Эъмори корхона бо гранти президентӣ

№30 (3824) 08.03.2018

916583Ин бонуи ҳунарро на танҳо дар шаҳри Хоруғ, балки дар дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам нағз мешиносанд. Ӯро ҳунари қаннодӣ овозадор кард. Дастархони сокинони шаҳр дар тӯю хурсандӣ бо шириниҳои корхонааш оро меёбанд.

Ӯ фориғ аз дарсҳо намудҳои гуногуни ширинӣ мепухт. Баъдан, ба пухтани торт пардохта, волидон ва ҳамсояҳоро дар ҳайрат гузошт. Аммо барои Марҳаматнисои ҷавон, ки ҳамеша дар фикри пухтани намуди нави ширинӣ ва тортҳои болаззат буд, фақат як чиз — набудани ҷой  ва шароит  барои кор садди роҳ мешуд.

Андешае ба сараш омад, ки таҳхонаи хонаашро барои пухтани маҳсулоти қаннодӣ ҷиҳозонида, макони пухтупазро васеъ гардонад. Бо ин мақсад аз бонк қарз гирифт, ки ба пешрафти кораш такон бахшид. Маҳсулоташ мизоҷони зиёд пайдо кард. Тадриҷан фаъолияти соҳибкориаш тавсеа ёфт.

Биноан, дар шаҳри Хоруғ замини сангзореро ҳамроҳи ҳамсараш Сафар Имроншоев тахту ҳамвор карданд. Се соли дигар дар сохтмони сех заҳмат кашид. Баъди панҷ сол дар як гӯшаи назарногири майдони «Дӯстӣ»- и шаҳри Хоруғ бинои дуошёнаи сехи қаннодиро сохтанд, ки ҳусн­афзои шаҳри Хоруғ аст.  Барои сохтмони он зиёда аз 80000 сомонӣ сарф гардид.

- Ба ман муяссар гардид, ки соли 2015 соҳиби гранти президентӣ шавам. Аз  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ман 40000 сомонӣ грант ҷудо шуд. Он ба ман имкон дод ҳам бино созам ва ҳам онро бо таҷҳизот пурра ҷиҳозонам.

Аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мо — занон, бахусус бонувони соҳибкорро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд, басо миннатдорам. Албатта, агар сулҳу ваҳдат ва соҳибистиқлолӣ намебуд, ҳар яки мо ба орзую омол намерасидем. Шукри Давлату Ҳукумати кишвар  ва  Пешвои миллат мекунем, ки дар ҳаққи мо занон ҳар рӯз ғамхорӣ зоҳир мекунанд.

- Эълон намудани мораторий аз ҷониби Пешвои миллат ғамхории навбатӣ барои мо соҳибкорон аст, — мегӯяд Марҳаматнисо.

Кормандонаш  асосан 15 нафар маъюб  мебошанд. Мақсади асосии Марҳаматнисо дар оянда зиёд кардани ҷойи корӣ ба духтарони имконияташон маҳдуд мебошад.

Имрӯзҳо хеле серкоранд, зеро ҷашни модарон аст. Ҳоло дар корхона 20 нафар соҳиби ҷои кор буда, зиёда аз 1200 сомонӣ музди меҳнат мегиранд.

- Дар оянда, агар корҳоямон равнақу ривоҷ ёбанд, мехоҳам боз чанд нафар аз маъюбро бо ҷойи кор таъмин намоям. Ҳамчунин, ният дорам, ки дар назди корхона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд қаҳвахона кушоем, — мегӯяд Марҳаматнисо.

 Ш. ШОҲҚОСИМОВ,

«Садои мардум»