Долони Вахон. Истифодаи он гардиши савдоро миёни Тоҷикистону Ҳиндустон зиёд менамояд

№83 (3720) 13.07.2017

IMG_0022Соли равон ба барқароршавии робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон 25 сол пур мешавад. Ба ин муносибат чанде пеш дар Академияи илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ зери унвони «Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ» баргузор гардид.

Директори Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ иброз дошт, ки Тоҷикистон бо Ҳиндустон дар тӯли 25 соли гузашта ба тавсеаи ҳамкорӣ ва иҷрои барномаҳои зиёди муштарак ноил гардиданд. Ин ҳамкориҳо аз кумаки Ҳиндус­тон ба соҳаи тандурустӣ, ворид намудани фановариҳои муосир оғоз шуда, то сармоягузориҳои  мустақимро дар бар мегирад. То имрӯз Ҳиндустон барои бахшҳои мухталифи соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ ва ҳарбӣ дар омодасозии мутахассисони тоҷик кумак намудааст. Донишҷӯёни Ҳиндустон низ дар асоси шартномаҳои дуҷонибаи давлатӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

- Бо мусоидати Ҳиндустон то кунун чанд тарҳи бозсозӣ ва сохтмони иншооти нав дар Тоҷикистон иҷро шудааст, — гуфт Ёрмаҳмад Ниёзӣ. — Бунёди Шифохонаи низомии Қӯрғонтеппа, меҳмонхонаи панҷситораи «Шератон» дар Душанбе ва таъмири фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ намунаҳои муваффақи ҳамкориҳои ду кишвар мебошанд.

Зикр шуд, ки имрӯз  ифтитоҳи Шифохонаи минтақавии  муштараки  Тоҷикистону Ҳиндус­тон ҷиҳати фароҳам овардани дастрасӣ ба табобат барои сокинони кишварамон зарур аст. Зеро ҳар ҳафта даҳҳо шаҳрванди Тоҷикис­тон барои табобат ба Ҳиндустон сафар мекунанд.

Ба гуфти ӯ, Ҳиндустон метавонад дар иҷрои  тарҳҳои манфиатовари Тоҷикистон, мисли гидроэнергетика, саноат, коркарди маъдан, дорусозӣ, роҳсозӣ ва кишоварзӣ сармоягузорӣ намояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асарҳои алоҳида бахшида ба таърихи Ҳиндустон бо забони давлатӣ мавҷуд нест. Хуб мешуд, ки ба хотири ошноии бештар бо таъриху фарҳанг китобҳои таърихи Ҳиндустон ба забони тоҷикӣ ва таърихи Тоҷикистон ба забони ҳиндӣ нашр шаванд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов ёдовар шуд, ки асосҳои ҳуқуқӣ – шартномавии ду кишварро беш аз 60 ҳуҷҷати байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳанд. Тақрибан се ҳафта пеш дар шаҳри Деҳлии Нав нуҳумин нишасти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ баргузор гардид, ки  дар он доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ ва баҳогузорӣ шуданд.

- Соли 2016 ҳаҷми гардиши тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндус­тон 23,8 миллион долларро ташкил дод. Аз Ҳиндус­тон ба Тоҷикистон асосан доруворӣ,  матоъ ва сарулибос ворид шуда, аз Тоҷикистон ба Ҳиндустон алюминий ва дигар  маъданҳои минералӣ содир  мегарданд.  Сармояи умумии Ҳиндустон дар иқтисодиёти Тоҷикистон 47,4 миллион долларро ташкил дода, аз он 24,4 миллион доллар сармояи  мустақим мебошад, — гуфт Мирзошариф Ҷалолов.

Номбурда ба хотири таҳкими робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндус­тон таъкид намуд, ки бояд соҳибкорони тоҷик бештар ба фарҳанги кор (business culture) бо тоҷиру сармоягузорони хориҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Забондонӣ,  ошноӣ бо расму таомули соҳибкории роиҷ дар тиҷорати  байналмилалиро меҳвар қарор дода, бо тартибу низоми  шаклгирифтаи тиҷорату сармоягузориҳои байналмилалӣ хубтар шинос шаванд. Ӯ, ҳамчунин, зарурати рушди туризми табобатиро миёни ду кишвари дӯст таъкид кард.

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров оид ба робитаҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон  андешаҳояшро баён намуда, таъкид кард, ки наздиктарин роҳи байни ду кишвар  «Долони Вахон» аст. Дарозии он 200 километр буда, аз ҳудуди Афғонистон мегузарад. Ҳоло дар наздикии ин  марз яке аз  калонтарин  тарҳҳои минтақа Долони иқтисодии Хитой ва Покистон (CPEC)  амалӣ шуда истодааст. Тоҷикистон метавонад аз ин роҳ  баҳри таҳкими робитаҳои иқтисодӣ бо Ҳиндустон истифода барад. Дар  сурати истифода аз «Долони Вахон» ҳаҷми гардиши савдо  миёни Тоҷикис­тону Ҳиндустон метавонад баробари ҳаҷми робитаҳои тиҷоратӣ — иқтисодии Тоҷикис­тону Хитой баробар шавад. Алҳол ин рақам 46,6 маротиба фарқ мекунад. Соли 2015 ин нишондод миёни Тоҷикистону Хитой 793,0 миллион доллар ва Тоҷикистону Ҳиндустон 17,0 миллион долларро ташкил дод.

Ҳ. Умаров ёдрас шуд, ки соли 2013 воридот аз Ҳиндустон ба Тоҷикис­тон нисбат ба содирот 353 маротиба зиёд буд. Ин нишондод соли 2015-ум 84 маротибаро ташкил дод. Номбурда таъкид намуд, ки барои муътадил  намудани тавозуни тиҷорат бояд ҷониби Тоҷикистон чораҳои қатъӣ андешад. Аз Тоҷикистон ба Ҳиндустон асосан шираи  камол, писта, бодом ва ғӯлинг содир мешавад. Дар навбати худ, аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон гилхок, либосу матоъ, муҳаррику генераторҳо, трансформаторҳои хурд ва чой (10 маротиба камтар аз Хитой) ворид мегардад.

- Мо имкон дорем ба Ҳиндустон нахи пахта, абрешим, пӯст, пашми гӯсфанд, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, алюминий, фулузоти нодир, флюорит (барои истеҳсоли маснуоти оптикӣ) содир намоем. То ҳол  имкониятҳои бузург дар соҳаи туризм истифода нашудаанд, — гуфт Ҳ. Умаров.

Профессор Ҳ. Умаров пешниҳод намуд, ки Ҳиндус­тон метавонад дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти чармиву пойафзол, коркарди пашму истеҳсоли  маҳсулоти пашмӣ, барқароркунии корхонаҳои нассоҷӣ, консервабарорӣ, такмили технологияи хушккунии мева, истеҳсоли агрегат барои  неругоҳҳои хурди барқи обӣ, мусоидат  баҳри такмили меъмории боғҳои истироҳатӣ ва таъсиси гармхонаҳои муосир дар Тоҷикистон ҳисса гузорад.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош иброз дошт, ки барои тақвияти робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон беҳтарин роҳ  масири Тоҷикистон – Афғонистон — бандари Чобаҳори Эрон аст.

- Тоҷикистону Ҳиндустон дорои анъанаҳои муштараки сулҳпарварӣ, таҳаммулпазирӣ, баробарӣ ва бародарӣ мебошанд. Зимни ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Ҳиндустон (моҳи сентябри соли 2012) муносибатҳои ду кишвар боло бардошта шуданд. Боварӣ дорам, ки андешаю пешниҳодоти дар ин чорабинӣ баёншуда баҳри таҳким бахшидани шарикии стратегии байни Ҳиндустону Тоҷикистон  мусоидат мекунанд, — гуфт дар хотима Сомнатҳ Гҳош.

 Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»