Чаро фестивал – озмуни «Суманаки беҳтарин» баргузор намешавад?

№36 - 37 (3880-3881) 20.03.2018

17076087_924003194408161_7060200715863457792_nНаврӯз, Меҳргон ва Садаро гузаштагон «Ҷашнҳои сегона» номидаанд. Онҳо иди суннатии мардум буда, хусусиятҳои фарқкунанда доранд. Масалан, агар суманак рамзи Наврӯз бошад, оташ рамзи Сада ва ҷамъовари ҳосил рамзи Меҳргон аст. Аммо суол ин аст, ки оё рамзҳо дар вақти баргузории ҷашнҳо ба маъраз гузошта мешаванд?

Суманакро дар гузашта бонуҳои оқилаву кордон тайёр мекарданд. Онҳо гандумро дар оби тоза ё оби борон тар карда, се рӯз нигоҳ медоштанд. Ҳамин ки гандум неш баровард, дар табақе ҳамвор карда, рӯяшро мепӯшониданд. Рӯзе, ки борон меборид, ба берун мебароварданд ва пас аз борон оби зиёдатиашро полида, боз ба хонае, ки каси бегона ба он ҷо надарояд, мегузоштанд. Сабзаи гандумро низ кӯшиш мекарданд ба ғайр аз шахси нигоҳубинкунанда касе набинад. Ҳатто дар вақти пухтан ба сари дег омадани бегонагон манъ буд.

Бегоҳи рӯзи суманакпазӣ занҳои ҳамсоя бо машварат дар як хона ҷамъ омада, суфра боз карда, ояте аз Қуръони карим тиловат карда, ба ҳаққи Пири пухтагар дуо хонда, шираи саб­заҳоро бо орд омехта, ба дег меандохтанд. Сипас, дар зери дег оташ меафрӯхтанд ва бонавбат дегро бо кафгир мекофтанд. Дар дег ҳафт сангча меандохтанд, ки рамзи бобаракат шудан аст. Бонуҳои суманакпаз шаби дароз дар назди дегу алав нишаста, барои он ки хобашон набарад, афсонагӯйӣ, чистонёбӣ ва сурудхонӣ мекарданд.

Дар бисёр мавзеъҳо ба ғайр аз суманаки дегӣ, суманаки танӯрӣ низ тайёр мекунанд. Умуман, дар айёми Иди Наврӯз чор навъи суманак — дегӣ, танӯрӣ, бирёнӣ ва атолагиро омода месозанд.

Гарчанде Суманак яке аз рамзҳои муқаддаси наврӯзӣ маҳсуб ёбад ҳам, имрӯз нисбат ба он беаҳамиятӣ эҳсос мешавад. Тайи чанд соли охир дар кишвар фестивал — озмунҳои зиёд, аз қабили «Иди асал», «Тарбузу харбуза», «Кадуи беҳтарин», «Шириниҳои беҳтарин», «Оши палав», «Нони беҳтарин» ва ғайра баргузор мегарданд, вале аз чӣ бошад, ки баргузории фестивал — озмуни «Суманаки беҳтарин» ва хони «Ҳафтсин»-у «Ҳафтшин», ки Наврӯзро бе онҳо тасаввур кардан имконнопазир аст, ба ёди касе нарасидааст.

Хурсандиовар аст, ки дар ҷумҳурӣ бори аввал фестивал — озмуни «Суманаки беҳтарин» ва хони «Ҳафтсин»-у «Ҳафтшин» 14 марти соли 2016 ва соли 2017 дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд. Имсол низ онҳо ин анъанаро идома доданианд.

Ба назари мо, озмуни мазкурро агар дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор мекарданд, нуран алонур мешуд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»