу оромӣ дар кишвари мо ободкориҳо вусъати тоза гирифта, соҳаҳои хоҷагии халқ рушд карданд. Мехоҳам аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки он ҷо кору зиндагӣ дорам, мисол биёрам. Имрӯз маркази ноҳияамон — Меҳрон бо мавриди истифода қарор гирифтани якчанд иншооти ҳаётан муҳим шукӯҳу шаҳомати тоза касб кардааст.

Мулоқоти Роҳбари давлат бо сокинон, дастуру супоришҳои созандаашон ба мо — мардуми сарбаланди Кӯҳистони Масчоҳ рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Дар ноҳия нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ пурраву барзиёд иҷро шуданд ва мо ин ҳамаро аз файзи қудуми мубораки Пешвои миллатамон медонем.

Ашӯрбой Ашӯров, саноатчӣ:

- Пешвои миллат дар Паём аз ҷараёни иҷрои барномаҳои қабулгардида дар самти саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудааст, изҳори нигаронӣ карда, дастур доданд, ки «доир ба интихоби минтақаҳо тибқи занҷираи «ашёи хом-истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ — дарёфти бозори фурӯш» тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд».

Ба андешаи ман, ин дастури созанда бояд сармашқи кори ҳар як саноатчӣ бошад. Новобаста ба он ки тибқи маълумоти оморӣ дар вилоят рушди соҳаи саноат, дар маҷмӯъ, таъмин гардида, қадами ҷиддие ба сӯи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат гузошта шудааст, бояд баҳри татбиқи занҷираи мазкур чораҳои зиёди дигар андешида шаванд. Хусусан, зарур аст, ки хатҳои технологии заводҳои коркарди пахта, ки сарчашмаи асосии таъмин бо ашёи хоми корхонаҳои саноатианд, навсозӣ гарданд.

Дар коргоҳе, ки камина кор мекунам (ҶСП «Суғдстандарткоттон», воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов), ҳоло баҳри иҷрои дастури Пешвои миллат тадбирҳои амалӣ андешида истодаанд. Аз ҷумла, бо такмили хатти технологии истеҳсолот мо тавонистем баромади нахи софро аз ҳар як тонна ашёи хом ба 37 дарсад расонем, ки нишондиҳандаи беҳтарин аст.

Таҳияи Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»