Фаъолияти Ҳизби наҳзат бе ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим низ манъ мешуд

№24 (3974) 02.03.2019

Adliya-_4Муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Мирсайзод дар матлабе ба АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки ҳатто агар ошӯби моҳи сентябри соли 2015 таҳти роҳбарии Абдуҳалим Назарзода рух намедод, фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон манъ карда мешуд. Бино ба иттилои ӯ, то тирамоҳи соли 2015, аллакай, 58 бахши шаҳриву ноҳиявии ҲНИ фаъолиятро қатъ карда буданд. Номбурда, ҳамчунин, наҳзатро дар як силсила амалҳои дигари ғайриқонунӣ, аз ҷумла ташкили Академияи исломӣ, даъвати занон ба пӯшидани ҳиҷоб, баргузории намози таровеҳ бо додани таом дар қароргоҳи ҳизб ва амсоли ин, гунаҳкор кард, ки матни пурраи матлаб манзури хонандагон мегардад:

- Собиқ Ҳизби наҳзати ислом дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи аввал 4 декабри соли 1991 сабти ном гашта буд. Соли 1993 бо сабаби фаъолияти зидди конститутсиониаш бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 1993 барҳам дода шуд. Пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон бо Қарори Президиуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 1999 фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом дар ҷумҳурӣ дубора иҷозат дода шуда буд.

Мувофиқи моддаи 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» (соли 1998) ҳизбҳои сиёсӣ уҳдадоранд Конститутсия ва қонунҳоро риоя намоянд, ҳуқуқ ва озодиҳои дигар шахсонро эҳтиром намоянд.

Собиқ ҲНИ дар тамоми давраи фаъолият динро ҳамчун омили асосии ҷалби шаҳрвандон ба сафи ҳизб истифода намуда, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ онро ҳамчун «ҳизби Худо» муаррифӣ менамуд. Рӯзномаи ҳизб бо номи «Наҷот» ҳар ҳафта зери шиори «… Бешубҳа, ҳизби Худо ғолиб хоҳад буд», (ояти 56 сураи Моида) ва «Зиндагӣ маънои Қуръон асту бас!» ба нашр мерасид. Дар рӯзнома асосан вобаста ба масъалаҳои дин мақолаҳои танқидӣ ва зиддиҳукуматӣ ба чоп мерасиданд.

Соли 2012 дар мактаби муносибатҳои байналмилалии ба номи Эллиотти Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА роҳбари ҳизб зикр намуд, ки собиқ ҲНИ соли 1973 таъсис ёфта, соли оянда 40-солагии худро қайд менамояд. Наҳзат ҳанӯз дар давраи шӯравӣ ба сифати ташкилоти ибтидоии ҷавонон махфӣ, пинҳонкорона ё ғайриқонунӣ фаъолият намудааст. Баъд аз барқарорсозӣ дар шаҳри Астрахан Анҷумани умумииттифоқии аввалини Ҳизби наҳзати исломи Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид. ҲНИ ҳамчун ҳизби умумииттифоқӣ соли 1991 дар шаҳри Москва ба қайд гирифта шуд.

Моҳи апрели соли 2013 ба Вазорати адлия даъватномаи собиқ ҲНИ барои иштирок дар ҷашни 40-солагии таъсиси ҳизб ворид гардид. Вазорат ба он эътино оварда, ҷавобан иброз намуд, ки мувофиқи талаботи қисми 4 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҳизб аз рӯзи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш шахси ҳуқуқӣ ҳисобида мешавад ва ҲНИ маротибаи аввал дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 сабти ном гаштааст. Аз ин бармеояд, ки мавҷудияти ҳизб асосҳои таърихию қонунӣ надорад.

Ҳизб бар хилофи талаботи қонунгузории ҷорӣ пайваста фаъолият ва маросимҳои динӣ, ба монанди мавлуд, ифтор, таълимоти динӣ, озмуни қориёни Қуръон, шаби қадр, намози ид, мавъиза ва амри маъруф баргузор менамуд.

ҲНИ дар вазорат дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ба сифати созмони сиёсӣ сабти ном гашта буд. Бо вуҷуди он ки ҳизб характери динӣ дошт, иттиҳодияи динӣ эътироф намегардид ва ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти диниро надошт. Бо вуҷуди ин мунтазам чорабиниҳо ва маъракаҳои диниро оммавӣ ва ошкоро ба роҳ мемонд.

Ҳол он ки ҲНИ ҳамчун ҳизби сиёсӣ уҳдадор буд, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд. Дар аксар маврид дар фаъолияти он вайрон намудани талаботи қонунгузории кишвар ва ҳатто дар оинномаи ҳизб ба мушоҳида мерасид.

Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҳуқуқи таблиғоти оммавии диниро танҳо иттиҳодияҳои динӣ доранд. Мувофиқи талаботи моддаи 10 қонуни номбурда иттиҳодияҳои динӣ дар шакли ҷамоаи динӣ ва ташкилоти динӣ фаъолият менамоянд. ҲНИ ба ин нигоҳ накарда, ғайриқонунӣ расму оин, маросими динӣ ва таблиғоти оммавии диниро анҷом медод.

ҲНИ ғайриқонунӣ Академияи исломӣ таъсис дода, ҳар ҳафта аз рӯзҳои душанбе то шанбе ба таълими динии ҷавонон машғул гардид. Ин ҷо истифодаи номи «Академия» ва ё «Академияи исломӣ» касро ба иштибоҳ мебарад. Зеро мутобиқи талаботи қисми 4 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» академия муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ мебошад.

Аз ин рӯ, вазорат 3 майи соли 2013, таҳти №10 — 10 — 101 ба суроғаи ҳизб «Оид ба қатъ намудани фаъолияти ғайриқонунӣ», ки дар пешбурди таблиғоти оммавии динӣ ва вайрон кардани тартиби анҷом додани маросими динӣ зоҳир мегардид, расман огоҳинома ирсол кард. Аммо ҲНИ вобаста ба огоҳиномаи вазорат зери унвони «Академияи исломии ҲНИТ» — ро бастанд» вокуниш нишон дод. Дар вокуниш раиси Академияи исломии ҳизб иброз намуда буд, ки вақтҳои охир аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма маъракаи поймолкунии ҳуқуқҳои қонунии ҳизб ва аъзои он оғоз гардидааст. Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки тамоми фаъолияти мазҳабиро дар кишвар зери назорат дароранд.

Академияи исломии ҲНИ тавассути сомонаи nahzat.tj дар бахши «саволҳои фиқҳии шумо» ба саволҳои донишҷӯён дар хусуси тарки дарс ва иштироки онҳо дар намози ҷумъа ҷавоб дода, даъват ба саркашӣ намудан аз риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон менамуд. Дар сомона ва рӯзномаҳои ҳизб матлабҳои дорои хусусияти зиддиҳукуматӣ низ ба чоп мерасиданд. Ҳамчунин, ҲНИ дар қароргоҳ қоидаҳои муқарраргардидаи ташкил ва баргузор намудани маросими диниро риоя накарда, дар ҷойҳои муқаррарнашуда тоату ибодат, расму оин ва маросими динӣ анҷом медод. Аз ҷумла, моҳи Рамазон дар қароргоҳаш бо иштироки шумораи зиёди шаҳрвандон ба хондани намози таровеҳ ва хӯрдани таом машғул гардида буданд. Додани таомро ба аҳолӣ ҳизб ҳамчун хайрия ва садақа пешниҳод намуда, онро бо аломатҳои намоишӣ бо мақсади ҷалби шаҳрвандон истифода мебурд. Инчунин, даъват мекард, ки занони тоҷики мусалмон рӯи пӯшида ва тани печида дошта бошанд. Ҳатто кӯдакони ноболиғро ба ин амалҳо даъват менамуданд.

Ҳамчунин, ҳизб ба додани фатво ба шаҳрвандон машғул гардида буд, ки муҳтавои он масъалаҳои оиладорӣ, зан ва шавҳар, муносибатҳои давлат ва дин, рукнҳои ислом, ба масҷид роҳ надодани ноболиғон, дар муассисаҳои таълимӣ маҷбуран якҷо шинондани писарбачаю духтарбача ва сиёсатро фаро мегирифт. Ҳамин тариқ, ҲНИ бо истифода аз ­эътиқоди динӣ мардумро ба гумроҳӣ бурда, пеш аз ҳама, ғаразҳои сиёсиро пайгирӣ мекард.

Барои масъулони ҳизб дар чорабиниҳо даъвои ҳифзи арзишҳои волои исломӣ намудан ва ба амалҳои зишту бадахлоқона, зиною фоҳишагӣ даст задан одат шуда буд. Аз ҷумла, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои фаҳши С. Гадоев — мушовири сиёсии ҲНИ, И. Холов — узви фаъоли ҳизб, имом — хатиби масҷиди ҷомеи деҳаи Сомонии деҳоти «Чимтеппа»-и ноҳияи Рӯдакӣ, М. Ризоев — муовини роҳбари бахши ҳизб дар шаҳри Турсунзода боиси хиҷолати ҳама гашт.

Ба ғайр аз ин, ба Вазоратиадлия 76 санаду протоколи сохторҳои ибтидоии ҲНИ ва аз 58 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ оид ба барҳам додани фаъолияти онҳо ворид гардиданд. Санадҳои зер аз ҳамон ҷумлаанд:

Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии собиқ ҲНИ дар шаҳри Хоруғ аз 11 июни соли 2015, №25 дар бораи қатъ намудани фаъолияти бахши шаҳрии ҲНИ дар шаҳри Хоруғ;

Протоколи маҷлиси ғайринавбатии бахши ҲНИ дар шаҳри Турсунзода аз 12 июни соли 2015, №3 дар бораи қатъ намудани фаъолияти бахши шаҳрии ҲНИ дар шаҳри Турсунзода;

Протоколи конфронси ғайринавбатии бахши ҲНИ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ) аз 10 июни соли 2015 дар бораи қатъ намудани фаъолияти бахши ноҳиявии ҲНИ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ;

Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ноҳиявии ҲНИ дар ноҳияи Тоҷикобод аз 4 июни соли 2015 дар бораи қатъ намудани фаъолияти бахши ноҳиявии ҲНИ дар ноҳияи Тоҷикобод;

Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ноҳиявии ҲНИ дар ноҳияи Рашт аз 14 майи соли 2015, №11 дар бораи қатъ намудани фаъолияти бахши ноҳиявии ҲНИ дар ноҳияи Рашт.

Вале аз ҷониби раёсати олии ҳизб ин санадҳо ба инобат гирифта нашуданд ва онҳо бе баррасӣ монданд, ки сабаби риоя нашудани талаботи оинномаи ҳизб аст.

Ба эътибор нагирифтани санадҳои мазкур сабаби аз ҷониби роҳбарияти ҳизб эҷод кардани монеа дар татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва иродаи сиёсии онҳо гардид. Зеро, мувофиқи моддаи 28 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд ҳақ дорад, ихтиёран ба ҳизбҳои сиёсӣ дохил ва аз онҳо хориҷ шавад.

Ин гувоҳӣ медод, ки фаъолияти ҳизб ба талаботи оинномавии он ҷавобгӯ буда наметавонад, чунки қарорҳои пешниҳодгардидаи сохторҳои маҳаллии ҳизб оид ба қатъи фаъолият фаъолияти ҳизбро ба сифати ҳизби ҷумҳуриявӣ зери шубҳа қарор медоданд. Мувофиқи талаботи оинномаи ҳизб он ҳизби ҷумҳуриявӣ буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд амал мекард.

Тибқи талаботи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҳизби сиёсӣ бояд дар аксар шаҳру ноҳия ташкилотҳои ибтидоӣ дошта бошад.

Ҳамчун ҳизби ҷумҳуриявӣ эътироф нагардидани ҳизб дар он зоҳир мегардид, ки раёсати олии худро дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия доир намуда, оид ба даъвати Анҷумани ҳизб қарор қабул кард.

Вазорат бо дарназардошти фаъолияти ғайриқонунии ҳизб ба суроғаи он чанд маротиба «Оид ба қатъ намудани фаъолияти ғайриқонунӣ» огоҳинома ирсол намуда буд. Аммо, аз ҷониби ҳизб пеши роҳи ин гуна қонунвайронкуниҳо гирифта намешуданд.

Роҳбарияти собиқ ҲНИ ба ҷои риоя намудани талаботи қонунгузорӣ, баръакс, пайваста айб меҷустанд. Ҳизби мазкур кӯшишҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимоӣ нодида мегирифт.

Соли 2015 аъзо ва тарафдорони ҳизб даст ба ҷиноят заданд. Ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб карда, бо ин роҳ нигоҳ доштани ҳокимият ва тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои раёсати олии ҳизб бо маслиҳати пешакӣ бо собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ ҷанговарони Иттиҳоди неруҳои мухолифин зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноятии иборат аз 15 — 30 — нафарӣ созмон дода, шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 тибқи нақшаи таҳияшуда даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин заданд.

Бояд зикр намуд, ки Назарзода Абдуҳалим Мирзо нақша ва таълимоти худро аз раиси ҲНИ мегирифт. Абдуҳалим Назарзода барои дар амал татбиқ намудани нақшаҳои ғаразнок аз писари раиси собиқ ҲНИ Руҳуллои Тиллозода як миллиону 200 000 доллари амрикоӣ маблағ гирифтааст. Ҳамин тариқ, фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом 29 сентябри соли 2015 дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда, он ташкилоти террористӣ — экстремистӣ дониста шудааст.