Бунёдкориҳо самараи ваҳдати миллист

№88 (3389) 27.06.2015

DSC00605Дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ мо бо раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёев ҳамсуҳбат гардида, аз ӯ хоҳиш намудем, ки ба чанд суоли мо посух гӯяд.

- Ваҳдат аз нигоҳи шумо баҳри беҳбудӣ ёфтани зиндагии мардуми Шуғнонзамин чӣ нақше гузоштааст?

- Ҳаждаҳ сол муқаддам бо шарофати фарзанди фарзонаи миллат Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва ба мо муяссар гашт, ки Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварамонро ҳифз кунем. Бо гузашти солҳо мардуми Шуғнон аҳамияти таърихии ин санаи сарнавиштсоз, арзиши сулҳу субот ва моҳияти Ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо беш аз пеш дарк ва қадр менамоянд, зеро ин рӯзи таърихӣ ба марҳилаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагиҳо заминаи устувор фароҳам овард.

Ваҳдати миллӣ миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшида, моро боз ҳам муттаҳидтар сохт. Чун сулҳу субот пойдор гашт, мо ба истиқлолияти ҳақиқӣ расидем. Аз ин лиҳоз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ бароямон муқаддас аст.

- Ноҳияи Шуғнон, ки то истиқлолият маркази маъмурии худро надошт, маҳз дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ соҳиби маркази маъмурӣ гардид. Бигӯед, ин таҳаввулотро мардуми ноҳия чӣ тавр баҳогузорӣ мекунанд?

- Ҳар таҳаввулоте, ки ба вуҷуд меояд, он аз роҳбарии хирадмандонаву бунёдкоронаи меъмори ваҳдату ягонагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Он дастоварду таҳаввулоте, ки тайи солҳои охир дар рӯзгори мардуми ВМКБ рӯи кор омаданд, таърих онро дар ёд надорад.

Дуруст аст, ки зиёда аз 80 сол ноҳияи калонтарини вилоят — ноҳияи Шуғнон маркази маъмурии худро надошт. Вале сафари 38-уми кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ ба он нуқта гузошт. Ҳангоми ин сафар дар деҳоти «Поршинев» хишти аввали шаҳрак — маркази ноҳияи Шуғнон гузошта шуд. Пас аз ин бо ҳидоят ва роҳнамоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди марказии маъмурии ноҳия оғоз ёфта, шаҳраки Ваҳдат номгузорӣ шуд. Давоми солҳои охир симои он ба куллӣ дигаргун ва дар ҳақиқат ба ваҳдатобод мубаддал гардидааст.

То ба имрӯз дар ин ҷо сохтмони 20 бинои маъмурӣ анҷом ёфта, сохторҳои гуногуни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон фаъолият карда истодаанд. Тамоми ин иншоот аз ҳисоби маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, ба истифода дода шуданд.

Ба ғайр аз ин, боз дар ободонии маркази маъмурии ноҳия соҳибкорони маҳаллӣ низ мувофиқи имконияташон саҳмгузорӣ менамоянд. Бо қувваи онҳо чор мағозаи молҳои саноатию хӯрокворӣ, се мағозаи масолеҳи бинокорӣ ва иншооти хизматрасонӣ сохта шуда, симои шаҳракро боз ҳам зебо гардониданд.

Танҳо имсол барои сохтмони асосии ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 36 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Айни замон дар маркази нави ноҳия сохтмони дигар иншооти маъмурӣ, аз ҷумла биноҳои нозироти андоз ва шуъбаи молияи ноҳия ба маблағи 3,2 млн. сомонӣ, шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ба маблағи 1,1 млн. сомонӣ, сохтмони наҳр дар мавзеи Мун — Сижд ба маблағи 1,7 млн. сомонӣ, бинои маъмурии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия ба маблағи 5,7 млн. сомонӣ, бинои бахши кишоварзии ноҳия ба маблағи 2 млн. сомонӣ, сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дорои 460 ҷой бо толори варзишии ҳозиразамон дар деҳоти «Навобод» ба маблағи 4,6 млн. сомонӣ, сохтмони беморхонаи марказии ноҳия ба маблағи 5 миллион сомонӣ, сохтмони биноҳои истиқоматии панҷошёна ба маблағи 2,5 млн. сомонӣ, идома доранд.

Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Боғеви деҳоти «Сучон» аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди корхонаи коркарди ғалла бо иқтидори 60 тонна ғалла дар як шабонарӯз ва анбори нигоҳдории 6 ҳазор тонна ғалла мавриди истифодабарӣ қарор мегирад.

Бидуни муболиға метавон гуфт, комёбиҳое, ки мардуми Шуғнонзамин дар як муддати кӯтоҳ ба онҳо ноил гаштанд, беназиранд.

Мусоҳиб Ш. Шоҳқосим, «Садои мардум»