Дар замони муосир касе тарафдори давлати исломӣ нест

№120 (4070) 08.10.2019

IMG_7299 (1)Чанде пеш дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия суҳбати гирди миз баргузор гардид, ки дар он профессори турк Саадеттин Коҷатурк, раиси Шӯрои донишҷӯёни тоҷик ва аъзои Анҷумани тоҷикон дар Туркия ширкат варзиданд.

Саадеттин Коҷатурк хизматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зикр намуда, таъкид кард, ки танҳо доҳӣ ва пешвои бузург метавонад бо ҷоннисорӣ миллатро аз ҳама гуна озор раҳо созад.

Профессор бо пешниҳоди далелҳои дақиқ қайд намуд, ки як гурӯҳ «ҳизбуллоҳ»-маоб аз номи дини ислом суиистифода карда, хостанд бо роҳи зӯрӣ ва куштор ҳокимиятро ғасб намуда, миллати тоҷикро ба нестӣ баранд. Ӯ зикр кард, ки созмони террористии наҳзат ба амалҳои тахрибкорона даст зада, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабабгори оғози ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки дар он тақрибан 150 ҳазор нафар одам ба қатл расид, қисми зиёди аҳолӣ маҷбур ба муҳоҷират рӯ оварданд, иқтисодиёти кишвар миллионҳо доллар зарари молӣ дид.

Динро набояд ҳамчун воситаи расидан ба манфиатҳои ғаразнок истифода бурд. Бо дин намешавад давлат сохт ва ё онро идора кард, зеро дин танҳо васлгари қавонини Илоҳӣ миёни банда бо Худои зулҷалоли ӯст, — гуфт ӯ.

Аз назари профессори турк, Худои зулҷалол ба динҳои осмонии дигар китобҳои «Инҷил», «Таврот» ва «Забур»-ро фирис­тод, ки фаровон аз қавонини инсони комил буд, вале китоби «Қуръон», ки ба мусулмонҳо фиристода шудааст, хусусияти ахлоқӣ ва имонӣ дорад. Ба ақидаи устоди Донишгоҳи Анқара, ҳар гурӯҳ ва нафаре агар динро бо мақсади нопок истифода барад, оқибат нияташ барбод меравад, зеро дар замони муосир касе тарафдори сохти ҳокимият ва ё давлати исломӣ нест.

- Эмомалӣ Раҳмон фардест, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ҷон сипар намуда, баҳри сарҷамъии миллати тоҷик камари ҳиммат баст ва муваффақ гардид. Ӯ ба миллати тоҷик сулҳ овард, Тоҷикистонро ба кишвари осоишта ва обод табдил дод. Ҳарчанд «ҳизбуллоҳ»- маобҳо кӯшиш намуданд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро халалдор созанд, вале натавонистанд, ҷасорат ва мардонагии Эмомалӣ Раҳмон садди роҳи онҳо шуд, — афзуд Саадеттин Коҷатурк.

Профессор дар идома аз таассуроти сафар ба Тоҷикис­тон ҳикоя ва зикр кард, ки пешрафту дастовардҳои онро дар муддати на чандон зиёд бо кӯшишҳои роҳбарияти олии он боиси таҳсин медонад.

- Воқеан ҳам, баъд аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омадам, ки ин шахсияти бузург барқароркунандаи сулҳ ва давлати миллии тоҷикон баъд аз ҳазор сол мебошад, — гуфт олими шинохта.

 Хуршед НАЗАРХУДОЕВ,

муовини раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия