Ба рӯди пурганҷ носипосӣ накунем!

№104 (4366) 17.08.2021

коллажДар гармои тоқатфарсо, ки ҳарорати ҳаво аз 40 дараҷа баланд аст, дар соҳили дарё дам гирифтану аз оби зулоли он нӯшидан аҷаб кайфият дорад. Рӯди шӯху тезоби Варзоб аз ҷумлаи ҳамин гуна дарёҳост, ки ҳар рӯзи тобис­тон ҳазорон нафар дар соҳилаш истироҳат намуда, оби сарду дармонбахши онро менӯшанд. Ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 400 ҳазор сокини шаҳри Душанбе тавассути шабакаи мутамаркази обтаъминкунӣ аз оби дарёи Варзоб истифода мебаранд.

Рӯди Варзоб аз дарёи Зиддӣ сарчашма гирифта, дарозии он 71 километр аст. Он дар наздикии кӯпруки хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт бо дарёи Лучоб якҷо шуда, номи Душанберо мегирад. Сипас, дар мавзеи Гулбутта ба дарёи Кофарниҳон мерезад. Кофарниҳон дар ноҳияи Шаҳритус ба Амударё ҳамроҳ шуда, то баҳри Арал меравад.

Дар дохили шаҳри Душанбе аз болои он 7 пули одамгузару мошингард, пули роҳи оҳан ва қубургузар сохта шудааст. Аз оби дарё кӯлҳои Варзоби боло, Варзоби поён ва «Ҷавонон» пур мешаванд. Дар ин рӯд се неругоҳи барқи обӣ сохта шудааст, ки манзили сокинони гирду атрофро чароғон мекунанд. Нахустин неругоҳи барқи обии мамлакат нимаи солҳои сиюми асри бист маҳз дар ҳамин дарё сохта шудааст. Як қисми оби дарёи Варзоб тавассути Канали калони Ҳисор киштзорҳои шаҳру ноҳияҳои Ҳисору Турсунзода, Рӯдакию Шаҳринав ва як қисми ноҳияҳои вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро шодоб мегардонад.

Мутаассифона, шахсоне ҳам ёфт мешаванд, ки ба рӯди пурганҷ носипосӣ карда, ба соҳилҳояш партов меафкананду оби поку зулоли онро ифлос менамоянд. Бо мақсади покиза нигоҳ доштани соҳили он аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо сокинони деҳоти ноҳия аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуда, партовҳои ҷамъшуда ба партовгоҳи марказии шаҳри Душанбе интиқол дода мешаванд.

Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш сафари Клуби экожурналистон ба соҳили дарёи Варзоб сурат гирифт. Рӯзноманигорон ҳамроҳи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва нозирони ҷангали ноҳияи Варзоб дар аксияи навбатии «Тозагии соҳил» ширкат варзида, партовҳои километри 20 — уми шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд — Чанок ва соҳили дарёи Варзобро дар халтаҳои махсус ҷамъоварӣ намуданд. Тавре шоҳид гардидем, баъзе аз истироҳаткунандагон ва мусофирони шоҳроҳ зарфҳои пластикӣ, қуттиҳои сигор, зарфҳои металлию шишагини нӯшокиҳои энергетикию спиртдорро ба соҳили дарёву канори роҳ мепартоянд, ки аз маърифати пасти экологии онҳо гувоҳӣ медиҳад. Хуб мешуд, ки дар ҳар ҷойи канори роҳи зикршуда камераҳои назоратӣ насб гардида, ифлос­кунандагони табиат ҷарима шаванд. Дар он сурат ронандагон мусофиронро пешакӣ огоҳ хоҳанд кард, ки партовҳоро аз тиреза ба берун ҳаво надиҳанд.

Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити ­зисти ноҳияи Варзоб Нуралӣ Холов иброз намуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон ҳангоми бурдани назорати давлатӣ ва гузаронидани амалиёт аз тарафи мутахассисон нисбат ба 67 нафар барои қонунвайронкунӣ дар самти ҳифзи муҳити зист протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз муҷримон ба маблағи 7440 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Агар соли 2018 нисбат ба қонунвайронкунӣ дар самти муҳити зист 30 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда бошад, соли 2020 ин рақам ба 51 адад расид.

- Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бо сокинони деҳаҳои гирду атрофи дарё вохӯриҳо гузаронида, дар бораи зарурати пок нигоҳ доштани соҳил суҳбат мекунем. Зеро нозирон имкони шабонарӯзӣ назорат бурдани тозагии соҳилҳоро надоранд ва беҳтарин роҳи пок нигоҳ доштани табиат баланд бардоштани маърифати экологии аҳолист, — мегӯяд Нуралӣ Холов.

Ба гуфти сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукуров, сифати оби нӯшокие, ки ба сокинони пойтахти мамлакат интиқол мешавад, нисбат ба солҳои навадуми асри XX хеле беҳтар гаштааст. Чанд сол пеш рӯзҳои боронӣ оби нӯшокии нисфи сокинони шаҳри Душанбе лой мешуд. Чанд кас, бинобар истеъмоли оби ноҷӯшонда, гирифтори бемориҳои меъдаю рӯда ва домана шуданд. Ба шарофати амали дастаҷамъонаи сохторҳои масъул вазъи соҳили дарёи Варзоб ва таҳшину безараргардонии об беҳтар гардид. Тибқи моддаи 11-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об инҳоянд: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Хадамоти назорати давлатӣ оид ба бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва КВД «Хоҷагии манзилии коммуналӣ».

- Бо мақсади пурзӯр намудани назорати давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об ҷиҳати мутобиқ намудани моддаи 27 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 173 — 179 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шуд, ки он баъд аз қабулу ҷонибдорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 январи соли 2021 имзо гардида, алъон мавриди амал қарор дорад. Инчунин, лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои ҳифзи санитарии объектҳои об, минтақаҳои ҳифзи оби дарёҳо, сойҳо, каналҳо, кӯлҳо, обанборҳо ва хатҳои муҳофизатии наздисоҳилӣ» ва «Усулҳои ҳисоб намудани андозаи зараре, ки ба объектҳои об дар натиҷаи риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон расонида мешавад» таҳия ва барои мувофиқа ба сохторҳои зидахл пешниҳод шудааст, — гуфт Исфандиёр Шукуров.

Ӯ, ҳамчунин, зикр намуд, ки масофаи иншоот аз хати муҳофизати манбаъҳои обӣ аз рӯи талаботи «Меъёрҳои минтақаҳои манбаъҳои обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян шудаанд. Тибқи он, иншооте, ки ба сифати оби дарё таъсири манфӣ мерасонанд, набояд дар соҳили манбаъҳои обӣ сохта шаванд, аз қабили нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, анборҳои заҳрхимикатҳо, фермаҳои чорводорӣ. Дар сурате ки партовҳои обӣ ва партовҳои сахти маишии иншооти мазкур ба манбаъҳои обӣ ­партофта намешаванд, онҳо метавонанд соҳили дарёро танҳо барои фароғати шаҳрвандон истифода намоянд.

- Корхонаҳои саноатӣ бояд талаботи марбут ба ҳифзи муҳити зистро қатъиян риоя намоянд. Бо пешниҳоди мақомоти ҳифзи муҳити зист дар яке аз анборҳои калони ҶСК «Маркази гармию барқдиҳӣ»-и Душанбе дар мавзеи Зиддӣ ҳавзҳои обтозакунӣ сохта шуд, ки оби боришот дар он тоза карда мешаванд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ аз 34 иншооти обпартовтозакунӣ 29 — тояш дар мувозинати КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва 5 адади дигар дар тавозуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Роғун, Норак ва Файзобод мебошанд, — гуфт Исфандиёр Шукуров.

Бо мақсади пок нигоҳ доштани соҳили дарёҳо соли 2018 дар ҷумҳурӣ 327 аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Соли гузашта 698 аксия доир гардид. Дар нимсолаи аввали соли равон 691 аксия гузаронида шудааст. Ин, албатта, хуб аст, вале беҳтар он мебуд, ки ҳамватанон аз рӯи виҷдону имон амал карда, ба канори роҳу соҳили дарёҳо партов напартоянду ба рӯди пурганҷе, ки оби зулолаш ба тани ҳазорон нафар дармон бахшида, ҳазорон гектар заминро шодоб мегардонад, носипосӣ накунанд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»