Баландахтар

№23 (4285) 20.02.2021

зухуров01Константин Симонов — журналисти ҷанг­номанависи рус дар осори сегонаи ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшидааш фармудааст: «Касе аз модар сарбоз таваллуд намешавад, сарбозро ба воя мерасонанд».

Магар ҷоиз нест чунин ифодаро дар ҳаққи сарбозони соҳаи амният бигӯем? Солҳои пурошӯби ҷангу ҷидолҳо дар ҷумҳурӣ басе ҳодисаҳои мудҳиш аз сар гузашт.

Он рӯзҳои пурфоҷиаро ба хотир меорем, перомуни он даҳшатафканиҳо ҳарф мезанем, то фардоиён аз онҳо сабақ бигиранд. Дар бораи ҷавонмардиву ҷоннисории онҳое ёдрас мешавем, ки зиндагиро сарфи ободиву озодӣ ва амнияти Ватан карданд.

Яке аз чунин инсонҳои матину шуҷоъ нахустин роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол Саидамир Зуҳуров аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ моҳи ноябри соли 1992 ба ин вазифа таъин гардид ва то ба рутбаи ҳарбии генерал — полковник мушарраф шудаву соҳиби нишони Спитамен, дараҷаи аввал гашт.

Вақте ки бо сарнавишти Саидамир Зуҳуров ошно мешавӣ, итминон ҳосил мекунӣ, ки бо амри тақдир касби пурифтихори чекист ба ӯ насиб шудаву ҳомии Ватан будан дар рагу пайвандаш ҷараён доштааст.

Интихоби номзадии Саидамир Зуҳуров ба вазифаи пурмасъулияти роҳбарии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасодуфӣ набуд. Он замон С. Зуҳуров дар Афғонистони ҳамсоя, ки оташи ҷанг аланга мезад, супоришҳои махсусро иҷро мекард ва дар захираи эҳтиётии Сарраёсати якуми КБД ИҶШС дар шаҳри Москва шомил ва мактаби бузурги касбият ва фаъолияти фавриро гузашта буд.

Вақте ки дар Тоҷикистон ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ муташанниҷ гардид, С. Зуҳуров хоҳиш намуд, ки ӯро аз шаҳри Москва ба Тоҷикистон ба кор фиристанд. Ӯ баъди ба ҷумҳурӣ омадан дар вазифаҳои роҳбарикунандаи Раёсати КБД дар шаҳри Кӯлоб кор кард.

Пас аз таъин шудан, ба вазифаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Саидамир Зуҳуров аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе омада, бо дили саршор аз меҳру садоқат даст ба кор шуд.

- Ҳоло шоҳиди пешрафти босуръати соҳаи коммуникатсия ва технологияи муосир ва раванди ихтилофоти низомҳои сиёсӣ мебошем, — мегӯяд ӯ ба ҳайати шахсӣ. — Ин омилҳо таҳдидҳои нави терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муқовимати иттилоотиро ба бор меоранд, яъне ­масъулияти ниҳоят азим ба дӯши масъулин вогузор мешавад. Аз ин рӯ, бояд моҳияти корро амиқ дарк кунем, манфиатҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ва давлат­ро дар мубориза ба таҳдидҳои мухолифони дохилӣ ва хориҷӣ муҳофизат намоем.

Иншооллоҳ сулҳу суботро барқарор мекунем, Тоҷикистон шукуфон хоҳад шуд. Чунон ки мегӯянд, агар даст захмӣ набошад, шумо метавонед заҳрро ҳам бо он бардоред. Заҳр ба дасте, ки ҷароҳат надошта бошад, зарар намерасонад. Касе, ки бад накунад, бад намебинад. Фаромӯш накунед, ҳама сирри мавҷудият озод будан аз тарс аст. Натарс аз он ки ба сарат чӣ меояд, ояндаат аз ин тағйир намеёбад, аммо зиндагии ҳозираат ором мегузарад.

Бо истифода аз қобилияти фавқулодаи кор ва заковати таҳлилӣ С. Зуҳуров ба нозукиҳои кору фаъолият дар мақомоти амният эътибори хоса медод. Масъалаҳои мубрами рӯзро таъҷилан ҳаллу фасл намуда, кореро ба фардо намегузошт. Ҳадафи ӯ ташкили чунон мақомоти амниятии давлатие буд, ки тавонад дар доираи салоҳияти касбӣ ҳама гуна вазифаи вазнинро сари вақт ва босифат иҷро намояд.

Вобаста ба талаботи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки 6 ноябри соли 1994 бо раъйи аксарияти мардуми кишвар қабул гардид, бо дарназардошти вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоиву сиёсии мамлакат, дар сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ як қатор тағйирот ба амал омада, якчанд раёсат ва шуъбаи ҷадид таъсис ёфт. Даҳҳо дастурамал ва низомномаи соҳавӣ оиди кору фаъолияти мақомоти амнияти мамлакат муҷаддадан омода ва тасвиб гардиданд.

Дар давраи барои ҷумҳурӣ ниҳоят вазнин аввал Бригадаи зудамали сарҳадӣ ва баъдан Раёсати сарҳадбонон дар назди КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуданд, ки онҳо минбаъд барои таъсиси қувваҳои сарҳадии Тоҷикистони соҳибистиқлол замина гузоштанд. Ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон бо дигар давлатҳои ҳамсоя, хусусан, бо Афғонистон, ҳамроҳ бо сарҳадчиёни Россия тақвият бахшида шуд. Аз сабаби он ки бисёр кормандони русзабони КДАМ-и Тоҷикистон бо сабабҳои маълум ҷумҳуриро тарк намуда, ба дигар кишварҳо рафтанд, дар мақомоти амнияти мамлакат ба дараҷаи кофӣ кормандон намерасиданд. Бинобар ин, дар муҳлати начандон дароз теъдоди зиёди кормандон ба КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд, ки таҷрибаи фаврӣ – ҷустуҷӯии кор дар мақомоти амниятро надош­танд. Аз ин рӯ, тадбирҳои зарурӣ барои омӯзонидани онҳо андешида ва ба амал татбиқ карда шуданд. Дар назди КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр намудани ҳайати шахсӣ таъсис ёфта, солҳои баъдӣ аввал ба Мактаби олӣ ва сониян ба Академияи КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуданд.

Қобили зикр аст, ки замоне Саидамир Зуҳуров роҳбари КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин шуд, бисёр чекистони соҳибтаҷриба ва касбии банафақабаромада ихтиёран ба фаъолияти фаврӣ баргаштанд. Онҳо ба хирад, далериву шуҷоат ва аз ҳама муҳим хоксориву фурӯтании С. Зуҳуров итминон доштанд. Чунон ки фармудаанд, созандагони ҷӯйҳо ба мардум об мерасонанд, камонварон бо тир ба шикор мераванд, устоҳо аз чӯби дарахтон хонаҳо месозанд, аммо фарзонагон фурӯтанӣ меомӯзанд.

Зимни роҳбарии С. Зуҳуров КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон симо ва эътиборашро дар назди аҳолӣ таври бояду шояд беҳбуд бахшида, фаъолияташ пурсамар гардид.

Аз ҷониби мақомоти амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо ташкилоти ғоратгар, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷиноятпеша, ки ғайриқонунӣ машғули интиқолу харидуфурӯши яроқи оташфишон ва маводи мухаддир буданд, безарар гардонида шуданд. Кормандони мақомоти амният бо сарварии С. Зуҳуров дар мавриди ба ­эътидол омадани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ Саидамир Зуҳуров ҳамроҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 1996 тавассути чархбол ба Хусдеҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон парвоз кард ва дар мулоқоти Ҷаноби Олӣ бо Бурҳониддин Раб­бонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ва роҳбари мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки масъалаи истиқрори сулҳу субот дар кишвар, бозгардонидани гурезагон ба Ватан матраҳ шуд, ширкат варзид.

Пас аз бозгашт чун шоҳиди айнии хиради асил ва заковати бемисли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту гуфтушунидҳо, мубаллиғи ­воқеии кору пайкор ва ҷасуриву ҷавонмардии Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон гардид. С. Зуҳуров сифатҳои ҳамидаи инсониву башардӯстонаи Ҷаноби Олиро миёни мардум ва аскарону афсарони ниҳодҳои қудратӣ содиқона тавсиф менамуд.

- Мо аз Пешвои миллат бояд дӯст ­доштани Ватанро, ки аз ниёгонамон мерос мондааст, ёд бигирем. Хизматҳои шабонарӯзӣ баҳри беҳбудии халқамон ва ҳамватанонамонро биомӯзем, — борҳо талқин кардааст С. Зуҳуров дар вохӯриву мулоқотҳо ба ҳайати шахсии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ. — Коре, ки ӯ дар мубориза бо мухолифини мусаллаҳ анҷом додааст ва ин, ки ӯ ба савгандаш дар назди мардум вафодор аст, инчунин, талошҳои фавқулодааш дар ин ҷода ӯро ба мартабаи баланди инсонӣ мерасонад ва номаш дар сафаҳоти пурифтихори таърих ҷовидона сабт хоҳад шуд…

Саидамир Зуҳуров моҳи марти соли 1997, вақте ки Баҳром, бародари калонии фармондеҳи саҳроии собиқ иттиҳоди мухолифини тоҷик Ризвон Садиров, дар минтақаи Обигарм чаҳор рӯзноманигори рус, панҷ корманди намояндагии СММ ва ду корманди Салиби сурхи байналмилалиро гаравгон гирифт, бениҳоят машҳур шуд. Баҳром талаби қатъӣ гузошт, то ки ба Ризвон ва ҳамдастонаш барои аз Афғонистон ба Тоҷикистон убур намудан «долон» кушода шавад. Тақрибан ду ҳафта ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Россия, инчунин Аҳмадшоҳи Мас­ъуд бо обрӯи бебаҳсаш натавонистанд, ки розигии Баҳромро барои озод кардани гаравгонҳо ҳосил кунанд. Каллабур ҳамоно дар талаб устувор буд, таҳдид мекард, ки асиронро ба қатл мерасонад.

Саидамир Зуҳуров он замон роҳбари мақомоти амнияти Тоҷикистон буд. Муддати тӯлонӣ дар андешаи чӣ гуна наҷот додани одамони осоишта буд ва чун роҳи дигар наёфт, тасмим гирифт, ки таваккал кунад. Ба ин қарор омад, ки танҳо бо Баҳром ба музокирот биравад. Қариб ҳама дар мақомоти амният зидди ин амали С. Зуҳуров буданд, вале ӯ аз рӯи суханони нависанда ва мутафаккири маъруфи амрикоӣ Ралф Валд Эмерсон амал намуда, чунин посух дод: «Дар ҳар ҷое ки зиндагӣ ҳаст, хатар низ ҳаст». Ва боз ӯ илова кард: «Мо медонистем, вақте ки барои чекист шудан розигӣ додем, худро аллакай гирифтори хатар кардаем». Бо ҳамин, бидуни силоҳ, ба мулоқоти каллабурон шитофт ва ихтиёран худро гаравгон гузошт, ба шарте ки Баҳром гаравгонҳои дигарро раҳо кунад. Ӯро ба ин кор виҷдони шаҳрвандияш водор кард, ки мавқеи шахсӣ, мардонагӣ ва албатта, ҷоннисориро талаб мекунад. Саидамир Зуҳуров ин ҷоннисориро огоҳона пазируфт ва ҳаёташро зери хатар гузошт.

Вақте ки Наполеон Бонапарти баасоратафтодаро англисҳо ба ҷазираи Еленаи Муқаддас дар уқёнуси Атлантика мефиристоданд, ӯ бо алам гуфта буд: «Ин аз қафаси оҳанини Темурланг бадтар аст». Саидамир Зуҳуров низ медонист, ки ба куҷо меравад ва дар кадом қафас ӯро ҷой мекунанд. Илова бар ин, каллабурон метавонистанд вазири амният будани вайро нодида бигиранд, зеро барои онҳо ҳама як хел арзиш доштанд, чӣ донишманд ва чӣ авом. Чӣ қадар одамони наҷиб он солҳо аз дасти онҳо ҳалок гардиданд. Аммо С. Зуҳуров — ҷавонмарди бидуни тарсу ҳарос интихоби дигар надошт.

Он замон ҳикматеро ба ёд оварда буд, ки фармуда: «Зиреҳи таваккал пӯшидаам ва кори худ ба вакили лутфи Ҳақ ­вогузоштаам…».

Пас аз якчанд рӯз Душанбе розӣ шуд, ки дар марзи давлатӣ «долон» бикушояд. Агарчӣ ҳама медонистанд, ки «Гург ба барра тараҳҳум нахоҳад кард, гулӯи онро бӯғӣ мебояд кард». Он замон роҳбарияти кишвар баҳри ҳифзи ҳаёти одамони комилан бегуноҳ ба ин кор розӣ шуд. Ин рафтори Саидамир Зуҳуровро ҷуз диловарӣ ва мардонагӣ чизе дигар номидан номумкин аст ва он ба таърихи амнияти кишвар ворид гардид.

Дар як ҷаласаи умумӣ Саидамир Зуҳуров ба ҳайати шахсии Кумитаи давлатии амният муроҷиат карда гуфт: «Боре иқтибосеро аз Диего Марадона, беҳтарин футболбози асри ХХ (ёдаш ба хайр), аз рӯи эътирофи FIFA, хонда будам: «Мураб­биён ҳаргиз ба пирӯзӣ дастёб нахоҳанд шуд, хоҳ ман бошам, хоҳ дигаре. Ғолибони ҳақиқӣ танҳо бозингаронанд». Пас, ба ҳар кору муваффақияте ҳамроҳ бо шумо, ҳамкасбонам, ноил шудаам. Хидматҳои маро муболиға накунед, дар ҳамаи ин хидматҳои шумо ҳам ҳаст».

Бояд зикр кард, ки бо шарофати дастгирии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон КДАМ-и кишвар ҳоло таҳти раисии генерал — полковник С. Ятимов на танҳо он арзишу анъанаҳои пеш дар ин мақомот бадастомадаро ҳифзу давом, балки онҳоро дучанд зиёд намуда, вазифаҳои вазнини гузошташударо баҳри таъмини амнияти давлату ҷамъият сарбаландона иҷро намуда истодааст.

С. Зуҳуров ба ҳайси муовини Сарвазири ҷумҳурӣ низ фаъолият кардааст. Ҳамчун муовини Сарвазир ӯ сарпарасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар буд ва то ҳол аз эҳтироми ҳама бархӯрдор мебошад. Ҳама хуб медонанд, ки ӯ дар мубориза бо гумош­тагони хориҷӣ, дасисабозон, террористон, мансабдорони фасодзада, тоҷирони маводи мухаддир ва аслиҳа кори зиёдро анҷом додааст.

Касе, ки бо Саидамир Зуҳуров шиносоӣ дошта бошад, тасдиқ мекунад, ки вай ходими давлатӣ, шахси содиқ ба Ватан ва савганди низомӣ мебошад, манфиатҳои халқ ва давлатро дар мадди аввал мегузорад. Ҳар касе, ки бо Саидамир Зуҳуров кор ва муошират кардааст, аз ӯ ҳамчун шахси хоксор ном мебарад. Ин фурӯтании ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ сохтакорӣ ва намоишӣ нест. Ин таҷаллии фитрати азалӣ ва табиати хоси инсонии ӯст.

Илова ба ин, ӯ беҳтарин саробони хонавода аст. Ҳашт фарзандро бо ахлоқи ҳамида тарбия ва ба камол расонидааст.

Мешуд, ки ҳама чиз хуб мебуд, аммо зиндагӣ чизи мураккаб аст. Саидамир Зуҳуров ҷарроҳии мураккаби дилро гузаронид. Ҳоло гаштугузор барояш андак душвор аст ва бештари вақтро дар хона сипарӣ мекунад. «Ин муъҷиза аст, муъҷизаи илоҳӣ, ки ман то ҳол зинда ҳастам», — мегӯяд ӯ.

Дӯстон, ҳамкасбон ва шогирдон зуд-зуд ба аёдаташ мераванд ва ӯ аз ин хушҳол мешавад. Агар касе чизе бипурсад, маслиҳатҳои муфид медиҳад.

20 феврал нахустин раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба синни мубораки 70-солагӣ қадам мегузорад. Мо — дӯстон ва ҳамкорон, ӯро самимона табрик мегӯем ва барояш саломатии бардавом, саодат ва рифоҳи оилавӣ орзу дорем.

Эзид, ки ҷаҳон ба панҷаи қудрати ӯст,

Додаст туро ду чиз, к-он ҳар ду накӯст.

Ҳам сирати он, ки дӯст дорӣ касро,

Ҳам сурати он, ки кас туро дорад дӯст.

 Х. ҲАМРОҚУЛОВ,

генерал — майори мустаъфӣ,

Э. МУҲИДДИНОВ,

генерал — майори мустаъфӣ,

Ҷ. МАДАМИНОВ,

полковники мустаъфӣ,

С. ҚУРБОНОВ,

рӯзноманигор, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони мақомоти амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон