«Дарвозаи вилояти Суғд» чӣ мушкил дорад?

№88 (3882) 19.07.2018

Яке аз калонтарин ноҳияҳои кишвар — Б. Ғафуров, ки онро «дарвозаи вилояти Суғд» ҳам мегӯянд, 367 ҳазору 800 нафар аҳолӣ дорад. Шуғли асосии онҳо кишоварзист.

Бо мақсади огоҳ шудан аз иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабули шаҳрвандон як рӯзи қабули раиси ноҳия Зариф Назириро мушоҳида намудем.

Он рӯз 13 нафар бо дархост ба раис муроҷиат намуданд, ки бештари онҳо хусусияти иҷтимоӣ доштанд. Муроҷиаткунандагон расонидани кумаки моддӣ, таъмири кӯчаву ҳавлиҳои истиқоматӣ, кумак барои табобат ва ғайраро арз карданд.

Диққати моро муҳтавои баъзе аз арзу дархост ба худ ҷалб кард, ки ҳаллу фасли он на ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, балки ба аъзои ҷомеа ва ҷаҳонбинии сокинон вобастагӣ дорад. Масалан, сокини деҳоти «Хистеварз» Мутриба Ҷалилова аз ҷабру зулм ва шиканҷаи шавҳараш шикоят кард:

- 18 сол аст азобам сахт аст. Шавҳарам доимо маро таънаву маломат ва туҳмат мекунад, ки ман дуздам.

Тибқи супориши раиси ноҳия, кирдори шавҳари он зан ба мизони қонун баркаш мегардад. Аммо, суоли матраҳ он аст, ки наход ҷанҷоли оилавиро мақомоти маҳаллии деҳа қудрати ҳаллу фасл кардан ­надошта бошанд? Куҷоянд раисони маҳалла, шахсони барӯманде, ки суханашон ба ҷомеа таъсир дорад? Ҳолдонҳо мегӯянд, ки «Мутриба борҳо таъкид кардааст, ки «ниҳоят даст ба худкушӣ мезанаду аз азоб халос мешавад».

Шикояти дигари қобили таваҷҷуҳ рафтори ғайриқонунии мудирияти боғчаи бачагонаи «Андалеб» дар деҳоти ба номи Д. Холматови ноҳия нисбат ба тарбиятгирандагон аст. Бино ба гуфти сокини деҳот Малоҳат Қурбонова, писарчаи 6 — солааш Бахтиёрро бинобар беназорат мондани мураббиён ҳамсолонаш латукӯб кардаанд, ки дар натиҷа, ӯ дар беморхона бистарӣ шудааст. Чун Малоҳат ба мудири боғча Зайнура Ҳоҷибоева аз фаъолияти ғайриқаноатбахши мураббиён изҳори норозигӣ мекунад, Бахтиёри 6 — сола бинобар «хабаркашӣ» зери таҳқиру маломати мураббиёну роҳбарияти боғча қарор мегирад.

Раиси ноҳия дастур дод, ки кирдори онҳо дар доираи қонун баррасӣ карда шавад. Тибқи суханони мудири шуъбаи маорифи ноҳия Дилбар Домуллоева, ки масъаларо пайгирӣ кардааст, аз 1 июли соли равон боғча фаъолияташро қатъ намудааст.

- Рӯзҳои наздик кирдори мураббияву мудири боғчаро ҳатман дар доираи қонун баррасӣ хоҳем кард, — гуфт номбурда.

Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон дар нимсолаи аввали соли равон 968 нафар ба раиси ноҳия муроҷиат кардаанд, ки асосан ба масъалаҳои таъмин бо оби нӯшокӣ, сохтмони манзили истиқоматӣ, соҳибмулкӣ, ҷанҷолҳои оилавӣ ва таъини нафақа алоқаманданд. Дар робита ба масъалаҳои зикршуда, бо дарназардошти шароиту имконият ва чораҷӯйӣ ба 360 нафар 125 ҳазор сомонӣ кумак расонида шуд.

Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»