Бухоро. Боми осорхонаи Садриддин Айнӣ мечакад

№38 (3988) 06.04.2019

2Муддати мадиде ният доштам иди Наврӯзро дар Бухоро — шаҳри орзуҳо, зодгоҳи олимону орифони бузурги миллат ҷашн гирам. Хушбахтона, ба орзу расидам.

Бо чанд нафар дӯстон, ки як умумияти фарҳангию маънавӣ дорем, дар арафаи ҷашни Наврӯз ба нияти зиёрати шаҳри Бухоро роҳ пеш гирифтем.

Чун аз дидбонгоҳи сарҳадии Саразм-Ҷартеппа мегузаштем, муомилаи хуш, пазироии гарми кормандони гумруку сарҳадбонони ду кишвари ҳамҷавор хотироти маро ба чанд соли қабл бурд.

Баъди 9 марти соли 2018 ҳама чиз тағйир ёфт. Бо ибтикори сарварони ду ҷумҳурӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев монеаҳое, ки солиёни зиёд аз хушунату нобоварӣ ба рағми дӯстии ҳазорсолаи ду миллат пайдо гашта буд, ба бартараф шудан оғоз кард.

Тамошои манзараҳои атроф таваҷҷуҳи маро ба шаҳракҳои сохтмонашон якранг, ки дар ҳар мавзеъ ба чашм мерасид,ҷалб намуд. Дар Каттақӯрғон нафаре шарҳ дод, ки онҳо як ҷузъи лоиҳаи «Обод қишлоқ» ҳастанд, ки Ҳукумати Ӯзбекистон татбиқ менамояд.

Мушоҳидаи дигар гармхонаҳои сохташон замонавӣ ва одӣ буданд, ки ду тарафи роҳро аз Самарқанд то Бухоро банд мекарданд. Ин ҳам як ҷузъи ҳамон лоиҳа аст ва таъсири онро дар бозорҳои он ҷо метавон ба чашми сар дид. Сабзавот, аз ҷумла, анвои гуногуни кабудӣ, бодирингу помидор ва карам фаровон ба чашм мерасад.

Сари роҳ боғҳои зиёди навъҳои зудрас, ки ниҳолҳо ба симтанобҳо чун дар токзор такя задаанд, ба мушоҳида мерасанд. Дар атрофи мақбараи Баҳоуддини Нақшбанд, тибқи навиштаи лавҳаи насбшуда, боғи дорои беш аз 5 панҷ ҳазор бех шафтолуи навъҳои зудрас бунёд кардаанд, ки саропо ғарқи гул буд. Ҳамин гуна боғ бо ниҳолҳои себи ин навъ дар майдони дигари атрофи оромгоҳ дар марҳилаи муғҷабандӣ буд.

 Ҳафт пир

Бо ҳамин ном барои сайёҳону зоирин хатсайр таҳия кардаанд, ки зиёрати оромгоҳи ҳафт сӯфию шайхи тариқати нақшбандияро фаро мегирад.

Сарҳалқаи ин орифон Абдухолиқи Ғиждувонӣ аст, ки дар асри Х1 умр ба сар бурда, осораш- «Рисолаи саҳобия», «Маслак-ус-солиҳин», «Маслак-ул-орифин», «Мақомоти Юсуфи ҳамадонӣ», «Одоби тариқат» бо забонҳои форсӣ — тоҷикӣ ва арабӣ иншо шудааст. Ба он ҷо аз субҳ то шом ҳазорон нафар ба зиёрат меоянд ва маблағ хайр мекунанд. Оромгоҳи дигар орифони ин тариқат — Хоҷа Муҳаммад Орифи Ревгарӣ, Хоҷа Муҳаммаданҷири Фағнавӣ, Хоҷа Алии Рометанӣ, Хоҷа Муҳаммад Бобои Самосӣ, Сайёд Амир Кулол ва ниҳоят машҳуртарин намояндаи онҳо Баҳоуддини Нақшбанд дар Ғиждувону Шофиркон, Вобканд ва Когон ба маҷмааҳои бузурги ободу зебо мубаддал гардонда шудаанд ва ҳар рӯз ҳазорон нафар аз хориҷ ва дохили Ӯзбекистон онҳоро зиёрат мекунанд.

Чанд рӯз муқаддам Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз маҷмааи Абдухолиқи Ғиждувонӣ дидан намуд ва барои боз ҳам ободу зебо кардани он ва дигар намояндагони ин тариқат, истифодаи осору рӯзгори онҳо чун намунаи садоқат дар тарбияи ҷавонон дастур дод.

Мазори хоксоронаи Исмоили Сомонӣ

Баъди боздид аз маҷмааи бузурги мадориси Бухоро ба оромгоҳи шоҳ Исмоили Сомонӣ, ки анқариби Регистон, дар боғи Сомониён, воқеъ аст, расидем.

Дар муқоиса бо маҷмааҳое, ки дар оромгоҳи орифону сӯфиён солҳои охир бунёд ва таъмиру таҷдид шудаанд, он хоксорона ба назар мерасад. Майдони атрофашро низ бо онҳо наметавон муқоиса кард.

Мегӯянд мақбараро охири асри Х Исмоили Сомонӣ барои падараш Аҳмад ибни Асади Сомонӣ бунёд карда, пасон худи ӯ ва набераашро он ҷо дафн кардаанд ва аз он замон қадамҷои мардум аст. Ривояте ҳаст, ки мардуми аз зулму тааддӣ баҷонрасида арзи худро дар номае ба пояи марқади Исмоили Сомонӣ мегузоштаанд.

 Дар Афшана ва Соктаре

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Бо такрори ин рубоии машҳури аллома Сино ба деҳаи Афшана расидем.

Муҷассамаи барқади Абӯалӣ ибни Сино дар пояи баланд ва осорхонаи ӯ дар майдони зебои пешгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳияи Пешкӯҳ ҷойгир аст. Чун рӯзҳои истироҳат буд, дари осорхона баста ва касе дар атроф наменамуд. Дар пояи муҷассамаи аллома, ки тарҳи рӯяш тимсоли ҳайкалаш дар Душанбе аст, акс гирифтем.

Деҳаи Соктаре моро ба кӯчаҳои начандон обод пазироӣ намуд. Бо роҳнамоии нафаре аз ҳамдеҳагони устод Айнӣ ба маркази деҳа расидем. Пас аз чанде масъули осорхонаи устод Садриддин Айнӣ ҳозир шуд.

Ба гуфти Матлабхӯҷа, онҳо чор бародар, ҳама маскуни Соктаре ҳастанд. Фақат хоҳарбузургашон Матлуба дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Бо ним воҳиди корӣ ба осорхонаи устод нигоҳубин менамоянд.

Саҳнаҳои қиссаи «Мактаби кӯҳна»-и устод Айнӣ аз мактабхонаи назди ҳамин масҷид аст, ки айёми тифлиаш падараш барои саводомӯзӣ гузошта буд.

Осорхона тозаю озода, фаршаш гилемпӯш, нимпайкараи гаҷии устод, қолинча бо акси Камол Айнӣ, дар девору рафҳо аксҳои зиёди устод Айнӣ ва Бухорои замони амирӣ, баъзе асарҳои устод гузошта шудаанд.

Ҳангоми боздид дар сақфи осорхона, ки ёдгорие аз асри XIV аст, нақши чакидани бом дар ҳама болору вассаҳо ба чашм мерасид.

- Бом мечакад, болояшро бо плёнка пӯшидем, — шарҳ дод Матлабхӯҷа. Ин шарҳ ва набудани куллиёти осори устод дар осорхонаро чун эроду гилаи ҷиддӣ барои худ ва ҳаммиллатон, ки бо номи устод ифтихор дорем, пазируфтем. Оё Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ё Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ наметавонанд онро бо осори устод Айнӣ, дигар нигораҳо таъмин намоянд? Ҳоло равобити мо бо Ӯзбекистон хуб, равуо осон аст ва дар ин маврид бо мақомоти марбутаи ҷумҳурии ҳамсоя ба роҳ мондани ҳамкорӣ мушкил нест, осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар зодгоҳаш набояд дар чунин ҳол бошад.

Т. СОЛЕҲЗОДА, Панҷакент-Бухоро-Панҷакент