Намоишгоҳ дар сатҳи баланд буд

№64 (3049) 28.05.2013

ДУШАНБЕ. (Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»)  Дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Палатаи мазкур Шариф Саид бо котиби департаменти Котиботи Бонки Исломии Рушд ҷаноби Малик Ҳамадуч баргузор гардид. Малик Ҳамадуч аз номи худ ва Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) ҷаноби Аҳмад Муҳаммад Алӣ барои расонидани кӯмак дар ташкил ва дар сатҳи баланд баргузор гаштани намоишгоҳи инноватсионӣ дар шаҳри Душанбе ба кормандони ПСС ҶТ, хоса раиси он Шариф Саид, изҳори миннатдорӣ кард. Ин намоишгоҳ дар доираи Ҷаласаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Душанбе доир гардид.