Дастовард ва мушкилоти коркарди пахта дар Суғд

№16 - 17 (4122 - 4123) 04.02.2020

123Соли 2019 пахтакорони вилояти Суғд 130 ҳазор тонна пахта рӯёниданд. Бино ба маълумоти сармутахассиси Сарраёсати кишоварзии вилоят Отабек Ҳоҷиев, дар вилоят 42 корхонаи коркарди пахта амал мекунад, ки 22 ададаш бо технологияи муосир муҷаҳҳазанд.

- То 1 январи соли равон аз ҳосили захирашуда 104 ҳазору 96 тонна коркард шуд,- гуфт Отабек Ҳоҷиев.- Дар натиҷа, 38 ҳазору 133 тонна нах ва 58 ҳазору 321 тонна чигит ба даст омад ва 3247 тонна чигити тухмӣ  захира гардид.

Барои деҳқоне, ки бо арақи ҷабин «тиллои сафед» мерӯёнад, ду чиз муҳим  аст: нархи коркард ва харид ва нархи нахе, ки дар бозори ҷаҳонии Ливерпул муқаррар мешавад. Тибқи қарордод, соли равон нархи ҳар кило пахта 4 сомонию 80 дирам муқаррар шуд. Борҳо шикоят шунида будам, ки ин нарх деҳқононро қаноатманд карда наметавонад. Ҳукумати маҳаллӣ бо дарназардошти ин ҳолат ба корхонаҳои коркард дастур дод, ки ба ҳар кило пахта 5 сомонӣ пардохт шавад.

Бино ба гуфти ҳамсуҳбати мо, корхонаҳои пахта дар мавсими имсола маблағгузории соҳаро ба 80 млн. сомонӣ расониданд. Кам нестанд ҳолатҳое, ки як идда ҳосили пахтаро ба дигар корхонаи коркард месупоранд. Инро дар мисоли ҶДММ «Зафариён» далел овардан мумкин аст. Ба гуфти роҳбарияти коргоҳ, дар ин мавсим онҳо 45 млн. сомонӣ хоҷагиҳои деҳқониро маблағгузорӣ кардаанд, вале 3 млн. сомонии онро рӯёнида наметавонанд.

- Баъзе аз хоҷагиҳое, ки бо пули мо ҳосили хуб рӯёниданд, маҳсулоташонро ба дигар заводҳо фурӯхтаанд, — гуфт директори кулл Шавкат Масаидов.

- Солҳои охир нархи нах дар бозори ҷаҳонӣ паст рафт, ки дар натиҷа ба арзиши аслии ҳосил таъсири манфӣ расонид, — мегӯяд О. Ҳоҷиев. Раҳоӣ аз ҳолати бамиёномадаро номбурда дар он мебинад, ки бояд ба деҳқонон ва корхонаҳои коркард имтиёз дода шавад. Муҳим ва муфид мебуд агар ба корхонаҳое, ки ба коркарди нахи пахта машғуланд, қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок (то 12 фисади солона) пешниҳод гардад.  Лозим ба ёдоварист, ки алҳол бонкҳо ба андозаи 36 фоизи солона қарз дода истодаанд.

Муҳим он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки пахта дар қаламрави ҷумҳуриамон коркарди ниҳоӣ шавад. Тибқи ҳисоби мутахассисон, аз 1 кило нахи софе, ки ба ширкатҳои хориҷӣ мефурӯшем, 4 курта ё 2 шими пахтагӣ истеҳсол мешавад. Ҳол он ки ҳар кило нахро аз мо 12-13 сомонӣ харидорӣ мекунанд.

Аз ин хотир зарур аст, ки дар ин самт  бетаъхир тадбирҳо андешида шаванд, то  деҳқонон манфиати бештар ба даст оранду истеҳсолот рушд кунад.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»