Аз фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

Бунёди 65 иншоот дар деҳоти «Фондарё»

№19 (4281) 11.02.2021

«Фондарё» аз ҷумлаи калонтарин деҳоти ноҳияи Айнӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳудуди он 12 деҳа ҷойгир буда, аҳолиаш 10640 нафарро ташкил медиҳад. Фаъолияти деҳоти «Фондарё» тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», ба роҳ монда шуда, масъулон ҷиҳати татбиқи онҳо талош мекунанд.

- Бо мақсади иҷрои амру супоришҳои Президенти мамлакат  нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, таваҷҷуҳи асосӣ ба ободониву бунёдкорӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои дохилӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ равона шудааст, — иброз дошт зимни суҳбат раиси ҷамоати деҳоти «Фондарё»  Ёрмаҳмад Ҷӯразода.

Ӯ афзуд, ки ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳот бунёд ва навсозии 84 иншоот, аз ҷумла, пулҳои мошингузар, хатҳои оби нӯшокӣ, марказҳои сайёҳӣ, хизматрасонӣ ва савдо, толору майдончаҳои варзишӣ ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ, ба нақша гирифта шуда, 65 адади он мавриди истифода қарор гирифт. Кор  дар иншооти боқимонда идома дорад.

- Самараи ҳамин ободкорӣ буд, ки деҳаи Диҷики деҳоти «Фондарё» чанде пеш дар озмуни вилоятии «Оила, кӯча, маҳалла, деҳот ва шаҳраки беҳтарин» дар бахши деҳаи беҳтарин сазовори ҷойи сеюм гардид. Ин рӯйдод боиси ифтихори мост, — зикр кард раиси ҷамоат ва афзуд: — Яке аз соҳаҳои муҳиме, ки рушди иқтисодӣ ба он вобаста мебошад, саноат аст. Дар деҳоти «Фондарё» Корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Талко-Ресурс» ба истихроҷ ва коркарди кони ангишти Канте машғул аст. Боиси хурсандист, ки моҳи сентябри соли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Кончоч ба фаъолияти Корхонаи саноатии «Талко-Флюорид» оғоз бахшиданд. Дар он 100 сокини деҳоти «Фондарё» ба шуғл фаро гирифта шудаанд.

Ёрмаҳмад  Ҷӯразода оид ба фаъолияти маҷлиси ҷамоат иброз дошт, ки аз ҳисоби шахсони соҳибмаърифат ва соҳибнуфуз 20 вакил фаъолият доранд. Вакилон дар ҳайати чаҳор комиссияи доимӣ — оид ба қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва мудофиа, иқтисод, молия, саноату сохтмон ва алоқа, ҳифзи иҷтимоӣ, маорифу фарҳанг, кор бо оила ва занону ҷавонон ва кишоварзӣ, меҳнат ва хизматрасонӣ масъалаҳои муҳими деҳотро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Рӯзибойи УМАР,

 «Садои мардум»