Ба таваҷҷуҳи Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанг, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои дахлдор!

Чаро сафари семоҳаи ҳунармандон зиёда аз як сол тӯл мекашад?

№81 (3718) 08.07.2017

Öèðê â Äóøàíáå. ÒàäæèêèñòàíСоле пеш як гурӯҳ ҳунармандони наврасу ҷавони Сирки давлатии Тоҷикистон барои иштирок дар Фестивали сиркӣ ба  Ҷумҳурии Мисри Араб сафар карданд. Мувофиқи мактуби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  сафари мазкур бояд аз 20 июн то 20 сентябри соли 2016 идома меёфт. Вале аз оғози сафари ҳунармандон зиёда аз як сол гузашта бошад ҳам, онҳо ба Ватан  барнагаштаанд. Мутаассифона, сабаби таъхири бозгашти ҳунармандонро масъулон аниқ шарҳ дода наметавонанд.

Аз сабаби паи ҳам тамдид намудани шартномаи  корӣ ҷигарбандони мо — Гулнора Ҳусейнзода ва Нилуфар Шоеваро аз Коллеҷи технологӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ хориҷ намуданд.

Дар ҷавоб ба муроҷиати чандкарата директори сирк А. Раҷабов  мегӯяд, ки дар фестивали зикршуда  ҷониби Ҷумҳурии  Мисри Араб барномаи ҳунармандони тоҷикро харидорӣ кардаанд. Гӯё онҳо дар он ҷо тибқи шартнома баромад карда истодаанд. Мо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Фейсбук», огоҳ шудем, ки гулдухтарони тоҷикро дар Миср маҷбур  мекардаанд, ки либосҳои барои фарҳанги мо бегонаро пӯшида, ҳунарнамоӣ кунанд.

Ҳарчанд то ин дам дар хусуси мушкилоти мазкур дар ҳафтаномаҳои «СССР» ва «Озодагон» мақола чоп шуда  бошад ҳам, аз тарафи мақомоти дахлдор вокунише нашудааст. Ба ғайр аз ин, баъди муроҷиат ба расонаҳо, роҳбарияти Сирки давлатии Тоҷикистон, яке аз  муаллифон — Умеда Ҳусейноваро, ки чор сол боз дар Сирки давлатӣ фаъолият мекард, аз кор  ронданд. Чаро мақомоти дахлдор ба тақдири ҳунармандони тоҷик бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунанд? Ягон мақомот мушаххас гуфта  метавонад, ки  фарзандони мо дар кишвари хориҷӣ чӣ ҳол доранду чаро ба ҷойи се моҳ сафарашон зиёда аз як сол тӯл мекашад?

 Н. ШОЕВ, У. ҲУСЕЙНОВА,

сокинони шаҳри Душанбе

Аз идора:  Ин номаи пуризтиробро хонда, кас ба беэътиноии мақомоти марбута ҳайрон мемонад. Ин ҷо сухан  дар бораи тақдир ва ору номуси бонуи тоҷик меравад. Чаро мақомоти дахлдор Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми феврали соли 2009 таҳти № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии  воситаҳои ахбори омма»-ро нодида гирифта, муҳри хомӯшӣ бар лаб задаанд?

Рӯзномаи «Садои мардум» масъаларо то ба охир пайгирӣ намуда, аз натиҷаи он иттилоъ хоҳад дод.