Балҷувон. То сисолагии Истиқлолияти давлатӣ 305 иншоот ба истифода дода мешавад

№144 (3938) 28.11.2018

127 ноябри соли равон ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Балҷувон қасри нави фарҳанг мавриди истифода қарор гирифт, ки толори барҳавояш барои 360 ҷойи нишаст муқаррар гардидааст. 

Дар маросими ифтитоҳи он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, ҳамзамон раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, роҳбарону намояндагони як қатор вазорату кумита, идораҳои давлатии назди Ҳукумати мамлакат ва дигар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд.

- Барои бунёди иншоот, ки соли 2016 оғоз ёфт, панҷ миллиону 389 ҳазор сомонӣ сарф гардида, фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва пудратчиёни он ҶДММ «Бале ҷавон», ҶДММ «Сохтмони куллиён», ҶДММ «Нивелир-03», ҶДММ «Мунис С», ҶДММ «Аршсохтмон», ҶДММ «Юнус-98» ва ҶДММ «Нақлиё­ти дастрас» буданд, — гуфт дар суҳбат ба хабарнигорамон раиси ноҳия Зоирзода Маърифат Оймаҳмад.

Умуман, бахшида ба ҷашни миллии кишвар дар Балҷувон бунёди 305 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ду адади он аллакай ба истифода дода шуда, дар 43–тои дигар корҳои сохтмонӣ шурӯъ гардиданд.

«Садои мардум»