Солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Деҳа макони ақибмондаҳо нест

№12 (3962) 29.01.2019

gragran2Дар муносибатҳои ҷамъиятӣ баъзан ба мушоҳида мерасад, ки деҳа ва деҳотиён чун нишони ақибмондагӣ шинохта шуда, падидаҳоеро, ки ба тамаддуни муосир тавъам нестанд, хоси деҳа медонанд. Ин аст, ки агар дар симои нафаре содагиро мушоҳида кунанд, ӯро деҳотӣ, кӯҳистонӣ, қишлоқӣ ва ғайра меноманд. Яъне «деҳотӣ» хитоб шудани шахс дар ин маврид ишора ба бефарҳангӣ, ҷаҳонбинии маҳдуд мебошад.

Аммо дар таърих деҳа дар баробари зулми аҷнабиён ба сифати паноҳгоҳи боэътимод хизмат намуда, камингоҳ ва қалъаи боэътимоди мубориза маҳсуб мешуд. Аз таърих мисолҳои бешумор овардан мумкин аст, ки дар ҳассостарин вазъият деҳа чун маҳали ба стратегияи муҳориба мусоид нақши ҳалкунанда иҷро кардааст. Дар ин замина тоҷикон маҳз аз деҳа шаҳрҳои ба коми оташ рафтаро дубора бунёд карда, тамаддунро ҳифз намуданд. Аз ин нуктаи назар, деҳа на нишони ақибмондагӣ, балки макони стратегӣ ва эҳёи миллат мебошад.

Аз ҷониби Пешвои миллат «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 иқдомест, ки аҳамияти таърихӣ, имрӯза ва ояндаи деҳотро тасдиқ мекунад. Дар партави ин иқдом баҳри рушди инфрасохтори зарурӣ дар деҳот сармояи дохилию хориҷӣ ҷалб гардида, сокинон аз имкониятҳои бештар бархӯрдор мешаванд.

Зиёда аз 73 фисади аҳолии кишвар дар деҳот маскун мебошанд. Ин водор мекунад, ки шароит ва вазъи кунунии деҳоти кишвар ба талаботи рушди инсони муосир ҷавобгӯ бошад. Бо вуҷуди ин, набояд шароити табиӣ ва имкониятҳои нисбат ба шаҳр маҳдуди деҳотро ба иқтидори зеҳнию ҷисмонии сокинон омезиш дод. Дар гузашта ва имрӯз бахши аъзами ходимони барҷастаи илму адаб ва сиёсат зодаи деҳот мебошанд. Ин нукта шаҳодати он аст, ки агар деҳа бо вуҷуди имкониятҳои маҳдуд зодбуми фарзандони фарзонаи миллат бошад, пас дар сурати фароҳам овардани шароит ва имконоти бештару беҳтар нақши он дар тавлиди неруи бузурги ақлонию зеҳнӣ ва дар умум, болоравии нишондиҳандаи тавонмандии инсон бесобиқа афзун хоҳад шуд.

Деҳаҳои мамлакат маконеанд, ки дар онҳо анъанаҳо умри ҷовидона касб карда, унсурҳои таърихиро пайдо кардан мумкин аст. Ба ибораи дигар, деҳотро метавон осорхонаи зинда номид. Аз ин рӯ, сайёҳони хориҷӣ кӯшиш мекунанд, то ҳангоми саёҳат бештар бо деҳот ошно гарданд.

Борҳо мебинем, ки сайёҳон дар роҳҳои деҳот, зери гарду хок бо дучарха роҳ мепаймоянд. Ин амали онҳо барои баъзеҳо, ки ҳадафи сайёҳро дарк намекунанд, боиси тамасхур мешавад. Сабаб он аст, ки шаҳрвандони кишварҳои пешрафта офаридаҳои табиатро аз офаридаҳои сунъӣ арзишмандтар медонанд, зеро муҳит ва табиати онҳоро офаридаҳои сунъӣ: заводу фаб­рикаҳо ва иншооти дигар пур намудааст.

Дар маркази таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ қарор доштани деҳоти кишвар ба он далолат мекунанд, ки на камтар аз шаҳр бояд ба инфрасохтори деҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ба ин масъала соле қабл аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуда, дастур доданд, ки: «зарур аст, ки дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, маҳалҳои аҳолинишину деҳаҳо якҷо бо соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша бунёди боғу гулгаштҳо, марказҳои истироҳату фароғат, майдону толорҳои варзишӣ ва дигар корҳои ободонӣ дастҷамъона идома дода шаванд».

Дар даҳсолаи охир баробари беҳ шудани сатҳи зиндагӣ ва аз молу колои хориҷӣ (бахусус чинӣ) пур шудани бозорҳои кишвар таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои дастӣ аз ҷониби сокинони деҳот кам гардид. Ин омил боис шуд, ки аксари ҳунарҳои қадимаи мардумӣ аз байн раванд.

Акнун ба ҷойи маҳсули ҳунари оҳангарон дар бозорҳо бел, каланд, табар теша, арраи хитойӣ, ба ҷойи тоқиҳои миллӣ тоқиҳои чоргули хитойӣ пешкаш мешавад. Яке аз сабабҳои арзонии молҳо ба он вобаста аст, ки тавассути техника истеҳсол мешаванд. Агар дар ҷумҳурӣ оҳангар рӯзе як табар созад, дар Чин дар як соат даҳҳо ҳазор табар истеҳсол мекунанд. Ин ҳолат ба он оварда расонид, ки дуредгарӣ, бофандагӣ, бурёбофӣ, гилембофӣ, зардӯзӣ, кафшдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, қошуқтарошӣ, намадбофӣ, оҳангарӣ, сабадбофӣ, тоқидӯзӣ, чармгарӣ дар аксар деҳоти кишвар дар вартаи нобудӣ қарор гирад.

Бо дарназардошти ҳолати мавҷуда механизми ягонаи рушди ҳунарҳои мардумӣ автоматӣ кунонидани раванди истеҳсоли он мебошад.  Бинобар ин, аз ҷониби Пешвои миллат саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карда шуд.

Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки кишварҳое ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, техникӣ ноил мегарданд, ки ҷавононаш соҳибкасб ва соҳибмаълумот бошанд. Бояд эътироф намуд, ки солҳои қаблӣ баъди хатми мактаби миёна дар назди хатм­кунандагон (писарон) — и деҳот асосан ду интихоб мавҷуд буд: рафтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва дохил шудан ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ. Дар бештар маврид бо сабаби надоштани имконияти молиявии дохил шудан ба донишгоҳ ва омилҳои дигар, ҷавонон мехостанд ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Хушбахтона, солҳои охир ин тамоюл хеле коҳиш ёфтааст. Ҷавонони деҳот кӯшиш мекунанд, ки ҳар чӣ зудтар ба донишгоҳҳо дохил шуда, соҳиби касбу ихтисос шаванд.

Ҳамчунин, муносибати ҷавондухтарон ва волидайн низ дар масъалаи соҳиби ихтисос шудан хеле тағйир ёфтааст. Маъмулан, ҳангоми ба мактаб­ҳои олӣ дохил шудан ҷавонон кӯшиш мекунанд, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва ё Хуҷанду Бохтари Кӯлоб таҳсил кунанд. Бо ин мехоҳанд, ки баъди хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар шаҳрҳои зикршуда ҷойи кор пайдо намоянд. Аз ҷониби дигар, набудани инфрасохтори маърифатию маишӣ дар деҳот ва шароити арзандаи иҷтимоӣ майли ҷавононеро, ки зодаи деҳа ҳастанд, баъди хатми мактаби олӣ барои  баргаштан кам мегардонанд. Ҷолибияти шаҳр ва фароҳам будани шароити муносиб водор месозад, ки онҳо пайи дар шаҳр ҷойи кор пайдо намудан, ҷаҳду талош намоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» як қатор имтиёз барои омӯзгорони ҷавони деҳот пешбинӣ шудааст, ки татбиқи он майли ҷавононро барои кору фаъолият дар деҳот зиёд хоҳад намуд. Аз ҷумла, дар моддаи 53 (Имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф) зикр мешавад, ки «барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, барои 3 сол иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад…». Ҳамчунин дар моддаи 54 (Таъминоти моддии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф) омадааст, ки «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони дар деҳот зиндагикунандаро бо қитъаҳои замин ва дигар молу мулк таъмин менамоянд».

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, татбиқи имтиёзҳо ба кундӣ амалӣ мешавад. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо баҳонаи зиёд, аз ҷумла зиёд будани шумораи ниёзмандон, набудани қитъаи замин ва ғайра аз иҷрои талаботи қонунгузории кишвар саркашӣ мекунанд. Ҳол он ки дар моддаи 37-и қонуни мазкур зикр мешавад, ки «Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар бобати беҳбудии шароити иҷтимоии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф чораҳо меандешанд».

Ҳамин тавр, дар рӯйи қоғаз боқӣ мондани кафолат ва имтиёзҳо барои мутахассисони ҷавони деҳот шавқу ҳаваси онҳоро нисбат ба кору фаъолият дар деҳа коҳиш додааст.

Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, хонаҳои фарҳанги деҳот як корманд доранд, ки ба таври шоиста ҳавасманд карда намешаванд. Яке аз механизмҳои такон бахшидани фаъолияти ин муассисаҳо бо пардохти маош ҷалб кардани навозандагон, сарояндагон ва дигар ҳунармандони маҳаллӣ мебошад. Бо шарофати ин иқдом шароити мувофиқ барои худтакмилдиҳии ҳунармандон фароҳам омада, азбайнравии ҳунар пешгирӣ мешавад. Илова бар ин, наврасоне, ки ба санъат иштиёқи зиёд доранд, метавонанд дар наз­ди санъаткорони хонаи фарҳанг таълим гиранд.

Дар маҷмӯъ, зарфияту махсусиятҳои деҳа хеле зиёд мебошанд, ки  ба баррасии амиқ ниёз доранд. Бегуфтугӯ, иқдоми Пешвои миллат, дар баробари моҳияти иҷтимоию иқтисодӣ, ҷанбаи стратегӣ дошта, саҳмгузорӣ дар татбиқи он рисолати инсонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як сокини кишвар аст.

Маъруф АБДУҶАББОРОВ, сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон