Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2020

Бояд муттаҳиду сарҷамъ ва ҳушёр бошем

№108 (4214) 05.09.2020

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли моро маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш аст. Албатта, сабаби моҳе қабл аз анҷоми муҳлати ваколати Президент таъин намудани интихобот ба ҳама маълум аст. Аммо каминаро ҳамчун шаҳрванд ҷараёни воқеаҳо, хоса сару садоҳо аз беруни кишвар тавассути расонаҳои хабарӣ дар бораи он сахт ба ташвиш гузоштааст.

Маълум аст, ки иддае аз душманони миллат оромиву осудагии халқро намехоҳанд ва албатта, ин бо дасисаву фитнаи хоҷагони берунаи онҳо алоқаманд аст. Ҳол он ки ҳар фарди ватандӯст бояд сулҳу амонии кишварро қадр ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Охир моро гузаштаи на чандон дури кишвар, хоса рӯзҳои муташанниҷи сиёсиву иқтисодии мамлакат дар ибтидои солҳои 90-ум бояд сабақ бошад. Вале, сад афсӯс, тоифае ҳастанд, ки рӯзҳои вазнини ба сари давлатомадаро фаромӯш кардаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки чӣ гуна бар асари нофаҳмиҳо ва фитнаву найрангбозии доираи муайян ба сари сокинони мамлакат рӯзҳои сахттарину вазнинтарин — ҷанги бародаркуш омад. Биёед, ба омори дақиқи расмӣ рӯ меорем: ба касофати он ҷанги хонумонсӯз беш аз 1 млн. нафар ба хоки Афғонистон гуреза, 157 ҳазор нафар мардуми бегуноҳ кушта ва 58 ҳазор кӯдаки маъсум ятим шуданд. Инчунин, 25 ҳазор оила бе саробон мондаву 38 ҳазор ҳавлӣ сӯхтаву хокистар гардид. Аз ин нобасомониҳо зарари иқтисодӣ ба 10 млрд. доллар расид, ки барои барқарор кардани он даҳсолаҳо лозим омад. Вазнинтар аз ҳама, ҳазорҳо мутахассиси соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тарки ватан карданд. ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ»-и шаҳри Исфара низ аз ин раванд дар канор набуд.

Беҳтарин мутахассисони соҳа — сармеханик Ю. Зайтсев, сарэнергетик Ю. Лосев, сариқтисодчӣ Л. Шимаева, сарметролог  Ю. Тюрин ва даҳҳои дигар бо дидаҳои ашкбор тарки коргоҳ карданд, ки ҳоло ҳам дилашон ба ёди ватани дуюмашон-Тоҷикистон гум мезанад. Онҳо зуд-зуд дар тамос ва аз ҷараёни кору рӯзгори корхона пурсон мешаванд.

Бояд гуфт, ки оқибатҳои ногувори ҷанг то ба ҳол эҳсос мешавад, бо вуҷуди ин, дар муддати кӯтоҳ мамлакат обод шуд. Ташаббускори ин ҳама ободкориҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Бо гузашти солҳо, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва тинҷиву амонии кишвар мушкилоти норасоии кадрҳо дар коргоҳи мо низ бартараф гардид. Ба ҷойи мутахассисони берунрафта кадрҳои маҳаллӣ тарбия ёфта, ба камол расиданд. Ҳоло ифтихор дорем, ки ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ»-и шаҳри Исфара ба зумраи коргоҳи асосии аҳамияти стратегӣ-ҳарбидоштаи кишвар шомил аст ва ҷомеаи меҳнатӣ кӯшиш доранд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзун намуда, дар пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳм гузоранд.

Роҳбарият ва аҳли меҳнати корхона вазифаҳоеро, ки Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди саноатчиён вобаста ба саноатикунонии босуръати мамлакат гузоштанд, сармашқи фаъолият қарор додаанд.

Корхона ба мушкилиҳои мавҷудаи марбут ба пайдо шудани рақобат дар бозори дохилии фурӯши маҳсулот, паҳншавии вируси сироятӣ, корхонаҳои хориҷи кишвар, ки таъминкунандаи ашёи хом мебошанд, нигоҳ накарда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар ҳафт моҳи соли 2020 ба 16907,5 ҳазор сомонӣ расонид.

Иқрор бояд шуд, ки дар ҳафт моҳи соли равон, бинобар ба вуҷуд омадани рақобат дар бозори дохилӣ байни корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳаммонанд, харидории маводи таркандаи саноатии коргоҳамон аз тарафи корхонаҳои ватанӣ кам гардид. Бар илова, хурӯҷи бемории сироятии COVID-19 ва баста шудани сарҳад бо кишварҳои ҳамсоя низ боис ба кам шудани содироти маҳсулот шуд. Бо вуҷуди ин, маоши коргаронро аз рӯи фаъолият пурра пардохт намуда, ба буҷети маҳаллӣ ба маблағи зиёда аз 4 миллион сомонӣ андоз супоридем.

Ҷомеаи меҳнатӣ аз рӯи ҳикмати мардумии «Аз ноумедиҳо басо умед аст, поёни шаби сияҳ сафед аст» амал ва кӯшиш намуда истодааст, ки ба нишондиҳандаҳои арзанда ноил гарданд. Албатта, барои расидан ба чунин нияти нек на танҳо меҳнати эҷодкорона, балки сарҷамъию муттаҳидӣ, ҳамдигарфаҳмӣ лозим аст.

Муттаҳидиву сарҷамъӣ дар ин шабу рӯзҳое, ки паҳншавии бемории сироятии коронавирус аз нав таҳдид дорад, чун обу ҳаво зарур аст. Ҳамчунин, дар маъракаи навбатии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фаъолона иштирок ва қарзи шаҳрвандиро сарбаландона адо кунем. Вақти интихоб низ аз рӯи ақлу хиради олӣ, эҳсоси ватандорӣ ва андешаи ободиву сарсабзии ояндаи кишвар амал намоем. Андеша кунем, ки рӯзҳои осудаву тинҷ ва амонии кишвар ба шарофати заҳматҳои кӣ ба даст омадааст? Рушду тараққиёти истеҳсолот аз бисёр ҷиҳат ба ин масъала низ алоқаманд аст.

Субҳоналӣ ШЕРАЛИЗОДА,

и. в. сарвари ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ»-и шаҳри Исфара