Арзҳои дӯстӣ

Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир…

№43 (3837) 07.04.2018

ываываВассофи дӯстии халқҳо, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода фармудаанд:

Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Иҷрои ин панди устодро мо рӯзҳои ташрифи меҳмонон — бародарони самарқандӣ бо мақсади иштирок дар таҷлили Наврӯзи Аҷам дар шаҳри бостонии Панҷакент эҳсос кардем. Меҳмононро дар гузаргоҳи сарҳадии «Саразм» роҳбарияти вилояти Суғд бо сарварии муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ бо нону намак истиқбол гирифтанд.

Баъди боздид аз ҷойҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Панҷакент меҳмонон ба шаҳри Истаравшан омаданд. Дар чорабинии фарҳангие, ки дар тарабхонаи «Се додарон» баргузор гардид, аҳли ҳунари шаҳри Истаравшан ва Самарқанд бо суруду таронаҳои дилангез табъи ҳозиринро шод гардониданд. Ҳамчунин, тамошои қалъаи «Муғтеппа» ба меҳмонон таассуроти нек гузошт.

Истиқболи гарму ҷӯшони меҳмонон бо садои мутантани карнаю доира ва нону намак дар маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд низ сурат гирифт.

Меҳмонон нахуст аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳр-маҷмааи «Масҷиди Шайх Муслиҳитдин» ва бозори марказии «Панҷшанбе» дидан намуданд.

Роҳбари ҳайати меҳмонон, муовини раиси вилояти Самарқанд Мӯнис Восиев фаровонию дастрасии нархи маҳсулотро дар бозор дида таъкид дошт, ки «Бозор хеле тозаву ороста ва муҳимтар аз ҳама, тамоми анвои маҳсулот бо нархи дастрас фурӯхта мешавад. Соҳибкорон худро озод ҳис мекунанд ва ин омили асосӣ аст».

Боздид аз корхонаи муштараки «Ҷавонӣ» низ ба меҳмонон таассуроти нек бахшид. Барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» ба шарафи меҳмонон дар тарабхонаи «Дӯстӣ Амирхон» баргузор шуд. Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона, Корманди шоистаи маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шоира Хосият Бобомуродова, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Атовуллоев, Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод, Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Мардон Мавлонов, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев ва дигарон барқароршавии робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дорои аҳамияти таърихӣ арзёбӣ намуданд.

Қайд гардид, ки ҷорӣ намудани низом бидуни раводид барои сафарҳои доимии шаҳрвандони ду кишвар ба муддати то 30 рӯз, кушодани гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар буда, ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои иқтисодии дуҷониба шароити мусоид фароҳам меорад.

Рӯзи дуюми сафар меҳмонон баъди боздид аз маҷмааи «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд ба тамошои Қасри фарҳанги Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омаданд.

Дар чойхонаи миллии қаср сари дастурхони идона суҳбати самимӣ баргузор шуда, сурудҳои ҳунармандони вилояти Суғд ва меҳмонон — Асадулло Атовуллоев ва Мардон Мавлонов ба маҳфил шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.

Мирзоаъзам Мақсудов,

«Садои мардум»