Аз Паём то Паём

Баҳром Иноятзода: «Истаравшан ба ҷойи дӯстдоштаи сайёҳон табдил хоҳад ёфт»

№148 (3785) 14.12.2017

 - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 фармудаанд, ки «Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад».

Шаҳри Истаравшан дорои имконият ва захираҳои сайёҳӣ буда, дар сурати рушд кардани соҳа шароити ғанӣ гардидани буҷаи шаҳр фароҳам мешавад. Дар шаҳр 150 ёдгории таърихӣ, 10 меҳмонхона ва 5 осоишгоҳ мавҷуд мебошанд. Имрӯз ҳам дар маҳаллаҳои он расму оини қадимаи миллӣ, хондани суруду таронаҳои халқӣ, ҳунарҳои халқӣ, аз қабили кандакорӣ, оҳангарӣ, наққошӣ, дегрезӣ, чармгарӣ, намадрезӣ, кашидадӯзӣ, шонатарошӣ, мисгарӣ, сангтарошӣ ва ғайра побарҷо буда, диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд.

Бахусус, дар шаҳр Қалъаи таърихии Муғ, мадрасаи Абдулатиф Султон, мавзеи Сабристон, мазори Шайх Абӯбакри Шиблӣ, мақбараи Абдулқодири Ҷелонӣ, маҷмааи Ҳазрати Шоҳ, Теппаи Тал ва даҳҳо дигар ёдгориҳое ҳастанд, ки тамошояшон барои сайёҳон ҷолиб мебошанд. Аз ин рӯ, осорхонаи табиӣ-мамнуъгоҳ эълон кардани шаҳрро бисёр олимони маълуму машҳури ҷаҳон низ тақозо кардаанд.

- Барои мисол, дар мақолаи «Шоҳроҳи абрешим-роҳи сулҳу ҳамкорӣ» (аз 21 майи соли 1991) олимони хориҷӣ Дмитрих Хуфф — профессори Пажӯҳишгоҳи бостоншиносии Олмон (Берлин), Киодза Като, — профессори Донишгоҳи Сока (Токио), ноиб-президенти Академияи ЮНЕСКО оид ба омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ — Аҳмад Ҳасан Донӣ, профессори Донишгоҳи Теҳрон — Носир Такмил Ҳумоюн, профессор Дияр Бикерли (Туркия), бостоншиноси маъруфи тоҷик Юсуфшо Яъқубшо ва дигарон, ки дар ҳайати корвони илмӣ-сафарии байналмилалии «Роҳи абрешим-роҳи тамос» 18 майи соли 1991 аз ин мавзеъ дидан карданд, ба унвонии ЮНЕСКО бо ин мазмун муроҷиатнома ирсол намуданд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади мубаддал сохтани шаҳр ба мавзеи сайру саёҳат ва туризм бо ташаббус ва ҷидду ҷаҳди раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода таъмиру таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Муғ босуръат идома дорад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан тасмим гирифтааст, ки Қалъаи Муғро, ки 7 гектар масоҳат дорад, азнавсозӣ намуда, ба макони сайри сайёҳони дохилию хориҷӣ табдил диҳад. Тибқи лоиҳае, ки бо фармоиши раиси шаҳр тавассути Муассисаи давлатии тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ таҳия гаштааст, дар он инчунин барои баргузор намудани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ амфитеатр бунёд хоҳад гашт.

Девораи 600-метраи мудофиавии қалъа, ки бо гузашти солиёни зиёд хароб гашта буд, пурра барқарор хоҳад шуд. Дар даромадгоҳи қалъа муҷассамаи яке аз ҳокимони маъруфи асри XIX-и шаҳр Рустамбек гузошта мешавад.

Ба ғайр аз ин, амсилаи маъбади оташи Бағонкад дар ҷойи қадимиаш (Муғ дар замони гузашта Оташкадаи зардуштиёни Истравшан будааст) ва қасри ҳокими шаҳр Рустамбек, ки пас аз Инқилоби Октябр хароб гардида буд, дар қисмати ҷанубу ғарбии қалъа аз нав сохта хоҳад шуд.

Соҳибкорони маҳаллӣ низ аз ин раванд дар канор намонда, иншооти хизматрасон, аз қабили меҳмонхона, ошхонаҳои ҳозиразамон сохта истодаанд. Дар шаҳр сохтмони иморатҳои 7-8 ва 9-ошёна бомаром идома дошта, лоиҳаҳои майдони Исмоили Сомонӣ, Парчам ва Нишони миллӣ таҳия шуда истодаанд.

- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин самт лоиҳаҳои мушаххас дорад, ки давра ба давра татбиқ мегарданд ва Истаравшан ба шаҳри пешрафтаю зебо, ҷойи дӯстдоштаи сайёҳон табдил хоҳад ёфт, — мегӯяд раиси шаҳр Баҳром Иноятзода.

 Ҳусейни Назрулло,

«Садои мардум»