Ба ифтихори 90- солагии мақомоти адлияи ҷумҳурӣ

Экспертиза дар ошкорсозии ҷиноят ва таъмини волоияти қонун нақши муҳим дорад

№113 (3259) 30.09.2014

Ҳамасола шанбеи дуюми моҳи октябр ҷашни мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Имсол бошад, ҷашн болои ҷашн ҳаст ва боиси хурсандӣ ва сарфарозист, ки  90-солагии таъсиси мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи 20 — солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад

Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон 55 –солагии таъсисёбии хеш ва 40- солагии таъсисёбии филиали нахустинашро дар вилояти Суғд таҷлил  менамояд. Дар ин муддат садҳо нафар ихтисосмандони болаёқати соҳаҳои гуногун дар ин марказ фаъолият намуда, дар пешрафти ҷомеа ва волоияти қонун саҳми муносиб гузоштаанд.

Экспертизаи судӣ барои ошкор намудани ҷиноят мавқеи муҳимро мебозад. Вожаи «экспертиза» аз калимаи лотинии «expertus» гирифта шуда, маънояш «шахси дорои донишҳои махсус», «шахси таҷрибадор», «шахси пуртаҷриба»  мебошад.

Сари вақт ва пурра фош намудани ҷиноят, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани ашхоси дар ҳақиқат гунаҳгор яке аз омилҳои муҳими мустаҳкам намудани қонуният, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, муҳофизати манфиатҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Дар раванди муборизаи мақомоти махсуси ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеа алайҳи ҷинояткорӣ эҳтиёҷ ба ёрии илму фан, касбҳои махсус ва техника пайдо мешавад.

Агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ аз воситаҳои илмию техникӣ, тарзҳои тактикӣ, усулҳои самараноктарини муосири тафтиши ҷиноятҳои алоҳида ва инчунин дастовардҳои экспертизаҳои криминалистиро истифода намебурданд, сирри аксари ҷиноятҳо фош намешуд, ҷинояткорон ошкор нагардида,  беҷазо мемонданд ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон поймол мешуд.

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи раёсатҳои соҳавӣ Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистӣ   (МҶЭС ва К) фаъолият мекунад, ки он дар ҷумҳурӣ маркази асосии илмию методӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи судӣ мебошад.

Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ ба туфайли мунтазам баланд бардоштани сатҳи ихтисоси кормандон имрӯз тадқиқи нахҳо, лаку ранг ва маводи сӯзишворию молиданӣ, моддаҳои нашъадор, фулузот ва махлутҳо, моеъҳои спиртдор, хок, хатҳо, экспертизаҳои автотехникӣ, нақлиётӣ-пайшиносӣ, фулузотшиносӣ, молшиносӣ, баллистикӣ, техникӣ, ҳуҷҷатҳо ва ғайраро бомуваффақият ба ҷо меоварад.

Ҳар сол дар Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистӣ  бештар аз 5,5 ҳазор экспертиза гузаронида мешавад.

Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон   зарурати ба таври куллӣ аз нав сохтани тамоми пояҳои ҳуқуқие, ки асоси ҳуқуқӣ ва вазифаҳои асосии фаъолияти экспертизаи давлатии судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки ҳангоми ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд, пайдо шуд.

Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон   дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Дар таъмин намудани волоияти қонун, ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон, риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар бузург мебошад».

Бо назардошти аҳамияти донишҳои махсус дар рушди ҷомеа ва давлат, инчунин тақвияти минбаъдаи адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал фаъолияти экспертизаи судӣ заминаи устувори қонунгузорӣ пайдо кард.  25 июли  соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» қувваи амалӣ пайдо кард, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва вазифаҳои асосии фаъолияти экспертизаи давлатии судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятие, ки ҳангоми ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ба вуҷуд меояд, танзим менамояд. Ба қонуни номбурда соли 2007 ва соли 2012  тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин санад дар фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ санади муҳими ҳуқуқӣ буда, мувофиқ бо тарзи нави системаи ҷамъиятӣ мебошад.

То замони истиқлол  ҳамаи маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ  танҳо бо забони русӣ нашр мешуданд. Коршиносон низ хулосаро танҳо бо забони русӣ омода месохтанд. Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон коргузорӣ ва гузаронидани экспертизаҳо пурра бо  забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

Агар назаре ба таърих афканем, дар замони  таъсисёбии Марказ  дар он ҳамагӣ панҷ нафар мутахассис: Яков Михайлович Яковлев, Лев Вульфович Франк, Ҳалим Салимович Салимов, Юлия Николаевна Редлих ва Зумрад Додоҷоновна Ямоқова фаъолият менамуданд.

Аз замони таъсисёбӣ то имрӯз Марказ хеле инкишоф ёфта, ба муассисаи ташхисии ҷумҳуриявӣ табдил гардид. Марказ дар тӯли 55 сол аз як кафедра ба муассисаи бонуфуз табдил ёфт, ки алҳол он Маркази асосии экспертизаҳои судии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳоло дар Марказ ва филиалҳои он 81 нафар мутахассисон фаъолият менамоянд, ки дар таҳким ва волоияти қонун дар ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар Марказ Шӯрои ҳамоҳангсозии  байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ташхиси давлатии судӣ амал мекунад, ки Низомномаи он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006 таҳти рақами 136 тасдиқ шудааст.

Тибқи моддаи 208-уми  Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертиза дар мавридҳое таъин карда мешавад, ки ҳангоми гузаронидани таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ ва дар вақти муҳокимаи суд донистани маълумотҳои махсуси соҳаи илм, техника, санъат ё касбу ҳунар зарур аст.

Ҳоло дар Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистӣ мутахассисони соҳаҳои гуногуни дониш- ҳуқуқшиносон, филологҳо, физикҳо, химикҳо, биологҳо, хокшиносон, иқтисодшиносон, математикҳо, молшиносон ва муҳосибон кор мекунанд, ки онҳо ба ҳал намудани вазифаҳои гуногуни ташхис ёрию кӯмак мерасонанд.

Кормандони Марказ ифтихор доранд, ки тӯли истиқлолият чор нафар ҳамкоронашон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудаанд. Аз ҷумла Кенҷаева Тамара Саидмухторовна соли 1999  ва Маҳмудова Ӯғулой Раҳматуллоевна соли 2007 барои хизматҳои пурсамарашон бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Исмоилова Мӯҳтарама ва Ёдгоров Нӯъмонҷон соли 1999 барои фаъолияти тӯлонӣ ва бенуқсонашон бо ордени «Шараф» мукофотонида шуданд.

Ягон намуди ҷинояти содиршуда бе таъин намудан ва гузаронидани экспертиза ошкор ва исботи худро намеёбад. Вазифаи экспертизаи давлатии судӣ  муайян кардани ҳолатҳое мебошад, ки онҳо бо қарорҳои судҳо, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, инчунин дархостҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба воситаи ташкил  ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ бояд исбот карда шаванд.

Коршиноси судӣ  экспертизаро дар асоси илмӣ ва амалӣ, мукаммал ва пурра бо истифодаи комёбиҳои муосири илм ва техника гузаронида, хулосаи он бояд ба муқаррарот ва сатҳи муосири рушди илм асос ёфта, имкон диҳад, ки экспертиза дар заминаи маълумотҳои қобили қабули умум санҷида шавад. Бинобар ин, роҳбарони Марказ бо мақсади ҳамаҷониба, пурра ва бо истифодаи комёбиҳои муосири илм ва техника гузаронидани экспертиза асосҳои моддӣ-техникии муассисаро мустаҳкам менамоянд ва баҳри гузаронидани намудҳои нави экспертизаи судӣ чораҳои зарурӣ меандешанд. Ҳоло ташхисҳо бо истифодаи комёбиҳои муосири илм ва техника гузаронида мешавад. Кормандони Марказ ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳар чӣ бештар бо  дастовардҳои муосири  илму техника шиносоӣ пайдо намоянд, усулҳои пешқадами ба ҷо овардани экспертизаи судиро омӯхта, онро дар амал татбиқ мекунанд.

Аҳамияти экспертизаҳои судӣ дар ошкор намудани асрори ҷиноят ва дар муайян намудани ҳақиқату воқеият оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ ва иқтисодӣ ниҳоят бузург аст. Фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ фаъолиятест оид ба ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ аз рӯи таъиноту қарорҳои суд, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ ва дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби муассисаҳои махсус, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додааст, бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахс дар рафти мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, хоҷагӣ ё маъмурӣ тавассути донишҳои махсус дар соҳаи илм, техника, санъат ё ҳунар муқаррар кардани ҳолатҳое, ки бояд исбот карда шаванд.

Барои пешгирӣ намудани ҷиноят корҳои  профилактикӣ бурда мешаванд. Аз ин сабаб, яке аз  паҳлуҳои дигари фаъолияти Марказ профилактикаи ҳуқуқвайронкуниҳо – тадқиқот дар асоси донишҳои махсус ва муайян кардани ҳолатҳое (сабаб ва шароитҳо) мебошад, ки ба қонунвайронкуниҳо мусоидат менамоянд ва  таҳияву такмили роҳу усулҳою омилҳое, ки ин камбудиҳоро ошкору бартараф менамоянд.

Солҳои охир бештари коршиносони судӣ донишҳои махсуси худро оқилона истифода бурда,  фаъолона ба профилактикаи пешгирии содиршавии садама шурӯъ намуданд ва пешниҳодоти профилактикие, ки онҳо баҳри пешгирии қонунвайронкуниҳо омода сохтаанд мушаххастар шуда, онҳо мақсаднок ва эътимоднок гардидаанд.

Пешниҳодҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи экспертони Марказ оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани ҷиноят яке аз омилҳои асосии кам намудани содиркунии ҷиноят дар ҷумҳурӣ мебошад.

Кормандони Марказ на танҳо ба истеҳсоли экспертиза ва профилактикаи қонунвайронкуниҳо машғуланд, онҳо инчунин дар барномаҳои радио ва телевизиони ҷумҳурӣ баромадҳо намуда, маърифати ҳуқуқиро тарғибу ташвиқ менамоянд, дар рӯзномаю  маҷаллаҳо мақолаҳо чоп намуда, аз дастовардҳои Марказ иттилоъ медиҳанд. Тайи даҳ соли охир як силсила мақолаҳои коршиносони Марказ дар маҷаллаи назариявӣ ва сиёсию ҳуқуқии нашрияи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҳаёт ва Қонун», инчунин дар рӯзномаҳои «Қонун ва Ҷомеа»,  «Инсон ва Қонун», «Ҷумҳурият», «Бизнес ва политика» ва «Ватанпарвар» чоп шудаанд, ки муҳтавои онҳо таърихи ташаккули экспертиза, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, пешниҳодҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», татбиқи дастурҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории конференсияҳо оид ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешниҳодҳо  ба лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар масоили доғи рӯзро фаро гирифтаанд.

Соли 1991 китоби «Справочное пособие по автотехнической экспертизы» омода шуд ва дар дастури маълумотии мазкур усулҳои ҳалли масъалаҳое, ки дар амалияи экспертизаи  садамаи роҳу нақлиётӣ бисёртар вомехӯранд, гирд оварда шуда буд. Бисёр нишондодҳое, ки  барои таҳқиқоти ҳолатҳои  садамаи роҳу нақлиётӣ зарурбуда  бо усули ҳисобу китоб ҳалли худро меёбанд, дар ҷадвалҳои  алоҳида гирд оварда шуданд. Бори дигар ин дастури маълумотии мазкур бо тағйироту иловаҳо соли 1995 аз чоп баромад.

Соли 2010  китоби «Экспертизаи автотехникӣ»  бори нахуст дар ҷумҳурӣ  бо забони тоҷикӣ  дар нашриёти «Ирфон» ва бо ҳамдастии  муфаттишони  ВКД-и ҷумҳурӣ  китоби дигаре  ба табъ расид, ки ҳар дуи ин китобҳо ба масоили доғи рӯз -  тарзу усулҳои бурдани тафтиши садамаҳои нақлиётӣ бахшида  шудааст ва барои коршиносоне, ки дар соҳаи таҳқиқи садамаи роҳу нақлиётӣ фаъолият менамоянд, пешбинӣ шудаанд.  Соли 2011 бошад, китоби «Имкониятҳои муосири экспертиза» аз чоп баромад.

Инчунин якчанд дастурҳои иттилоотӣ дар соҳаҳои дигари ташхис омода шуданд. «Усулҳои гузаронидани эксперименти тафтишотӣ оиди садамаҳои роҳу нақлиётӣ», «Усули азназаргузаронии ҷои ҳодиса дар садамаи  роҳу нақлиётӣ. Нишондодҳои  зарурӣ  барои гузаронидани экспертизаи автотехникӣ», «Имкониятҳо ва таъин намудани экспертизаи автотехникӣ», «Омодасозӣ ва таъини экспертизаи пайшиносии воситаҳои нақлиётӣ», «Таъини экспертизаи автотехникӣ оид ба пахш намудани пиёдагардон, дар  шароити    маҳдудияти сатҳи  биниш ва нонамоёнии онҳо», «Гузаронидани экспертизаи комплексӣ оиди садамаҳои роҳу нақлиётӣ» ва «Мафҳумҳои асосии ибораҳои экспертизаи судӣ» аз зумраи чунин дастурҳо  мебошанд.

Дар арафаи ҷашни 90- солагии мақомоти адлияи ҷумҳурӣ китобе  дар Марказ омода гардидааст, ки маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти экспертизаи давлатии судиро дар бар мегирад.

Ҳамкорӣ бо  дигар муассисаҳои экспертӣ ва ташкилотҳои илмии ҷумҳурӣ барои тараққии соҳа хуб роҳандозӣ шудааст. Ҳамкорӣ бо экспертони хориҷи кишвар, ба монанди Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Хитой ҳамвора зиёд мешавад.

Фаъолияти методӣ бо мақомоти судию тафтишотӣ ва прокуратура торафт қавӣ мегардад. Марказ кормандони мақомоти адлия, (таҳқиқ) тафтишот, прокурорҳо ва судҳоро бо дастовардҳои навтарин дар соҳаи муоинаи судӣ ва талаботи методии таҳияи мавод барои истеҳсолот (парвандаҳо) шинос менамояд.

Барои кормандони мақомоти суду тафтишот дар мавзӯъҳои гуногун лексияҳо таҳия карда ирсол менамояд, то  ки онҳо бо имкониятҳои муосири намудҳои гуногуни санҷиш, қоидаҳои расмикунонии ҳуҷҷатҳои санҷиш шинос шаванд.

Кормандони Марказ дар асоси қарорҳои мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ, суд ва дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ экспертизаҳои гуногунро ба анҷом расонида, дар кушодани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, исбот намудани гунаҳгории айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо, ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва давлат саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳамин тариқ, дар Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши пешакӣ ва судиро бо маълумоти илман асоснок оид ба ашё таъмин менамояд, ки он ба ҷиноят ва ашхоси ба он шарик дахл дорад. Аз ин лиҳоз, хулосаҳои асосноки коршиносони судӣ дар маҷмӯъ бо дигар далелҳои дар рафти тафтиши пешакӣ бадастомада асосҳои боэътимоди бандубасти кирдори шахсони ҷиноятсодиркарда, эълон намудани айб ва баровардани қарорҳои одилонаи судӣ  мегарданд.

Аҳли кормандони Марказ анъанаҳои пуршарафи ба қонун содиқона хизмат карданро идома медиҳанд. Бо истифода аз фурсат ҳамаи кормандони мақомоти адлияи ҷумҳуриро ба муносибати фарорасии ҷашни 90- солагии таъсисёбии мақомоти адлия  табрик намуда, ба онҳо тандурустиву барори корро дар роҳи таъмини адолати судӣ ва дар амри бунёди ҷомеаи ободу озоди Тоҷикистони соҳибистиқлол таманно дорем.

Раҳмонзода Умедҷон Нуридин, сардори  Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон