Баргардондани кӯдакон аз Шарқи Наздик

№52 (3846) 28.04.2018

 Сурия (1)Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ,  25 апрели соли равон чаҳор кӯдаки тоҷик аз Ҷумҳурии Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд.

Бояд қайд кард, ки ҷиҳати иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Кувайт, Остона, Теҳрон, Анқара ва Москва якҷо бо Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоҳангсозии лозимаро бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ ва сохторҳои дахлдори ин кишвар анҷом доданд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»