Дар Кобул ҳамкориҳои амниятӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ шуд

№22 (4284) 18.02.2021

Точ АвгЧанде пеш раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ зери унвони «Мубориза бо терроризм ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ барои рафъи таҳдидҳои террористӣ» ба шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафари корӣ анҷом дод.

Зимни он С. Ятимов бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллӣ Абдуллоҳи Абдулло, муовини якуми Раисҷумҳур Амрулло Солеҳ, Раиси парлумони кишвар Мир Раҳмон ­Раҳмонӣ, раиси Шӯрои амнияти миллӣ Ҳамдуллоҳи Муҳиб, сардори Раёсати умумии амнияти миллӣ Аҳмад Зиё Сироҷ, вазири корҳои хориҷӣ Ҳаниф Атмар ва дигар роҳбарону намояндагони мақомоти баландпояи Афғонистон мулоқот анҷом дода, вазъи амниятии ҳар ду кишвари дӯст ва минтақаро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, доир ба масоили ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир ибрози андеша карда шуд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори таъмини суботу амният дар Афғонистон буда, муҳимияти онро барои ҳар ду кишвар ва минтақа доимо таъкид мекунад. Ниҳоӣ шудани гуфтушунидҳои тарафҳои даргир, хотимаи ҷанг дар Афғонистон ва пешгирӣ аз фаъолияти мақсаднок ва номатлуби доираҳои манфиатдор бо истифода аз гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ аз омилҳои муҳимтарини таъмини амният маҳсуб мегарданд.

Ҷонибҳо мувофиқати комили мавқеи ҳамдигарро дар масъалаҳои матраҳшуда изҳор дошта, таъкид карданд, ки ҳар ду мамлакати дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг омодаанд, ҳамгироӣ ва муносибатҳои ҳасанаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ боз ҳам тақвият ва тавсеа бахшида, ба ин васила, ба сулҳу субот ва оромию осудагӣ дар минтақа мусоидат намоянд.

С. Ятимов зимни баромад дар конфронс ­масъалаҳаи мубрами таъмини сулҳ дар Афғонис­тон, ҳузури густурдаи созмонҳои террористии байналмилалӣ, таҳдиди онҳо ба кишварҳои минтақа, омилҳои солимгардонии вазъро дар сарзамини ҷафокашидаи ҳамсоя ва сарҳадот баррасӣ намуд.

Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Афғонистон дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмии комил ва самаранок анҷом пазируфт.

«Садои мардум»