Мақсад — муайян намудани беҳтарин варзишгарон

№49 (3034) 22.04.2013

ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Чанде пеш  дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи марҳилаи ниҳойии Бозиҳои варзишии наврасони Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Мақсад аз ташкили ин чорабинии варзишӣ муайян намудани беҳтарин варзишгарон ва дар маҷмуъ рушду густариши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар  маҳсуб меёбад. Бозиҳои варзишии наврасон аз рӯйи ҳашт намуди варзиш: варзиши сабук, вазнбардорӣ, таэквондо-ВТФ, бокс, гӯштии дзюдо, тарзи озод, юнону  румӣ  ва гӯштии самбо сурат мегирад. Дар ҷамъбаст ғолибон дар   вазн ва масофаҳои алоҳида  бо диплому медал, ҷом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.