Дар Лахш муносибат ба масоили муҳити зист ҷиддӣ аст

№42 (3679) 20.04.2017

сурат 1Чанде пеш дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Саидумрон Назар ҷаласаи ҷамъбастии шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти навоҳии водии Рашт оид ба натиҷаи фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2017 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли ҷорӣ баргузор гардид.

Дар он сардорони шуъба ва бахши ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор оид ба фаъолият дар семоҳаи аввали соли равон муфассал маълумот доданд.

Абдураҳмонзода Саидумрон Назар зимни суханронӣ, аз ҷумла, иброз дошт:

- Мо бояд шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ваҳдату оромии кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кунем. Аз он ифтихор намоем, ки пешниҳодҳои Пешвои мо дар Созмони Милали Муттаҳид қабул мешаванд ва аксари онҳо ба ҳифзи муҳити зист рабт доранд. Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» ҷидду ҷаҳд менамоянд».

Дар навбати худ, мо — кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор ҳастем, ки барои ҳифзи табиати кишвар чораву тадбирҳои зарурӣ андешем.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти шуъба ва бахшҳои минтақаи Рашт ва ноҳияи Сангвор баробари пешравиҳо камбудиҳо низ зиёданд. Баъзе кормандон ба вазифаи хеш дуруст сарфаҳм намераванд, таҷрибаи хуби корӣ надоранд. Хушбахтона, нишондодҳои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Лахш аз дигар ноҳияҳои минтақа хубтар мебошад. Тибқи нақша пардохти ҳатмии экологӣ дар ин ноҳия 5,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, вале давоми семоҳа шаш ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки 106 фоизи нақшаи пардохт аст ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2500 сомонӣ зиёд мебошад.

Бахши мазкур ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ 17 санҷиши соҳавӣ гузаронида, барои бартараф кардани камбудиҳо 13 протокол тартиб додааст.

- Ҳамрадиф бо омилҳои дигар, ба мо лозим аст, ки барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешем, — гуфт Абдураҳмонзода Саидумрон Назар.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»