Дастовардҳои меҳнатӣ — беҳтарин армуғон ба ҷашни Истиқлолият

№109 - 110 (4215-4216) 09.09.2020

 Мусоҳибаи хабарнигорамон бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Бозоралӣ ОДИНАЗОДА

49784131906_3b3506429c_o копия- Меҳнаткашони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бистунуҳумин солгарди Истиқлолияти давлатиро чӣ гуна истиқбол гирифтанд?

- Ҳар рӯз шоҳиди он мегардем, ки симои шаҳру деҳоти мамлакат дигар шуда, дар ҳар гӯшаю канори он иншооти муҳими саноатию иҷтимоӣ, таълимӣ ва фароғатию фарҳангӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳам соли равон аз ҷониби ҶДММ «Бунёди С» корхонаҳои истеҳсоли хишти сементӣ ва орд, ҶДММ «Ҳоҷӣ Асадулло» — корхонаи коркарди меваю сабзавот ва ҶДММ «Латифи Зиё» корхонаи равғанбарорӣ таъсис ёфтанд. Дар маҷмӯъ, 66 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуд, ки фаъолияташон истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, истихроҷи намак, тайёр кардани пахтаи кӯрпабоб, масолеҳи сохтмон, либосдӯзӣ, маҳсулоти нонӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Ҳамчунин, дар ҳафт моҳи соли равон ба маб­лағи 472570 сомонӣ корҳои таъмиру нигоҳдории роҳҳо ба анҷом расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54470 сомонӣ зиёд мебошад. Гузашта аз ин, корҳо вобаста ба таъмири роҳи автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи даромадгоҳи маркази ноҳия дар масофаи 8,3 километр аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар арафаи анҷомёбист.

Моҳҳои январ — июли соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ бо нархҳои ҷорӣ 315 миллиону 875, 4 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,9 фоизро ташкил медиҳад. Ғаллакорон 31280,7 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 1564,3 тонна зиёд аст. Истеҳсоли картошка 6489,3 тонна (нисбат ба порсола 1912 тонна зиёд), сабзавот — 33387, 1 (аз соли гузашта 3648,4 тонна бештар), мева — 4380 (аз порсола 125 тонна зиёд), асал — 7,9 (аз соли гузашта 2,2 тонна зиёд) ва гӯшт 2360,1 тонна (аз порсола 126,9 тонна зиёд) -ро ташкил дод. Илова бар ин, тайи ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба хориҷи мамлакат 1600 тонна пиёз ва 450 тонна мева содирот шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 200 тонна бештар мебошад.

Дар маҷмӯъ, истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар соҳаи рустанипарварӣ 17773,5 ҳазор сомонӣ ё 107, 6 дарсад ва дар соҳаи чорводорӣ 2513, 6 ҳазор сомонӣ ё 104, 1 фоизро ташкил дод.

Инчунин, бо мақсади ду ҳосил рӯёнидан дар майдони зиёда аз 10000 гектар зироатҳои гуногун кишт шудааст, ки ҳосили онҳо то охири тирамоҳ ҷамъоварӣ мешавад. Умед дорем, ки хирмани деҳқонон пурбаракат гашта, боис ба фаровонии маҳсулот ва пурфайз гардидани дастурхони сокинон ва дигар ҳамватанон хоҳад гардид.

Ба андешаи ман, беҳтарин армуғон ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дастовардҳои меҳнатии меҳнаткашони ноҳия ба ҳисоб меравад, ки қариб дар ҳама соҳа назаррасанд. 

- Яке аз роҳҳои тамоми фасли сол бо сабзавоти тару тоза таъмин намудани аҳолӣ бунёди гармхонаҳо маънидод мегардад. Дар робита ба ин масъала корҳо чӣ гуна аст?

- Ҳоло дар ноҳия 151 гармхонаи мавсимӣ ва 6 гармхонаи доимӣ мавҷуд аст. Кишоварзон дар онҳо лимӯ, помидор, бодиринг, гулкарам, қаламфур ва кабудиҳои гуногун парвариш мекунанд. Моҳҳои январ — июли соли равон аз гармхонаҳои мавсимӣ 150,89 тонна ва аз гармхонаҳои доимӣ 5,4 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шуд. Бунёди гармхонаҳо аввал каме хароҷот талаб мекунад, вале баъди аз он самаранок истифода бурдан даромаднокӣ нисбат ба саҳро бештар мешавад.

Бояд зикр кард, ки шароити ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки зимистонаш нисбатан гарм аст, барои бунёди гармхонаҳо мусоид мебошад. Аз ин рӯ, мақсад дорем, ки шумораи онҳоро зиёд намоем.

- Алҳол кадом лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ноҳия амалӣ гардида истодаанд?

- Яке аз лоиҳаҳои самарабахше, ки дар ноҳия амалӣ шуда истодааст, «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» (марҳилаи 2) мебошад. Дар доираи он ба ҷамъиятҳои баҳрагиранда 9,1 тонна тухми юнучқа, 7,8 тонна тухми ҷав, 10 тонна ҷуворимакка, 76,2 тонна карбамид, 19,2 тонна суперфосфат ва 127,3 тонна нуриҳои дигари минералӣ дастрас гардид. То ин дам 58 зерлоиҳа дар самти таъмин намудан ба техника ва мошинолоти кишоварзӣ, зерлоиҳа оид ба сохтмони хат ва нуқтаҳои обнӯшӣ барои чорво, зерлоиҳа оид ба сохтмони кӯпруки чорвогузар, 21 зерлоиҳа дар самти беҳтар намудани зоти чорвои аҳолӣ, 9 зерлоиҳа дар самти барқарор намудани экосистемаи чарогоҳҳо, се зерлоиҳа дар самти ташкил намудани қитъаҳои намоишӣ оид ба беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо бо истифода аз технологияи муосир иҷро гардид.

Ҳамчунин, ба баҳрагирандагони лоиҳа 61 трактори тамғаи «МТЗ», борбардори фронталӣ, экскаватор, 53 ядаки трактор, 58 испор, 351 сихмола, 52 метоблок ва ғайра дастрас карда шуд.

Умуман, ҳоло 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст.

- Корҳои омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ чӣ гуна ҷараён доранд?

- Тибқи нақшаи чорабиниҳо, то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду таъмири 242 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, соли 2018-ум 12 иншоот ва соли гузашта 90 иншоот мавриди истифода қарор гирифтанд. Соли ҷорӣ бунёду таъмири 102 иншооти таъиноташон гуногун дар нақша буд, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 30 адад ва дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ 15 адади он бо таъсиси 83 ҷойи кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

88175357_195151521797820_977985102933917696_oБунёди се коргоҳ барои хушкондани мева ва тайёр кардани хӯроки чорво, дар соҳаи маориф таъмину муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ дар 8 муассисаи таълимӣ, дар соҳаи тандурустӣ бунёди ду дорухона ва таъмини бунгоҳи тиббӣ бо таҷҳизот аз ҳамон ҷумлаанд.

Дар соҳаи фарҳанг бунёди чанд китобхона, дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ бунёди 7 иншоот, дар 9 маҳаллаи аҳолинишин сангфаршкунии роҳҳо дар масофаи 14,4 километр ва сохтмони 2 пул (кӯпрук), бо мақсади таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ насби 5 зеристгоҳи хурди барқӣ, корҳои таъмиру навсозии истгоҳи барқии «Гулзор» ва насби ТМ – 6300 кВт дар он, кашидани хатти барқ дар масофаи 1900 метр бо дарбаргирии 34 пояи оҳану бетонӣ ва иваз кардани 4 зеристгоҳи хурди барқӣ, чароғонкунии кӯчаҳо дар деҳоти «Даштигуло», шинонидани пояҳои бетонӣ ва чароғакҳо дар маҳаллаи Меҳрвари деҳоти «Чубек» аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба ҳисоб мераванд.

57008983_286534442238406_56753(1)Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ кашидани қубурҳои обгузар ба масофаи 4800 метр ва насби ҳисобкунакҳои оби нӯшокӣ дар шаҳраки Москва, сохтмони бинои маъмурии Ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар деҳоти «Даштигуло» ба анҷом расид.

Алҳол аз 45 иншооти мавриди баҳрабардорӣ қароргирифта, 43-тои он дар асоси санади қабул ба ҳисоботи оморӣ дохил карда шудаанд.

Дар самти бунёдкорию созандагӣ корҳо босуръат идома доранд. То охири соли ҷорӣ бунёду таъмири боз 57 иншоот дар назар дошта шудааст. Рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ таҳти назорати қатъии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.

А. САМАРИДДИН,

«Садои мардум»