Дар Афғонистон Наврӯзро 40 рӯз ҷашн мегиранд

№36 -37 (4142 - 4143) 21.03.2020

w1900_h1267_x1796_y1198_54642703-7ed51767909016f0Ҷашни Наврӯз дар Афғонистон аз рӯзи аввали моҳи ҳамал шурӯъ мешавад ва онро бо каме фарқият ҷашн мегиранд. Вале таҷлили ин иди бостонӣ дар шаҳри Мазори Шариф шукӯҳи хоса дорад. Аз қадим сокинони вилоятҳои гуногуни Афғонистон оғози фасли баҳор худро ба шаҳри Мазори Шариф мерасонанд, то дар маросими «Ҷанда боло», яъне,  барафроштани парчами ҳазрати Алӣ разияллоҳу анҳу, ки домоди ҳазрати Муҳаммад  саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст, ширкат варзанд.

Дар баробари барафроштани парчам, инчунин 21  гулӯлаи тӯп низ  парронда мешавад. Зиёратгоҳи равзаи Мазори Шариф то 40 шабонарӯз пур аз зиёраткунандагон аст. Мардуми Афғонистон бовар доранд, ки ҳазрати Алӣ (р) дар рӯзи аввали Наврӯз ба хилофат расидаанд.

Мардуми шаҳри Кобул бошанд, ба зиёратгоҳи «Сахӣ», ки дар қисмати ғарбии пойтахти мамлакат воқеъ аст, мераванд. Дар он ҷо деги зиёди оши палав гузошта, назр мекунанд. Парчами ҳазрати Алӣ (р) дар он ҷо низ насб мешавад. Пирони  равшанзамир дуои хайр мекунанд. Ин парчам 40 рӯз парафшон монда, мардум аз гирду атроф ба зиёратгоҳ барои ниёиш меоянд.

Дар шаҳри Ҳирот низ рӯзи аввали моҳи Ҳамал (21 март) мардум ба масоҷиду зиёратгоҳ рафта, оғози соли навро таҷлил мекунанд.  Сокинони ин шаҳри бостонӣ оғози соли навро бо дуои «Таҳвили сол» дар масоҷид оғоз намуда, аз Худованд соли пурфайзу баракат мехоҳанд.

Дар Мазори «Султон Мир Абдуллоҳи шаҳид»- и  набераи Имом Ҳасан (писари ҳазрати Алӣ), ки дар ҷануби Ҳирот воқеъ аст, парчами ҳазрати Алӣ (р) барафрошта мешавад. Ҳангоми дуои «Таҳвили сол» мардум зарфҳои пур аз обро ба зиёратгоҳ оварда, баъд аз поёни дуо аз он об ба беморон дода, аз Худованд шифо талаб мекунанд.

Дар гузашта Наврӯз «Иди Ҷамшедӣ» ва ё «Наврӯзи Султонӣ» номида мешуд. Дар Балх Наврӯз «Ҷашни гули сурх» ном дошта, то 40 рӯз шодмонӣ вобаста ба он идома  меёбад.

Мувофиқи анъана, дар Наврӯз мардуми Афғонистон либоси нав мепӯшанд ва дар субҳи нахустини ид  модарон ба фарзандон ҳафт мева дода, аз пиёла ба онҳо оби ширин менӯшонанд. Ин оби ширин хушоб (компот)- и омехтаи писта, бодом, чаҳормағз, ғӯлинг, олу, санҷид ва кишмиш мебошад. Дар шаби Наврӯз занон бо сурудани таронаи наврӯзӣ суманак мепазанд:

Суманак назри баҳор аст,

Мелаи шабзиндадор аст.

Ин хушӣ соле як бор аст,

Меваи Шоҳи Мазор аст,

Соли дигар ё насиб…

Яке аз оинҳои наврӯзӣ дар атрофи деги суманак ин аст, ки духтарони ҷавон ангуштарини худро ба як чойҷӯши мисин (офтоба) андохта, аз кӯдак хоҳиш мекунанд, ки дасти худро ба он фурӯ карда, ангуштариеро берун кунад. Бар асоси боварҳои мавҷуда духтаре, ки ангуштаринаш аз чойҷӯш берун оварда мешавад, дар соли нав арӯс хоҳад шуд.

Соҳибхонаҳо ба ҳар меҳмоне, ки ба хонаашон меояд, оби ҳафт меваи таркардашударо менӯшонанд. Далели таҳия кардани ҳафт мева ин орзуст, ки дар соли нав он меваҳо  фаровон бошанд.

Дар Наврӯз хонаводаи домод ба хонаводаи духтаре, ки  номзади писарашон аст, «идӣ» мефиристанд, ки он аз либос, моҳӣ ва ширинӣ иборат аст. Хонаводаи арӯс ҳам ба ҷониби домод  кулчаю шириниҳои пухтаашонро равон мекунанд. Инчунин, тухми рангкардаро дар  рӯймоли заре, ки бо номи «дастмоли гули себ» ёд мешавад, ба домод медиҳанд.

Мисгарони Балх чанд рӯз пеш аз Наврӯз қуббаҳои мисини гунбадҳои «Равзаи шариф» (оромгоҳи мансуб ба ҳазрати Алӣ)- ро бо қалъаӣ сафед мекунанд. Дар рӯзи бурдани қуббаҳо аз растаи мисгарон то «Равзаи шариф» мардуми зиёд ҷамъ меоянд.

Сояи ҷанги беш аз чилсола дар Афғонистон то андозае хушии мардумро аз онҳо гирифтааст. Гурӯҳҳои  ифротию экстремистӣ таҷлили Наврӯзро ҳаром эълон намуда, кӯшиш мекунанд, ки мардуми Афғонистон ин ҷашни бостониро таҷлил накунанд. Аммо сокинони кишвар мутобиқи Қонуни асосии Афғонистон ва ҳимояти давлат Наврӯзро ҷашн мегиранд.

Мутаассифона, соли равон, бинобар паҳншавии коронавирус, маросими Наврӯз, бахусус «Мелаи гули сурх», ба таъвиқ афтод.

Муҷибуллоҳ МАЛИКЗОДА, атташеи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон