Дар Миср ҷамъияти тоҷикон таъсис ёфт

№71 (3865) 09.06.2018

Онро тоҷикони муқими Миср бо мақсади ҳифзи манофеи миллӣ, эҳёи фарҳанг, таърих ва урфу одат таъсис доданд.

Дар изҳороти ҷамъият, ки дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» нашр шудааст, омадааст: «Имрӯзҳо хоинони миллати тоҷик ва кишварҳои «дӯст» дар пайи халалдор намудани ҳаёти осоиштаи халқи тоҷик  буда, мубориза бо онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шахси равшанфикр мебошад. Мо ҳеҷ вақт намегузорем, ки чунин ҳизбу ҳаракатҳо номи Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хоразмиву Берунӣ, Форобиву Умари Хайём ва дигар мутафаккирони барҷастаи тоҷик ва миллату ин марзу бумро доғдор кунанд. Мо, тоҷикони муқими Миср ҳамчун шоҳид натиҷаи талхи «исломи сиёсӣ» — и солҳои 2012 – 2013 — ро дар Миср ба хубӣ мушоҳида кардаем ва аз пайомади сиёсати ба ном ҳизбҳои сиёсии «динӣ» хуб огоҳ мебошем».

Дар идомаи изҳорот омадааст: «Дар ин рӯзҳои мубораки моҳи Рамазон Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе санги асоси бунёди иншооти Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро гузоштанд. Иншооти нав аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо харҷи 136 миллион сомонӣ бунёд карда мешавад, ки шаҳодати мавҷудияти фазои озоди динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таҳияи Ҷ. САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»