Дарвоз. Заминҳои бекорхобида обёрӣ мегарданд

№54 (4004) 14.05.2019

ОрошениеБино ба гуфти узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода, баҳри аз худ кардани заминҳои нав ва бунёди боғҳои нав шароит ва имкониятҳои ҳанӯз истифоданашуда бисёранд. Мутобиқи барномаҳои таҳиянамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дашту таҳдашт ва мавзеъҳои киштбоби зиёде тахту ҳамвор, обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ дохил карда мешаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Дарвоз (12 сентябри соли гузашта) супориш доданд, ки «Ҷиҳати истифодаи самараноки замин, бо об таъмин кардани заминҳои бекорхобида, махсусан, дар мавзеъҳои «Дашти луч» ва «Дашти Ёвон», таъминоти хоҷагиҳо бо техникаи кишоварзӣ ва зиёд намудани саршумори чорво ­мас­ъулин чораҷӯӣ намоянд».

Ба гуфти сардори Идораи кишоварзии ноҳияи Дарвоз Нурмуҳаммад Додов, «Дашти луч» қариб 300 гектар майдони киштбоб дорад. Солҳои шастум ва ҳафтодуми асри гузашта ­масъулин кӯшиш ба харҷ дода буданд, ки ин мавзеъро обёрӣ намоянд, вале чун шароити мусоид муҳайё набуд, ба натиҷае нарасиданд. Ҳоло имконият фароҳам аст, ки обёрӣ карда шавад.

«Дашти Ёвон» дар деҳоти «Нулванд» ҷойгир буда, зиёда аз 240 гектар замини киштбоб дорад. Дар ин ҷо роҳи мошин, ки солҳои ҳафтодуми асри гузашта бунёд кардаанд, мавҷуд аст. Майдонҳои кишти ин минтақаи баландкӯҳ ҳосилхезанд. Дар давраи роҳбари совхози ба номи Юлиус Фучик будани Ғулом Сайдалиев ғаллазори он бо комбайн даравида мешуд. Ҳоло ба воситаи канал киштзори минтақаи мазкур, ки ба сокинони деҳаҳои Ёгед, Шкев, Сангевну Ушхарв тааллуқ доранд, ба қадри имкон обёрӣ мешаванд. Ба қавли мутахассисони соҳа, каналу ҷӯйҳоро азнавсозӣ ва дар «Дашти Ёвон» боз 100 гектар заминро аз худ кардан мумкин аст.

Боиси хушҳолист, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар якҷоягӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Академияи илм­ҳои кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» баҳри иҷрои дас­туру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати азхудкунӣ ва обёрии таҳдаштҳои «Ёгед», «Удун», «Ново», «Марғзори Ҷорф», «Сохинг», «Ҷомашӯён» ва дигар мавзеъҳои киштбоб тадбирҳои зиёд амалӣ гардида истодаанд.

Сироншоҳи Диловар, журналист